Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Алиев ба Тоҷикистон: Масъалаи Русия, "тахт" ё Эрон?


Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон мунтазири президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳастанд. Ӯ 5-уми апрел бо сафари якрӯзаи давлатӣ ба Душанбе меояд.

Мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, имзои чанд санад ва баргузории нишасти сармоягузорони ду кишвар аз барномаҳои асосии сафар гуфта мешавад.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон бо Озарбойҷони ғанӣ аз нафт ва кишваре бо тақрибан 80 миллиард доллар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2022 танҳо ба беш аз 6 миллион доллар додугирифт доштааст. Расман миёни ду кишвар беш аз 50 санади ҳамкорӣ имзо шудааст ва ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон энергетика, маъдан ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ аст.

“Коре мекунанд, ки Путин асабонӣ нашавад”

Нотиқ Ҷаъфарлӣ, муассиси Маркази таҳқиқоти Озарбойҷон, мегӯяд, эҳтимол пас аз ин сафар дар ҳамкориҳои ду кишвар “пешрафте шавад”.

“Ҳангоми сафар суҳбат аз эҷоди ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, тавсеаи парвози ҳавопаймоҳо, тақвияти ҳамкорӣ дар бахши лоҷистикӣ бо истифода аз роҳҳои оҳану бандарҳои воқеъ дар соҳилҳои баҳри Каспий ё Хазар дар назар аст,” – гуфт ӯ.

Ҷаъфарлӣ афзуд, сусттар шудани мавқеи Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина барои кишварҳое ба мисли Озарбойҷон имкон медиҳад, ки майдони ҳамкориҳояшро дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзун гардонад.

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Лондон Алишер Илҳомов ҳам мегӯяд, “сафари Алиевро бояд дар чаҳорчӯби тағйироти геополитикӣ, заифтар шудан ва дар инзиво мондани Русия арзёбӣ кард”.

Ба бовари ӯ, чунин ҳолат “фазои мусоидеро барои тақвияти нақши Туркия ва Созмони Давлатҳои Туркӣ пеш меорад... ва Озарбойҷон дар ин росто нақши муҳими пайвандгарро мебозад”.

Илҳомов бовар дорад, ки Озарбойҷон ин ҳолатро барои тақвияти манфиатҳои минтақаии худ чун як кишвари транзитию лоҷистикӣ истифода мекунад ва роҳҳои алтерантивиро дар қиболи Русия пешниҳод хоҳад кард.

“Дар тақрибан ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ режимҳои худкома амал мекунанд, ки дар бахши ҳуқуқи башару коррупсия мушкил доранд. Ин чиз истиқлоли ин давлатҳоро заиф мегардонад ва дар амал наметавонад фишори Маскавро аз сари онҳо кам кунад... Агар ҳам сафари Алиев аз назари тақвияти равобити минтақаӣ муваффақона буд, режими ҳоким дар Тоҷикистон бо нигоҳ ба Маскав амал мекунад, то Путинро зиёд асабонӣ накунад.”

Мушкилот дар равобит бо Эрон

Раҳбарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шароите мулоқот хоҳанд кард, ки ин кишварҳо умумият ва ҳам тафовутҳои мушаххас доранд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав, мегӯяд, аксар аҳолии ин ду кишвар мусалмони дунявӣ ҳастанд, ҳарду бо ҳамсояҳои ҳамсарҳади худ – Арманистон ва Қирғизистон дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд, равобити сиёсиашон бо Русия мусоид аст. Аз сӯи дигар, Озарбойҷон як кишвари туркзабон асту Тоҷикистон форсизабон.

Озарбойҷон аввал шуда интиқоли қудратро аз падар ба писар таҷриба кард. Бино ба арзёбии таҳлилгарону мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ният дорад, писараш Рустами Эмомалиро дар тахт бинишонад. Вале, ба андешаи Дубнов, ба эҳтимоли зиёд мавзӯи охир дар ин сафар баррасӣ нахоҳад шуд.

Дубнов мегӯяд, сафари Алиев ба Тоҷикистон замоне сурат мегирад, ки ин кишвар бо Эрон дучори мушкил аст.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Ӯ гуфт: “Муддате пеш равобити Тоҷикистону Эрон чандон содда набуд. Ҳоло барқарор мешавад. Робитаҳои Озарбойҷон бо Эрон рӯ ба таниш меорад. Масъала сари мансубияти этникии қисми бузурги шаҳрвандони Эрон ба озарбойҷониҳо аст. Равобит пурэҳсос мешавад ва дар сатҳи давлатӣ ҳам аз ҳамдигар гилаи зиёд мекунанд. Ба назари ман, ҳамин маврид як сабаби қобили шарҳи сабабҳои сафари Алиев ба Душанбе дар шароити имрӯза мебошад. Фарзияи ман ин аст, ки эҳтимол Алиев аз Раҳмон дархости миёнравӣ бо Теҳрон бикунад, то забони умумӣ пайдо карда тавонанд. Дар замони имрӯза бо ҷалби миёнаравҳо пайдо кардани роҳи ҳалли даъвоҳо як кори оддӣ шудааст.”

Имкони ҳамкорӣ

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бо таассуф мегӯяд, ки на ҳама имконияти ҳамкории миёни ду кишвар татбиқ шуд, “дар ҳоле ки чунин шароит вуҷуд дорад”.

Ба қавли таҳлилгар, мардуми ду кишварро умумиятҳои зиёди фарҳангию таърихӣ, аз ҷумла мероси адабии шахсоне ба мисли Низомии Ганҷавӣ муттаҳид мекунад ва шонси хубе барои тавсеаи ҳамкориҳо вуҷуд дорад.

Иқтисодшинос Нур Сафаров ҳам мегӯяд, ду кишвар бояд дар фикри рушди ҳамкориҳо бошанд, вале як монеаи ҷиддӣ ин роҳҳои иртиботӣ аст.

“Тоҷикистон метавонист, маҳсулоти нафтиву хомро барои рушди саноат аз Озарбойҷон бихарад. Мушкили дигар ин аст, ки Озарбойҷон ба мисли Украина, Гурҷистон ва Молдова дар талоши истиқлоли бузургтари сиёсӣ аз Маскав ва қаробати бештар бо Иттиҳоди Аврупо ва Ғарб аст. Тоҷикистон тавассути СПАД ва СҲШ дар ҳарими манфиатҳои низомию геополиткии Маскав мондааст. Ҳамин чиз дар дидгоҳҳои стратегӣ ва масоили вобаста ба амнияти миллии ин ду кишвар инъикос мешавад,” -- гуфт Сафаров.

Ба бовари Нур Сафаров ҳам, дар баробари баррасии масоили мавриди таваҷҷӯҳи иқтисодии кишварҳо, дар ҷаласаи президентҳо дар Душанбе “масъалаи ҳассоси равобити Ғарбу Шарқ, Ховари Миёна ва таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина ба вазъи иқтисодии минтақа” ҳатман матраҳ хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG