Бино бар гузориши нави "Шохиси ҷаҳонии сулҳ", оромиш ва сулҳдӯстии ҷомеаи Тоҷикистон дар як соли охир ба андозаи ҷиддӣ коҳиш ёфтааст.
Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ, ки дар Сидней, Ню Йорк ва Вашингтон марказ дорад, мегӯяд, дараҷаи оромиш дар ҷомеаи Тоҷикистон дар як соли охир бо тағйири ҷиддӣ рӯбарӯ гаштааст. Имсол Тоҷикистон дар “Шохиси Ҷаҳонии Сулҳ”, гузорише, ки ин пажӯҳишгоҳ дар ҳамдастӣ бо як ҳайати байнулмилалии коршиносони мустақил ва маркази Economist Intelligence Unit омода мекунад, аз ҷои 105-и соли гузашта ба ҷои 118-ум фуруд омадааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки “соли 2012 барои Тоҷикистон соли мушкиле буд ва дар ин давра кишвар бо ҷиддитарин нооромии баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 рӯбарӯ шуд. Дар моҳи июл, бино бар хабарҳо, то 60 нафар дар задухӯрди байни нерӯҳои давлат ва тарафдорони фармондеҳони маҳаллӣ дар вилояти шарқии Бадахшон, дар марзи Афғонистон, кушта шуданд. Илова ба ин афзоиши ҳодисаҳои куштор ҷойгоҳи ин кишварро дар шохис вайрон кард."
Натиҷагирии коршиносон дар заминаи вазъи иқтисодӣ, даромад ва некӯҳолии аҳолӣ, тавоноии ҳукуматҳо ба эҷоди фазои пойдор ва сулҳомез, баробарии иқтисодӣ ва адолати иҷтимоӣ, фарҳанги сиёсӣ ва шароити кори гуруҳҳои мухолиф, сатҳи интиқодпазирии мақомот, равобити ҳасана бо ҳамсоягон, дараҷаи рушди башарӣ, қаноатмандии қишрҳои мухталиф, эҳтиром ба қонун, озодии баён, сатҳи рушди ҷавонон -- ҷамъан 23 нишондиҳанда муайян шудааст. Ба сурати умум се гуруҳи далелҳо нақши умда мебозанд, ки инҳо низоъҳои дарозмуддати дохилӣ ва байнидавлатӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамчунин сарҳи ҷангу ситезаҷӯӣ.
Дар ҳоле ки Афғонистон, Сомалӣ, Сурия ва Ироқ дар ҷойҳои охири ин раддабандӣ зикр шудаанд, Исландия, Дания ва Зелонди Нав дар садри феҳраст омада, муаллифони гузориш мегӯянд, шохиси сулҳ дар се кишвар – Сурия, Либия ва Руанда дар як соли гузашта поин омад ва дар Чад, Гурҷистон ва Ҳоитӣ барои боло рафтани он пешрафтҳое ҳосил гашт.
Тоҷикистон, агар дар соли гузашта дар нимаҳои феҳраст буд, ҳоло ба қисмати поёнии он наздиктар шудааст. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи сулҳдӯстии ҷомеа дар Туркманистон (ҷои 103) аз Тоҷикистон бештар буда, ин шохис дар Узбакистон (124) ва Қирғизистон (131) пасттар аст.
Бино бар гузориши нави Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ дараҷаи оромиш дар ҷаҳон дар шаш соли охир 5 дарсад камтар шуда, рӯ ба коҳиши бештар дорад. Коҳиши сулҳдӯстӣ ҳамзамон маънои афзоиши хашму ғазаб, беэҳтиромӣ ба қонуну тартибот ва майли бештар ба ситеза ва хушунатро хоҳад дошт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад