Вазорати нақлиёти Русия аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон талаб кард, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” иҷозат диҳад, вагарна аз чораҳои ҳамсон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мегирад.
Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои Перм - Душанбе иҷозат надод?
То кунун Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба ин иддаои ҷониби Русия изҳори назар накардааст.
Мақомоти Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 13-уми март бо нашри як изҳорот дар вебсайти расмии худ аз манъи чанд парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Бино ба иддаои онҳо, ҷониби Тоҷикистон “бидуни огоҳии пешакӣ” ва “нақзи созишномаҳои байналмилалӣ” ба парвози ширкати “Уралские авиалинии” дар масири Перм - Душанбе иҷозат надод.
Ба гуфтаи масъулони Вазорати нақлиёти Русия, ин ҳолат боиси иҷро нагаштани парвоз ва нақзи ҳуқуқи мусофирон гашт. Ба таъкиди онҳо, дархости ин ширкат барои иҷрои парвозҳо дар масири Краснодар - Хуҷанд, Челябинск - Душанбе ва Жуковский - Кулоб низ ҳанӯз тасдиқ нашудаанд.
Маскав Душанберо ба музокирот хонд
Ба иддаои Вазорати нақлиёти Русия, парвоз дар ин масирҳо қаблан мувофиқа шуда буданд. Ин вазорат аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон хостааст, вазифаҳоеро, ки дар доираи созишномаи дуҷониба ба худ гирифта буд, иҷро кунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли ин масъала ҷониби Тоҷикистонро рӯзҳои 22-23-юми март ба музокирот хонда, гуфтааст, то он муддат барои парвозҳои “Уралские авиалинии” иҷозат бидиҳанд.
Дар поёни изҳорот Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, дар сурати тасдиқ нашудани барномаи парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон “аз чораҳои ҳамсон” кор мегирад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то ба ҳол чизе нагуфтааст
То кунун Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин робита изҳори назар накардааст. То замони нашри ин матлаб гирифтани нуқтаи назари ин вазорат ба мо даст надод.
Айни чунин моҷаро миёни Тоҷикистону Русия дар нимаи аввали соли 2017 сар зада буд. Ҷонибҳо тақрибан ним сол бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс карданд.
Тарафи Русия мехост, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо тарафи Тоҷикистон мегуфт, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае на беш аз ду бор бошад.
Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард. Русия танҳо пас аз онки Тоҷикистон ба парвозҳои ин ширкат ба Душанбеву Хуҷанд ризоият дод, дарвозаи фурдгоҳҳояшро ба рӯи “Сомон Эйр” дубора боз намуд.