Оё нармии равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ ба нафъи Душанбе аст?
Эрон ва Арабистони Саудӣ ният доранд, то 9-уми майи имсол сафоратҳояшонро дубора фаъол кунанд. Ним сол пеш тасаввур кардан сахт буд, ки ду душмани аслӣ дар Ховари Миёна равобити дипломатиро аз сар мегиранд. Ин амр бо миёнравии Пекин имконпазир шуд; ҷойе, ки музокироти сарони Вазорати корҳои хориҷии ду кишвар аз 6-ум то 10-уми апрел баргузор шуд.
Натиҷаи мусбат барои минтақа ин хоҳад буд, ки кишварҳо аз сарф кардани ҳазинаҳои калон дар рақобатҳои мазҳабӣ ва идеологӣ даст кашанд.
Маълум нест, ки далели асосии созиш чӣ буда ва оё Чин дар иваз чизе ваъда додааст ё не. Вале ин тавофуқ тавонист, ҳам дар Ховари Миёна ва ҳам дар миёни ҳампаймонҳо ва шарикони ин кишварҳо бигӯмагӯҳоеро эҷод кунад.
Дар Душанбе аз ин созиши ҳосилшуда истиқбол шуд. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 14-уми март гуфта шудааст, ки тавофуқнома ҷиҳати тақвияти субот дар Ховари Миёна қадами муҳиме аст.
Имкониятҳои иловагӣ?
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ, дар беҳбуди равобити Теҳрон ва Риёз тағйироти геополитикиро мебинад, ки ба ҳар тарзе дар Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва кишварҳое ба монанди Тоҷикистон таъсиргузор хоҳад буд.
“Дар қадами аввал Тоҷикистон аз минтақаи рақобатӣ, ниёбатӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ин ду кишвар берун мешавад, ки хеле гапи калон аст. Ба ғайр аз ин, эҳтимол ин кишварҳо ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Ҳоло Саудӣ яке аз кишварҳои асосии ёрирасон ба Тоҷикистон аст, аммо таваҷҷуҳе ба тарҳҳои иқтисодӣ надорад. Аз сӯйи дигар бо саргардон будани Русия ба ҷанг дар Украина, фурсате ба миён омадааст, ки кишварҳое чун Эрону Саудӣ дар кишварҳои мусалмонии Осиёи Марказӣ нуфузи бештаре пайдо кунанд,” -- мегӯяд Сулаймонӣ.
Ба қавли ӯ, тағйири қоидаи бозӣ дар ҷаҳони Ислом метавонад, боис ба коҳиши ҳимоят аз гуруҳҳои ифротие чун Толибон шавад ва Душанбе бояд аз гармии равобити Теҳрону Риёз фоидаи ҳаддиаксарӣ гирад.
Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар саҳифааш (Андешакада) дар Телеграм арзёбии ба ин монанд кардааст. Ӯ дар пасманзари гармии равобити Эрону Арабистон аз миёни саҳнаҳои эҳтимолӣ пайдо шудани фурсатҳо барои фурӯкашии ифротгароӣ дар кишварҳои мусалмонӣ аз ҷумла таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказиро мебинад.
“….эҳтимол муносибатҳои ин ду давлат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сифатан дигар шаванд. Чун рақобати байни ҳамдигари онҳо имкон намедод, ки аз тавонмандиҳои худ истифода намоянд. Аз соли 2020 то ин дам нуфузу таъсири Туркия дар Осиёи Марказӣ густариш ёфт. Агар Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ҳамоҳангӣ сиёсатҳои худро дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кунанд, пас, ин “посухи чинӣ” ба сиёсатҳои тавсеаталабонаи Туркия дар минтақа хоҳад буд. Чун гуфтумонҳо дар доираи Созмони кишварҳои туркзабон дар бораи ваҳдати умумитуркӣ ба якпорчагии Русия, Чин ва худи Эрон таҳдидҳои муайянеро ба вуҷуд меоваранд,” -- менависад Ризоён.
Робитаи Риёз ва Теҳрон бо Душанбе
Шиддати равобити Душанбе дар солҳои гуногун ҳам бо Арабистон ва ҳам бо Эрон гуногун буд. Риёз тарҳҳои башардӯстонаи Тоҷикистонро ҳимояти молӣ мекунад. Ин ёриҳо аз сӯи Бунёди Рушди Саудӣ ва Маркази дастгирӣ ва кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Гардиши молу коло байни ин кишварҳо дар сатҳи поин ва дар марзи чандсад ҳазор доллар қарор дорад.
Ҳаҷми кумакҳои Риёз барои Душанбе таввасути сарчашмаҳои расмӣ дастрас нест.
Теҳрон дар канори кумакҳои башардӯстона, инчунин, нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” ва нақби Истиқлолро дар Тоҷикистон бунёд кард. Соли 2015 то сардии равобити Теҳрону Душанбе ҳаҷми гардиши молу коло байни ин ду кишвар аз марзи 165 миллион доллар гузашт.
Пас аз қатъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва даъват аз Муҳиддин Кабирӣ ба Эрон равобити кишварҳо сард шуд. Дар пасманзари ин раванд роҳбарияти Тоҷикистон барои наздикӣ бо Арабистони Саудӣ талош кард, ки ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар сармоягузорӣ дар бахшҳои авлавиятдори иқтисодӣ аз ҷумла дар самти нерӯи обӣ ваъда дод.
Ҳамчунин расонаҳо аз эҳтимоли ҷудо кардани 200 миллион доллар барои сохтани бинои порлумон ва ҳукумат дар соли 2016 хабар доданд, аммо маблағ ҷудо нашуд. Ҳоло ҳарду биноро бо пули Чин месозанд.
"Интизори тағйир набояд шуд"
Ба назари сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов, сухан гуфтан аз беҳбудии комил дар равобити Эрону Арабистони Саудӣ ҳанӯз зуд аст, аммо дар сурати иттифоқ уфтодани он набояд интизори тағйири ҷиддӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.
"Арабистони Саудӣ алоқае ба минтақа ва истифодаи транзитии он ва Эрон дар ҳоли ҳозир ҳеч манбаи хос надорад. Теҳрон дар робита ба Афғонистон манофеъ дорад. Барои нуфузаш талош хоҳад кард, аммо ман майле ба беш аз ҳад нишон додани нуфузи Эрон дар Осиёи Марказӣ надорам," - мегӯяд коршинос.
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос ва шарқшинос, низ назари мушобеҳ дорад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон шоҳиди рақобати Эрону Арабистони Cаудӣ набуданд.
"Пас аз соли 2015, ки мавқеи Эрон дар Тоҷикисон заиф шуд, мо шоҳиди сиёсати пурранги Риёз набудем. Рақобатҳо миёни ин ду давлат бештар бор ва ҷанбаи идеологӣ доранд. Аз ин рӯ, барои минтақа натиҷаи мусбат ин хоҳад буд, ки агар ин кишварҳо аз сарф кардани ҳазинаҳои калон дар рақобатҳои мазҳабӣ ва идеологӣ даст кашанд. Амале, ки пештар анҷом доданд, ки ҳатман барои Тоҷикистон бетаъсир набуд,” – шарҳ дод ӯ.
Равобити дипломатии Эрон ва Арабистони Саудӣ соли 2016 пас аз эъдоми Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа дар Арабистони Саудӣ, ки боиси ҳамла ба сафорати Арабистон дар Эрон шуд, қатъ гардид.
Муносибати Душанбеву Теҳрон баъди ба қудрат расидани Иброҳим Раисӣ дар Эрон беҳбуд ёфт, аммо ҳанӯз ба сатҳи то соли 2015 нарасидааст.