Дар ҷумҳурии халқии Чин – ҳамсояи бузурги Тоҷикистон – анҷумани 19-уми Ҳизби коммунист идома дорад, ки зимоми қудрат дар он кишвар дар дасташ аст. Дар ин анҷуман самти сиёсати Чин барои панҷ соли дигар таъйин мешавад.
Ҳоло Чин ба кишварҳои Осиёи Миёна сармояҳоро бебаркаш медиҳад. Президентони кишварҳои Осиёи Миёна низ онро бебаркаш мегиранд, чунки танҳо барои ҳифзи қудрати худ талош доранд ва дуртар аз муҳлати роҳбариашон андеша намекунанд.Мирҳат Шарифҷон
Интизор меравад, дар ҷараёни кори анҷуман ҳайати раҳбарии органҳои олии ҳизб, аз ҷумла кумитаи доимии Бюрои сиёсӣ ва Кумитаи марказӣ нав шавад. Таҳлилгарон мегӯянд, Си Ҷинпин, раиси Ҳизби коммунист, ки аз соли 2012 ба Чин раҳбарӣ мекунад, қудрати худро мустаҳкам хоҳад кард ва интизор меравад, ба мӯҳлати дуюми панҷсола интихоб шавад. Зоҳиран, аксар масоили мавриди баррасӣ дар ин анҷуман ба ислоҳи вазъ дар умури дохилии ин кишвар бахшида мешавад ва сиёсати хориҷии он тағйир намеёбад.
Барномаи миёнаҳол кардани нисфи аҳолӣ
Қабули барномаи то соли соли 2020 ба дараҷаи миёнҳол расондани нисфи аҳолии кишвар яке аз натиҷаҳои ду рӯзи кори анҷуман будааст. Чин бо 1,3 миллиард аҳолиаш азимтарин иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, масъули маркази таҳқиқотии Осиёи Миёна "Як камарбанд - як роҳ”-и Чин дар Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Чин як стратегияи садсола дорад, ки ҳадафи ниҳоиаш расидан ба ҷомеа бо сатҳи дороии миёна аст. Аз ин барнома онҳо бо номи "Сиякон" ном мебаранд, ки то соли 2029 бояд иҷро мешуд. Аммо дар ин анҷуман эълон шуд, ки кишвар метавонад барвақттар, яъне то соли 2020 ба ин ҳадаф бирасад. Бинобар ин, Чин нақша дорад мизони дороии мардумашро то соли 2020 ба сатҳи миёна бирасонад."
Маҳмадазимов гуфт, сиёсати хориҷии Чин ҳам аз ҳамин сиёсати дохилиаш маншаъ мегирад. Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.
Дар доираи ин ташаббус Чин дар Тоҷикистон барои сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол ва сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, ки қисмати роҳи оҳани марказро бо ҷануб мепайвандад, ба Тоҷикистон қарзи боимтиёз дод.
Тоҷикистон - як бахши "орзуи чинӣ"?
Сӣ Ҷинпин, котиби аввали Ҳизби коммунист ва раиси ҷумҳури Чин, дар анҷуман гуфт, "орзуи чинӣ" расидан ба як ҷомеаи миёнҳол дар соли 2020-ум аст ва ин "орзуи чинӣ", ба қавли ӯ, "бо ормони кишвару халқҳои дигар пайванд аст". Дар ин замина Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин, дар як мусоҳибааш бо нашрияи давлатии "Женмин Жибао" дар остонаи шурӯи анҷумани Ҳизби коммунист гуфтааст, "дар "орзуи чинӣ" мо ҳам роҳи рушди кишвари худро мебинем".
Давлатзода гуфтааст, "рӯшан аст, ки Тоҷикистон ва Чин тақдир ва ҳадафҳои ягона доранд. Мо паҳлӯ ба паҳлӯ ва даст ба даст барои хушбахтиву гулгулшукуфии халқҳоямон меравем".
Ҳадафҳои дурпарвози Чин
Аммо таҳлилгарони умури сиёсӣ мегӯянд, ҳадафҳои Чин ба фарқ аз барномаҳои кишварҳои Осиёи Миёна барои дарозмуддат таҳия мешавад ва дар ниҳоят экспансияи иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаро ба дунбол дорад.
Мирҳат Шарифҷон, таҳлилгари масоили сиёсии миёнтақаи Осиёи Миёна дар Радиои Озодӣ, гуфт, манфиатҳои Тоҷикистон бо Чин дар кӯтоҳмуддат метавонад бо ҳам биёянд, аммо ин ба маъное нест, ки дар дарозмуддат манфиатҳои кишвар бо ҳам созгор омада, ин кишварҳо ба истилоҳ дар “як қаиқ” ҳаракат хоҳанд кард. Ӯ гуфт, “Чин сиёсати хориҷиашро барои сад соли минбаъда таҳия мекунад. Ҳоло Чин сармояҳоро бебаркаш ба кишварҳои Осиёи Миёна медиҳад. Президентони кишварҳои Осиёи Миёна онро бебаркаш мегиранд, чунки танҳо барои ҳифзи қудрати худ талош доранд ва дуртар аз муҳлати роҳбарии хеш андеша намекунанд”.
Мирҳат Шарифҷон мегӯяд, дар марҳилаи кунунӣ Чин танҳо ҳузури иқтисодиашро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад, вале бо гузашти муҳлат ва афзоиши нуфузи иқтисодии Чин дар сиёсати кишварҳои минтақа низ таъсиргузор хоҳад шуд. Ин таҳлилгар мегӯяд, бо шурӯи тарҳҳои нав дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин ширкатҳо, мутахассисон ва ҳатто ошпазҳои худро низ мефиристад ва бо ин роҳ мушкили аз ҳад зиёд будани аҳолиашро ҳал мекунад.
"Дар Чин як тоифа одамоне ҳастанд, ки аз онҳо “хуа тсиав” ва ё “одамони изофӣ” ном мебаранд. Инҳо фарзандони пинҳонии оилаҳое ҳастанд, ки берун аз қоидаи дуфарзандӣ ба дунё омадаанд. Чин ин одамонро эътироф намекунад, ба онҳо на шаҳрвандӣ ва на шиноснома намедиҳад. Лекин давлат кӯшиш мекунад, ки инҳоро ба хориҷа фиристад, то дар хориҷа макони зисти худро пайдо кунанд", - афзуд Мирҳат Шарифҷон. Аз ин нуқтаи назар, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, Чин доимо барои кишварҳои Осиёи Миёна сарчашмаи нерӯи кории арзон ва муҳоҷироне хоҳанд буд, ки ҳеҷ гоҳ бо фарҳанги маҳаллӣ омезиш намеёбанд ва дар қаламравҳои дигар ҷомеаҳои худро бунёд мекунанд, ки сирф чинист.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҳамкории наздик бо Чин дар назари мақомоти кишварҳое ба мисли Тоҷикистон аз он ҷиҳат роҳату амн аст, ки ин кишвар ба умури сиёсии шариконаш дахолат намекунад, ба равандҳои демокративу вазъи ҳуқуқи башари ин кишварҳо эрод намегирад ва ба ислоҳи вазъ даъват намекунад.
Шарики муҳими Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Чинро як шарики муҳими стратегӣ меноманд. Ин кишвар, бахусус дар давраи раҳбарии Си Ҷинпин, ки аз Тоҷикистон ҳам дидан кардааст, ба тарҳҳои зиёди инфрасохториву истеҳсолӣ сармоягузорӣ кардааст. Гардиши солонаи молу коло миёни ин ду кишвар ба 2 миллиард доллар баробар аст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҳамкории наздик бо Чин дар назари мақомоти кишварҳое ба мисли Тоҷикистон аз он ҷиҳат роҳату амн аст, ки ин кишвар ба умури сиёсии шариконаш дахолат намекунад, ба равандҳои демокративу вазъи ҳуқуқи башари ин кишварҳо эрод намегирад ва дар муқоиса бо дигар шарикони пурқудрат, ба ислоҳи вазъ даъват намекунад. Шояд ҳам аз он сабаб аст, ки ҳукумати Пекин ҳам аз назари фаъолони ҳуқуқ яке аз поймолкунандаҳои ҷиддии меъёрҳои демократӣ аст ва барои шиканҷаву боздошти дигарандешон пайваста танқид мешавад.