Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва Файсал бин Фарҳон, вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Арабистони Саудӣ рӯзи 6-уми апрел дар Пекин, пойтахти Чин, вохӯрданд. Ин мулоқот чанд ҳафта пас аз имзои ёддошти тафоҳум барои азсаргирии робитаҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Риёз баргузор шуд. Имзои санад бо миёнравии Чин сурат гирифт.
Ба гузориши расонаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ, пас аз мулоқоти сеҷониба, ки вазири корҳои хориҷии Чин мизбони он буд, вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Саудӣ дар раъси ҳайатҳои ҳамроҳи худ дар бораи ҷузъиёти эҳёи робитаҳо гуфтугӯ карданд.
Дурбинҳои хабарнигорон пиёдаравии ду вазирро дар қароргоҳи ҳукумати Чин ва ширкати ҳарду дар зиёфати чошти вазири корҳои хориҷии Чинро, дар ҳоле ки чеҳраи хандон ва ором доштанд, сабт карданд.
Ҳамзамон бо даромадани вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба Пекин, ёвари вазири корҳои хориҷии Чин рӯзи чаҳоршанбе (5-уми апрел) гуфт, созиши Эрон ва Арабистон "ташаббуси рӯшан"-и Чин дар ростои "амнияти ҷаҳонӣ" барои ҷомеаи инсонӣ ё ояндаи муштарак аст
Дар баёнияе, ки вазирони корҳои хориҷии ду кишвар имзо карданд, дар бораи кушодани намояндагиҳои ду кишвар, азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо ва осонӣ барои гирифтани виза таъкид шудааст.
Ду тараф ҳамчунин ибрози омодагӣ карданд, то "ҳама монеаҳоеро, ки дар пешорӯи густариши ҳамкории байни ду кишвар аст, аз сари роҳ бардоранд". Дар баёния гуфта шудааст, ки вазири корҳои хориҷии Саудӣ ҳамтои эронии худро барои сафар ба Риёз даъват кард. Ҷониби эронӣ ин даъватро пазируфта, ҳамтои Саудии худро ба Теҳрон хондааст.
Бо ин ҳол, ҳанӯз рӯзи дақиқи бозкушоии сафоратҳо ва консулгариҳои ду кишвар эълон нашудааст.
Эрон ва Арабистони Саудӣ бо Чин робитаҳои бисёр наздик доранд. Пеш аз муваффақияти Пекин дар миёнравӣ байни Теҳрон ва Риёз, панҷ даври музокироти Эрон ва Саудӣ бо мизбонии Ироқ ва низ баъзе аз кӯшишҳои султони Уммон ба натиҷаи комил нарасида буд.
Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон бас шуд. Ҳамлаҳо пас аз чанд рӯзи эъдоми Намр Боқир Ан-Намр, як рӯҳонии шинохтаи шиа дар Саудӣ, ки мухолифи ҳукумати Арабистони Саудӣ буд, сурат гирифт.
Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти вақти Эрон, омилони ҳамлаҳоро ба сафорат ва консулгарии Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад "ифротиҳо"-е номид, ки бояд муҳокима шаванд. Ӯ то рӯзҳои охирини кори ҳукуматаш мегуфт, он ҳамлаҳо боис ба нокомии зиёд дар сиёсати хориҷии Эрон шуд ва таъсири зиёде бар иқтисоди кишвар гузошт.
Бӯҳрони миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ ба робитаҳои кишварҳои дигар бо Теҳрон таъсир расонд ва шуморе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ робитаҳои худро дар ҳимоят аз Риёз бо Эрон ё қатъ карданд ва ё коҳиш доданд.
Гуфтугӯ