Коршиносон: Сардии равобити Эрону Тоҷикистон ба манфиат нест

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раҳбарони Тоҷикистону Эрон

Сардӣ дар муносибати миёни Душанбеву Теҳрон бархе аз коршиносонро водор кардааст, ки роҳҳои берун рафтан аз ин мушкилро матраҳ кунанд. Робитаҳои Тоҷикистон бо кишваре, ки дар бунёди нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” саҳм гузоштааст, охири соли 2015 дар пайи ҳузури Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат – дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон хадшадор шуд.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо дарназардошти таҷрибаи миёнҷигарӣ дар бӯҳрони равобити миёни Русия бо кишварҳои ғарбӣ ва бо Туркия метавонад дар ин замина ба Тоҷикистону Эрон кумак кунад.
Рашид Ғанӣ Абдулло

Душанбе ин амалро ғайри қобили қабул ва хилоф бо робитаҳои хуби ду кишвар номид. Дар пай дар Душанбе Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва дигар созмонҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ баста шуда, барои вуруди бархе анвои ғизо ба Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ гардид. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба таври ошкору расмӣ вуҷуди мушкилоти сиёсӣ бо Эронро эътироф намекунанд.

Бештари коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, маҳдудиятҳо дар робитаҳои қаблан дӯстонаи миёни ду кишвар бар фоидаи ҳеҷ яке аз тарафҳо нест. Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, гуфт, моҳҳои охир сафари мақомҳои эронӣ ба Тоҷикистон низ камтар мушоҳида мешавад.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Вай афзуд, “дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ президент Раҳмон ҳамтоёни худ аз кишварҳои минтақаро ташвиқ карда буд, ки дар ин маросим ширкат кунанд ва худ низ дар он рӯзҳо дар Теҳрон қарор дошт. Сипас, Рӯҳонӣ барои ширкат дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омада буд. Ҳоло, ки ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамкориҳо худдорӣ мекунанд ва имкони сафари президентҳо ба кишварҳои ҳамдигар пешбинӣ нашудааст, шояд раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи ягон чорабиниҳои минтақавӣ дидор дошта бошанд. Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо дарназардошти таҷрибаи миёнҷигарӣ дар бӯҳрони равобити миёни Русия бо кишварҳои ғарбӣ ва бо Туркия метавонад дар ин замина ба Тоҷикистону Эрон кумак кунад.”

Бобаки Занҷонӣ

Дар Тоҷикистон дар доираҳои коршиносӣ мегӯянд, мушкил дар равобити миёни Душанбе ва Теҳрон аз чанд нукта сарчашма мегирад, ки мавзӯи ҳизби мамнӯи наҳзати ислом, сармояҳои Бобаки Занҷонӣ ва беҳбуди робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ дар миёни онҳо ҳастанд. Як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш гуфта шавад, таъкид кард, Эрон аз коҳиши робитаҳо бо Тоҷикистон чандон нигарон нест. Балки, ба қавли ӯ, назар ба Эрон ин ҳамкориҳо бештар ба манфиати Тоҷикистонанд, ки имкони дарёфти самояҳо ва ёриҳои иқтисодӣ аз ин кишварро дорад.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, низ бовар дорад, ки маҳдуд шудани кори муассисаҳои эронӣ бештар аз ҳама бар зарари сокинони Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Иҷрои тарҳҳои бузурге ба монанди нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” маҳз ҳамон давра иттифоқ уфтод.

Равобити Тоҷикистону Эрон баъди он ба сардӣ гароид, ки бо як қарори Додгоҳи олӣ дар моҳи сентябри соли гузашта фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пешво ва аъзои ин ҳизби дар гузашта мухолиф, ки як тарафи ҷанг унвон мешуд, дар Эрон паноҳ ёфта буданд.

Рӯзи 4 сентябри соли гузашта баъди ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе, масъулияти ин ҳодиса ва маблағгузориашро мақомот ба дӯши ҳизби наҳзати исломӣ гузоштанд. Вале раҳбарони ин ҳизб ҳама гуна иттиҳомро дар ин замина рад карда гуфтанд, ки ҳадафи ҳукумат аз байн бурдани ҳизб мебошад. Ҳузури Кабирӣ дар Теҳрон декабри он сол ва мулоқоташ бо раҳбарии олии Эрон Душанберо нороҳат кард.