Оё Тоҷикистон дар баҳси парвозҳо гузашт мекунад? (ВИДЕО)

Ширкати русии “Ямал” гуфтааст, ки барои ҷуброни хисороти ворида Тоҷикистонро ба додгоҳ хоҳад кашид. Мақомоти Тоҷикистон аз ин амали ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия интиқод карданд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар баҳси танзими парвозҳо Тоҷикистон чун кишвари кӯчак маҷбур аст ба давлати абарқудрати Русия гузашт кунад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳдиди ба додгоҳ муроҷиат кардан нишонаи он аст, ки ширкати “Ямал” расман ҳаққи парвозро ба Тоҷикистон надорад.
Вай гуфт: “Мо ба ҳама гуна баҳсҳо, аз ҷумла баҳсҳои додгоҳи омода ҳастем ва аз манфиатҳои худ дифоъ мекунем. Коре, ки ширкати “Ямал” анҷом медиҳад, як навъ “пиар компания” ё ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа аст.”

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳамзамон, ҷаноби Ганҷалзода таъкид кард, ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”, ки ба далели “таҳримҳо”-и Русия имкони парвоз ба шаҳрҳои минтақавии Русияро надорад ва хисороти сангини иқтисодӣ дидааст, метавонад бо чунин даъво ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Як масъули бахши молии ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” гуфт, ки феълан мушаххас кардани мизони хисороти ворида аз қатъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба чаҳор шаҳри минтақавии Русия, ки дар як ҳафта 16 парвозро ташкил медиҳад, душвор аст. Зеро барои ин кор бояд теъдоди билетҳои ба мусофирон фурӯхта, борҳои мухталиф ва хароҷоти парвозро бояд ҳисобу китоб кард.

Вале вай гуфт, хисороти ширкат аз қатъи парвозҳо садҳо ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, масъулони “Сомон Эйр” аз даст додани мусофиронро аз хисороти ҷиддӣ хонданд, ки ба далели қатъи парвозҳо ширкатҳои дигарро интихоб кардаанд.

Тибқи иттилои ширкати “Сомон Эйр”, ба далели “таҳрим”-ҳои Русия ин ширкат аз 23 декабри соли ҷорӣ то 18 январи соли оянда парвозҳоро дар масири душанбею Хуҷанд ба шаҳрҳои русии Иркутск, Краснодар, Красноярск ва Оренбург мутаваққифкардааст. Дар маҷмӯъ ин 46 парвозро ташкил медиҳад.

Зимнан, хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 28 декабр аз қавли Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати ҳавоии “Ямал” хабар дод, ки дар робита ба манъи парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ин ширкат барои ҷуброни хисороти ворида ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Дубров, ҳоло мизони мушаххаси хисорот ҳисоб нашудааст ва феълан муҳосибон ин корро анҷом медиҳанд. Вай гуфт, рӯзи чоршанбеи 28 декабр парвози ҳавопаймои ин ширкат ба шаҳри Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский анҷом нашудааст. Дар маҷмӯъ, ин ширкат натавонистааст дар муддати 9 рӯзи ахир ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, коршиноси мустақил иддаои ширкати “Ямал” дар мавриди дидани хисороти зиёдро бепоя хонд. Вай гуфт: “Ман таҳдиди ширкати “Ямал”-ро дар бораи аз тариқи додгоҳ рӯёни зарарҳоро як баёнияи авомфиребона медонам. Зеро онҳо ҳанӯз ба таври доимӣ ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом намедиҳанд, чи гуна метавонанд зарарҳои зиёд дида бошанд. Рӯшан нест, ки дар додгоҳ зарар дидани худро чи гуна исбот мекунанд. Дар ин баҳси парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия воқеан ширкати “Сомон Эйр” хисорот дидааст. Зеро ин ширкат аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда ба шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медод. Ба фикрам “Сомон эйр” ба хотири аз даст надодани мусофирон ба додгоҳ шикоят намебарад. Ин амр метавонад ба обрӯю эътибори ин ширкат таъсири манфӣ гузорад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ба нафъи кӣ меанҷомад

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони кории тоҷик хост, дар ҳоли ҳозир аз харидани билети ширкати русии "Ямал", ки ҳанӯз иҷозаи парвоз ба Душанбеву Хуҷандро ба даст наовардааст, худдорӣ кунанд. Ҳоло даҳҳо мусофири тоҷик бо билети “Ямал” дар фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав дармонда, тақрибан як ҳафта боз интизори парвоз нишастаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 28 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии” ва “Тоҷик Эйр” бе мушкил сурат мегиранд ва муҳоҷирон метавонанд, ки аз хадамоти онҳо истифода кунанд. Ӯ гуфт, ширкати русии “Ямал” аз қабл огоҳ карда шуда буд, то замони ба даст овардани иҷоза билет нафурӯшад.

Аз рӯзи 20 декабр боз моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия идома дорад. Тоҷикистон мегӯяд, ширкати русии “Ямал” барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза надошта, Русия созишномаи иртиботи ҳавоиро нақз кардааст. Русия дар посух ба ин, роҳи ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба чанд минтақаи ин кишвар баст.

Ба эътиқоди коршиносон, аз “ҷанги ҳавоӣ”-и Тоҷикистону Русия бештар шаҳрвандони тоҷик, ки 86-90 дарсади мусофирони ин хатсайрҳоро ташкил медиҳанд, осеб дидаанд. То ҳол садҳо мусофири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия интизори парвоз ҳастанд.

Ин коршиносон мегӯянд, ки дар баҳси танзими парвозҳо нерӯҳо нобаробар буда, Тоҷикистони кӯчак ва ҷиҳати иқтисодӣ заиф, наметавонад бо Русияи абарқудрат рақобат кунад. Аз ин лиҳоз, мумкин аст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чун дар баҳсҳои пешин тақозои Русияро бипазирад ва алорағми манфиатҳои ширкатҳои ватанӣ, ширкати “Ямал”-ро низ ба ҳарими ҳавоии худ роҳ диҳад.