Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз дубора барқарор шудани парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Маскав-Хуҷанд хабар дод. Ин хатсайрҳо дар пайи як баҳси ҳавои миёни Душанбе ва Маскав, аз ҷониби Русия маҳдуд шуда буданд.
Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 1 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе ва дар самти Хуҷанд-Маскав рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.
Масъулони ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, ки сар аз 3 май ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Русия парвозҳои худро дигарбора оғоз хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Маскав-Душанбе ҳафтае 7 маротиба ва дар самти Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳафтае 3 маротиба амалӣ хоҳад кард."
Хатсайрҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳри Маскав дар пайи он барқарор мешаванд, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳал шудани баҳси ҳавоӣ миёни ду кишвар хабар дода буд. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин музокирот, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ҳамаи мушкил ҳал шуд".
Ӯ гуфт, “мо "протокол" ба имзо расондем ва мушкилро ҳаллу фасл кардем. Музокирот хеле мушкил буд ва дар инҷо масъалаҳо зиёд буданд". Аммо Ганҷалзода аз тафсилоти бештар, аз ҷумла дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд худдорӣ кард ва гуфт, феълан наметавонад ҷузъиёти санади имзошударо ошкор кунад.
Вазорати нақлиёти Русия низ рӯзи 28 апрел аз хотимаи музокирот хабар дода ва танҳо гуфтааст, ки моҷарои ҳавоии ду тараф ҳал шуданд. Дар ҳамин ҳол, Андрей Дубров – намояндаи расмии ширкати "Ямал" рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси санади имзошуда ширкати онҳо дар ҳафтае се борӣ ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод.
Вай гуфт, “қарор шуд, “Сомон Эйр” низ парвозашро анҷом диҳад.” Бо ин ҳол Дубров афзуд, ҳанӯз ширкати онҳо аз “протокол” хотирҷамъ нест ва иҷрои ин санадро интизор мемонад.
"Коғаз чизи дигар аст ва иҷрояш – чизи дигар. Вақте билетҳоро фурӯхтем ва парвоз анҷом шуд, он вақт гуфтан мумкин аст, ки дигар мушкил боқӣ намондааст. Агар мушкиле пеш наояд, мо дар бист рӯзи оянда парвозро оғоз мекунем. Вале ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки мо нархи билетҳо ва рӯзҳои парвозро мувофиқа кунем. Ҷадвали парвозҳои мо ба Хуҷанду Душанбе тасдиқ шудааст ва агар тағйироте пеш ояд, мо маҷбур ҳастем, ки парвозҳо ба минтақаҳои дигар, аз ҷумла Ӯш ва Бишкекро дигар кунем. Ин ба манфиат нест", - таъкид кард ӯ.
Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доштанд. Тарафи Русия талаб дошт, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.
Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия тақрибан як моҳ пеш парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард. Тоҷикистон ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд.