Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Road & Bridge Corporation) бидуни сабқат ва ё тендер масъули сохтмони долонҳои зидди тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ таъин шудааст. Ин ширкат аз соли 2006 то 2009 роҳи Душанбе-Чаноқро сохта буд. Соли 2017 дар пайи фаромадани тарма ва ҳалокати шаш нафар як комиссияи вижаи ҳукуматӣ ошкор кард, ки галерея ё айвонҳои муҳофизатӣ дар ин қитъаи роҳ аз нақшаи пешбинишуда кӯтоҳтар сохта шудаанд.
Зафар Раҳимов, муовини мудири Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, рӯзи 14-уми феврал, пас аз як нишасти хабарӣ дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бо назардошти таҷрибаи корияш дар ин роҳ, ҳукумат сохтмони долонҳоро ба ширкати чинӣ вогузор кард".
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисон, бо ҳадафи рақобати солим ва шаффофият бояд миёни ширкатҳо озмун баргузор шавад. Дар чунин озмунҳо ширкате ғолиб дониста мешавад, ки бо пули кам ва сифати хуб тарҳро ё хадамотеро иҷро кунад.
Аммо Зафар Раҳимов мегӯяд, “баргузории озмун вақти зиёдро талаб мекард. Ин ширкат, ки таҷриба дошт, ба ӯҳдаи ҳамин гузошта шуд”.
Бунёди долонҳои зидди тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки бо 5 миллион доллар кумаки Покистон сохта мешавад, моҳи июни соли 2019 дар яке аз ҷаласаҳои порлумони Тоҷикистон баҳси доғро бапо кард.
Он замон баъзе аз вакилон пурсиданд, чаро ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) масъули ҷамъоварии пул дар ин роҳ аст, аммо барои сохтмони долонҳои зидди тарма аз кумаки Покистон истифода мешавад?
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар он ҷаласаи порлумон гуфт, "ин роҳ хидматчӣ дорад, чаро намекунад? Беҳтар нест, пулро дар роҳи байни ноҳияҳои Панҷу Фархор истифода кунем? Мардум дар онҷо ба ҷойи панҷ километр сесад километр роҳ мегарданд".
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, гуфт, ин кумаки бебозгашти Покистон аст ва хос барои сохтмони долонҳои зидди тарма равона шудааст. Вай афзуд, “чунин маблағҳоро намешавад дар роҳҳои дигар истифода кард”.
Видео: Баҳси вакилон дар бораи долонҳои зидди тарма:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо вуҷуди баҳсҳо, вакилони порлумон воридоти маҳсулот барои сохтмони долонҳои зидди тармаро дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карданд.
Дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар назар аст, 57 долони зидди тарма сохта шавад.
Ба гуфтаи масъулони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ баъзе корҳои сохтмонӣ дар долони сеюми ин роҳ анҷом ёфтааст. Сохтмони чунин долонҳо, ба қавли масъулин, ба беҳтар шудани ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ ва пешгирӣ аз хатари тармафароиҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳар сол бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд чандин нафар ҳалок шуда, роҳ барои чанд муддат баста мешавад. Масъулони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ мегӯянд, сохтмони долонҳо аз моҳи июни соли гузашта оғоз шуда, то охири соли 2020 бояд анҷом ёбад ва он вақт мушкили баста шудани роҳ ва зери тарма мондани мардум аз байн хоҳад рафт.
Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.
Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.
Ширкати IRS, ки ҳоло муттасадии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Мухолифон мақомотро барои онки нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар як роҳи муҳими кишварро ба ширкати номаълуме додаанд, танқид мекунанд.
Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Road & Bridge Corporation) роҳи Душанбе-Турсунзодаро ҳам сохтааст.