Ҳушдори Донишкадаи исломӣ ба донишҷӯён: Аз робита бо ифротиҳо худдорӣ кунед

Маъмурияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон (ДИТ) аз донишҷӯён хостааст, ки аз робита бо гурӯҳҳои тундрав тавассути шабакаҳои Интернет худдорӣ кунанд.

Маъмурияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон зимни як ҳушдоре бо номи “Тазаккур ба донишҷӯёни ДИТ”, ки рӯзи 29 феврал дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” мунташир шуд, аз робитаи донишҷӯён аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар “Тазаккур барои донишҷӯёни ДИТ” аз ҷумла омадааст: “Хабарҳо ба роҳбарияти донишкада расидааст, ки баъзе аз донишҷӯён аз тариқи телефонҳои мобилӣ ба тамошои филму тасвирҳои марбут ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ машғул мешаванд. Чунин фаъолиятҳо ғайриқонунӣ буда, дар сурати мушаххас шудани афрод ҳатман аз донишкада хориҷ ва ҳатто парвандаи ҷиноӣ барои онҳо кушода мешавад”.

Комилҷон Саидолимов, муовини раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар умури илм рӯзи 29 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари чопи чунин ҳушдорро дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” тасдиқ карда ва онро як иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ унвон кард.

Ҷаноби Саидолимов гуфт: “Аз рӯи қонунгузорӣ гирем, агар донишҷӯе, ки бо гурӯҳҳои ифротӣ робита пайдо кард, ин маънои халалдор кардани оромии ҷомеа аст. Донишҷӯёнеро, ки дар ин ҷо оёти Қуръону ҳадис меомӯзанд, мо бояд бо ҳар роҳ онҳоро аз роҳҳои бад нигоҳ дорем. Барои он, ки Тоҷикистон мубталои балоҳое, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, нашавад, мо аз робитаи ҷавонон бо гурӯҳҳои ифротӣ бояд пешгирӣ кунем.”

Ба гуфтаи ӯ, танҳо фаъолияти интернетии донишҷӯёнеро, ки бо ному насаби мушаххас дар шабакаҳои иҷтимоии “Facebook” ё “Одноклассники” ширкат мекунанд, назорат кардан мумкин аст. Ба ин афрод ҳушдор дода мешавад, ки дар сурати ошкор шудани робитаи онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаи Интернет, онҳо аз донишкада ихроҷ ва аз рӯи қонунҳои амалкунанда ҷавобгар хоҳанд шуд.

Қаблан низ мақомоти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бештари ҷавонон аз тариқи шабакаҳои Интернет ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террорист ҷалб мешаванд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеъи ҳукумати кишвар дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ гуфт: “Тибқи таҳлилҳо, макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурўҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд.”

Аммо ин бори аввал аст, ки як муассисаи олии таълимӣ бо нашри як баёнияи расмӣ ба донишҷӯёнаш ҳушдор додааст, ки фаъолияти интернетии онҳо таҳти назорати масъулон қарор дорад ва дар сурати ошкор шудани ҳамкорӣ ва робитаашон бо гурӯҳҳои ифротӣ ё ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ин афрод муҷозот хоҳанд шуд.