Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон: Тафриқаҳои гумрукӣ

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад.

Бемайлӣ ё шитоб накардани Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) – созмони зери назари Русия – бисёре аз коршиносон ба масоили сиёсӣ марбут медонанд. Аммо дар ин миён омилҳои иқтисодӣ низ ҷой доранд. Бахусус, манфиатҳои гуногуни тарафҳо.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2014 таъсис шуд ва нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт. Соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламрави ин иттиҳод каме васеътар шуд.

Таруфаҳои гумрукӣ сутуни асосии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст ва тавре сиёсатмадорон таъкид мекунанд, баробар кардани нишондодҳои ниҳоӣ хоҳишмандони дигарро барои ворид шудан ба ин сохтор дилгарм мекунад. Тоҷикистон аз қабли ҳамин гуна кишварҳост. Чанд сол аст, ки бурду бохти худро аз ҳамоиш бо ташаккули иқтисодӣ "ба таври амиқ меомӯзад".

Бо як нигоҳ ба таруфаҳои гумрукӣ метавон дарк кард, ки ҷонибҳо дар чӣ маврид ихтилофи назар доранд:

Шакар

Боҷи гумрукии воридоти шакар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо қимати ҳар тоннаи он муқаррар мешавад. Ҳар тонна шакар вобаста ба вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ аз 140 то 340 доллар аст. Агар нарх ба 450-500 доллар расид, боҷи гумрукии шакар коҳиш ёфта, тақрибан ба 30 дарсади қимати он мерасад. Аммо агар нархи шакар дар биржаи Ню-Йорк то нисф коҳиш ёбад, боҷи он аз 60 то 70 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Дар Тоҷикистон ин боҷи гумрукӣ собит ва танҳо 5 дарсад аст.

Шиша ва зарфи шишагӣ

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои шиша ва зарфҳои дигари шишагӣ дар ҳаҷми аз 10 то 15 дарсад боҷи гумрукӣ муайян кардааст. Дар Тоҷикистон барои шиша боҷи гумрукӣ 5 дарсадро ташкил медиҳад. Барои зарфҳои шишагӣ боҷи гумрукӣ 0% дарсад мебошад.

Чӯб ва маҳсулоти чубӣ

Барои чӯбҳои коркардшуда (мисли фанер ва дигар намуди маҳсулоти чӯбӣ) дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 10 дарсад ва дар Тоҷикистон 5 дарсад боҷи гумрукӣ мегиранд. Аммо барои чӯбҳои коркардношуда дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва барои ин намуд маҳсулоти чӯбӣ дар Тоҷикистон то 15 дарсад боҷи гумрукӣ муайян шудааст.

Маҳсулоти ширӣ

Боҷи гумрукии Тоҷикистон барои воридоти ҳамагуна маҳсулоти ширӣ се баробар камтар аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Боҷи гумрукӣ дар марзи Тоҷикистон 10 дарсад, аммо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 15 дарсад мебошад.

"Сгушенка"

Боҷи гумрукии Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои вордоти «қиёми шир» ё «сгушенка» 5 дарсад арзонтар аст. Агар барои воридоти ин навъи маҳсулот дар гузаргоҳҳои гумрукии ЕАЭС 15 дарсад талаб кунанд, дар Тоҷикистон бо дарсад кифоят мекунанд.

Гӯшт

Гӯшт баъди убури марзҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (бо пардохти 15 дарсади боҷи гумрукӣ) гарон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон барои воридоти он ҳамагӣ даҳ дарсад боҷи гумрукӣ мепурсанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳолатҳое дар муқаррароти гумрукии ду ҷониб вуҷуд дорад, ки ҳаҷми боҷи гумрукӣ дар минтақаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзонтар ва дар қаламрави Тоҷикистон гаронтар мебошад. Барои мисол, дар Тоҷикистон боҷи гумрукӣ барои семент 10 дарсадро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки он дар Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамагӣ 3 дарсад аст.

Ҳамин тариқ, дока дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 3% ва дар Тоҷикистон 15%, сигор – 2 евро барои 1000 дона дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва 3 евро дар Тоҷикистон, алюминийи аввалия 0% дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва 15% дар Тоҷикистон, меваҷот (ғайр аз чормағз ва меваҳои ситрусӣ) 5-6 % дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва 10 % дар Тоҷикистон аст.

Кӣ чӣ манфиат дорад?

Ин рақамҳоро барои як бошандаи маъмулии Тоҷикистон метавон ин тавр шарҳ дод, ки боҷи гумрукии импорт, ё воридот ҳар қадар паст бошад, давлат ҳамон қадар барои овардани ин гуна маҳсулот аз коршарикаш манфиатдор аст. Зеро худаш ин навъи маҳсулотро истеҳсол намекунад ва ё ба таври кофӣ истеҳсолотро ба роҳ намондааст, то тавонад "дефисит" дар бозорро аз байн бубарад.

Нархи боло метавонад ба ин маъно бошад, ки тавлиди ин навъ маҳсулот дар кишвар вуҷуд дорад ва давлат дар талош аст, бозорашро аз маҳсулоти воридотӣ ҳифз кунад. Гоҳе вақтҳо мешавад боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти камчин, ки дар бозорҳо вуҷуд надоранд, аммо дар кишвар хеле серхаридоранд, низ ҷорӣ шавад.

Боҷҳои гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин Иттиҳод ба андозаи кофӣ шакар, шир, чӯб, пойафзол, либос истесол мекунад, Тоҷикистон бошад алюминиюм, меваҳои тар ва хушк, семент, тамоку, маҳсулоти тамокуӣ ва дока тавлид мекунад.

Як пой дар Иттиҳоди АвруОсиё, пойи дигар дар Чин

Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон аз содиркунандагони аслии маводи хом ва маҳсулоти ғизоӣ ба шумор мераванд. Аммо айни ҳол яке дигар аз шарикони муҳими Тоҷикистон кишвари Чин ба шумор меравад, ки аз онҷо технология, либос, пойафзол, мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад. Аз ин рӯ, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва аз байн бурдани боҷи гумрукӣ барои бархе аз маҳсулот, метавонад боиси арзон шудани нархҳо ва ба фоидаи мардуми ин кишвар бошад.

Бо сарпарастии сафорати Русия дар Тоҷикистон зуд-зуд нишастҳо доир ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешаванд

Дар айни ҳол метавон фарз кард, ки ба эҳтимоли зиёд саноати гӯшт ва шири дар ҳоли рушди Тоҷикистон , ки дар муқобили ширкатҳои қудратманди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рақобатпазр нест, метавонад аз байн равад. Боҷҳои гумрукии Иттиҳоди АвруОсиё ба шакли қобили таваҷҷуҳ табдил ба як кӯҳ дар роҳи вуруди колоҳои арзони туркӣ ва чинӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир қимати колоҳои чинӣ ва туркӣ дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама арзонтар аст

АвруОсиё – таҳдиде ба истиқлол?

"Аз миёни фурсатҳое, ки Тоҷикистон метавонд аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истифода кунад, ин сарозер шудани сармоя ба бозсозии арсаи саноат ва тавсеаи бахши кишоварзӣ аст", - мегӯяд мудири маркази таҳлилии “Стратегия Восток-Запад” дар Бишкек Дмитрий Орлов. Ба гуфтаи ин коршинос, Тоҷикистон метавонад ба бозорҳои маводи сӯхти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дастрасии озод пайдо кунад, ки маъмулан роҳро ба тавлиди арзони колоҳои маҳаллӣ боз мекунад.

Ин таҳлилгар мегӯяд, шароити муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки пули онҳо аз 30 то 50 дарсади даромади нохолиси дохилиро ташкил медиҳад, низ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беҳбуд хоҳад ёфт. Ӯ, барои мисол, ба Қирғизистон ишора кард, ки муҳоҷиронаш дар Русия дигар бо маҳдудияте рӯ ба рӯ нестанд.

“Ончи ба масоили гумрукӣ вобастагӣ дорад... ҷадвали нархномаҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ аз 8 намуд иборат аст, дар ҳоле, ки дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шумори он бештар буда, аз 20 намуд зиёд аст”, - афзуд Орлов.

Мухолифони шомил шудан ба ин созмон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ин сохтор, бо вуруди сармояи хориҷӣ тавассути сохторҳои бонкӣ, ки бо бнкоҳи Русияву Қазоқистон қобили рақобат нестанд, эҳтимоли таҳти назорати раҳбарони Иттиҳод рафтани иқтисоди маҳаллӣ дар миён аст. “Ман чунин меҳисобам, ки шомил шудан ба ин созмон шадидан ба манофеи миллии мо мухолифат мекунад”, - гуфт таҳлилгари масоили тиҷорат Музаффар Ҳақдодов ва афзуд, "дар ҳоли ҳозир аз Чин моли арзон ворид мешавад ва агар мо ба сохтор шомил шавем, нархи молу коло гарон хоҳад шуд."

"Дӯстони ман дар Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай “бартари”-ҳои ин созмонро бо шомил шудани кишварҳояшон баҳо доданд. Чунин иқдом ба ҳар ҳол мустақилияти моро зери суол мебарад. Бе ин ҳам мо ҳоло аз Русия вобастагӣ дорем ва шомил шудан боз ҳам ваъзияти моро бадтар хоҳад кард ва берун шудан аз ин созмон амри маҳол хоҳад буд", - хулоса кард Музаффар Ҳақдодов.