Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 70 кӯдак аз роҳи номаълум ба вируси норасоии масунияти бадан ё HIV гирифтор мешаванд. Дар панҷ соли ахир 371 навраси то 14-сола, ки падару модари солим доранд, аз роҳи номаълум ба ин вирус сироят ёфтаанд. Ин кӯдакон дар марказҳои махсус табобат ва кумак мегиранд, вале аксари онҳо намедонанд, ки ба чӣ беморие гирифтор шудаанд.
"Фикр кардам, ки дунё ба охир расид"
Гуфтам, ки пас ману ҳамсарам низ сироят ёфтаем. Фавран ташхиси хуни худу ҳамсарамро супоридем ва бо мо равоншиносон сӯҳбат карданд. Ташхис моро солим баровард
Бахтиёр, исми мустаори марди 45-сола аст, ки вируси норасоии масунияти бадан якуним соли пеш дар ҷисми писари даҳсолааш кашф шуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳарорати бадани писараш чанд ҳафта баланд буд ва ӯро барои ташхис ба беморхона бурданд. Пас аз ташхиси зиёд маълум шуд, ки сабаби аслии баланд шудани ҳарорат вируси норасоии масунияти бадан аст.
Бахтиёр мегӯяд, фаҳмиши зиёд аз ин беморӣ надошт ва вақте пизишкон ин хабарро ба ӯ расонданд, дунё дар назараш торик шуд. “Фикр кардам, дунё ба охир расид. Гуфтам, ки пас ману ҳамсарам низ сироят ёфтаем. Фавран ташхиси хуни худу ҳамсарамро супоридем ва бо мо равоншиносон сӯҳбат карданд. Ташхис моро солим баровард ва боз ҳайратамон зиёд шуд, ки чӣ тавр писарамон сироят ёфтааст? Пас аз сӯҳбат бо равоншиносон фаҳмидем, ки имкони тӯлонӣ солим нигаҳ доштани фарзандамон ҳаст. Диламон қувват гирифт, ҳоло кӯшиш мекунем, ки доруҳояшро сари вақт хӯрад. Шукри Худо, сиҳатиаш хуб аст, лекин ҳайронем, ки аз куҷо гирифтор шуд?” – суол гузошт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
350 сомонӣ - ёрии ҳармоҳа
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, эҳтимол писараш ҳангоми хатна, эмгузаронӣ ва ё сӯзандоруи тасодуфӣ ба ин вирус печидааст, аммо инҳо фақат тахминҳоеянд, ки зеҳни падарро гирифтор кардаанд. Писари Бахтиёр тобистони имсол ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамтақдиронаш бо кумаки як созмони байналмилалӣ ба лагери истироҳатӣ ва омӯзишӣ ҷалб шуд. Ҳукумат ба писари Бахтиёр ва наздики 400 тан аз ҳамтақдирони ӯ ҳар моҳ барои табобат 350 сомонӣ ёрӣ мекунад. Доруҳоро аз созмонҳои мададрасон бепул мегиранд.
Дар барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси масунияти бадан барои солҳои 2017-2020, ки раисиҷуҳмур Эмомалӣ Раҳмон ба тозагӣ барои амалӣ шудани он қарори вижа имзо кардааст, аз афзоиши гирифтории кӯдакон ба ин вирус аз роҳҳои номаълум изҳори нигаронӣ шудааст. Дар ин барнома гуфта мешавад, ки кашфи гирифтории кӯдакон ба вируси норасоии масунияти бадан дар муқоиса ба панҷ соли пеш 58 дар сад афзоиш ёфтааст ва мақомот барои ҷилавгирӣ аз он бояд тадбирҳои хос биандешанд.
Роҳи номаълум, яъне чӣ?
Онҳо ба соҳаи тиб нобоварӣ ва нафрат пайдо мекунанд, ки шояд аз беэҳтиётии табибон кӯдакашон сироят ёфт. Суоли аслӣ ва ҳамешагиашон ҳамин аст, ки фарзанди мо чанд сол умр мебинад?
Муллоасад Назаров, мудири Шӯъбаи эпидемиологии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти бадан, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз талоши онҳо барои пайдо кардани “роҳҳои номаълуми сироятёбии кӯдакон” ба поён нарасидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дақиқ кардани омили сироятёбӣ душвор аст.
Ӯ гуфт, “ин кӯдакон ҳанӯз маълум нест, ки аз кадом роҳ сироят ёфтаанд, чун модари солим доранд. Вақте сӯҳбат мекунем, бархе хатна шудаанд, эм кардаанд, дандонашон канда шудааст ё дар куҷое ҷароҳат бардоштаанд. Ин роҳҳои эҳтимолӣ аст, ки онҳо метавонанд, сироят ёбанд, вале ҳанӯз дақиқ нест, ки аз кадоми онҳо сироят ёфтаанд. Лекин санҷиши мо низ тамом нашудааст”.
"То ба беморхона наафтанд, ҳолаташон номаълум мемонад"
Ин масъули маркази мубориза бо бемории вируси норасоии бадан мегӯяд, сироятёбии кӯдакон вақте кашф шудааст, ки онҳо бо шикоят аз бемории дигар ба шифохона муроҷиат кардаанд. Ӯ гуфт, “тӯлонӣ боқӣ мондани ҳарорати кӯдак, харобшавии ғайримаъмулӣ, илтиҳоб гирифтани шуш аз аломатҳое ҳаст, ки вақте духтур мушоҳида кард, кӯдакро барои ташхиси иловагӣ мефиристад. Мо замоне ин бемориро дар ҷисми кӯдак кашф мекунем, аз сирояташ аллакай ду-се сол гузаштааст. То ба беморхона наафтад, ҳолаташон номаълум мемонад.”
Муллоасад Назаров гуфт, ки бо волидони кӯдакон сӯҳбат мекунанд ва онҳоро ба таври махфӣ табобат менамоянд. Сабоҳат Камолова, масъули як созмони ҷамъиятӣ, ки бо кӯдакони гирифтори вируси норасоии масунияти одам кор мекунад, гуфт, падару модари ин кӯдакон зарбаи сахти равонӣ гирифтаанд ва дар баробари кӯдакон бо онҳо низ кор бурда мешавад.
“Фарзандам чанд сол зиндагӣ мекунад?”
Тибқи омори расмӣ наздики 8 ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон сабт шуда, аз ин шумор то кунун наздики 1600 тан фавтидааст.
“Кӯдакро дар 12-13-солагӣ ҳаққи огоҳ кардан доранд. Агар падару модар хоҳад. Лекин то он вақт хеле бо кӯдак кор бурда мешавад. Волидонро пас аз шунидани ин хабар афсурдагии тӯлонӣ фаро мегирад. Онҳо ба соҳаи тиб нобоварӣ ва нафрат пайдо мекунанд, ки шояд аз беэҳтиётии табибон кӯдакашон сироят ёфт. Суоли аслӣ ва ҳамешагиашон ҳамин аст, ки фарзанди мо чанд сол умр мебинад? Пас аз кори тӯлонӣ ҳолати эмотсионалиашон камтар мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 636 кӯдаки то 14-солаи мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст, ки 371 нафари он ҳанӯз маълум нест, аз куҷо сироят ёфтаанд. Танҳо 255 нафар аз модарони худ, ки ин ҳомили вирус будаанд, сироят ёфтаанд. Тибқи омори расмӣ наздики 8 ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон сабт шуда, аз ин шумор то кунун наздики 1600 тан фавтидааст.