Як муассисаи пажӯҳишии Амрико ва рӯзномаи мӯътабари Вол Стрит Ҷорнал шохиси нави озодиҳои иқтисодӣ дар соли 2012 нашр карданд, ки Тоҷикистон дар он дар мақоми 129 қарор гирифтааст. Муассисаи пажӯҳишии Бунёди Мерос (Heritage Foundation) ва The Wall Street Journal мегӯянд, озодиҳои иқтисодӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон камтар шудааст ва аз ин рӯ кишвар баҳои бадтар гирифта як зина поён ҷой дода шуд. Тоҷикистон соли гузашта дар байни 179 кишвар дар зинаи 128 қарор дошт. Шохиси озодиҳои иқтисодӣ аз рӯи даҳ меъёр, аз ҷумла озодиҳо барои тиҷорату, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳаққи моликият таҳия мешавад. Муаллифони шохис гуфтаанд, дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд надорад, ки бигзорад, иқтисод муназзам рушд кунад ва ҳуқуқ ба моликиятро риоят намекунанд.