Раҳбарияти ҳукумати вилояти Суғд дар сӯҳбат бо намояндагони Хуросони Эрон, ки бо як сафари корӣ дар Хуҷанд қарор доранд, истифода ва коркарди заминҳои кишт дар минтақаи шимоли кишварро пешниҳод карданд. Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси Суғд гуфт, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла эрониҳо метавонанд заминҳои киштро то 49 сол ба иҷора бигиранд.
Вай афзуд, "дар минтақаи Сомғори вилояти Суғд, ки бунёди шаҳри нави Сайҳун барои 200 ҳазор аҳолӣ оғоз шудааст, ҳудуди 25 ҳазор гектар замини қобили кишт мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Инчунин, дар минтақаи Истаравшан ҳудуди 15 ҳазор гектар замин доман паҳн кардааст ва ин заминҳо барои обёриву коркард ба сармоягузорӣ ниёз дорад."
Раиси вилояти Суғд гуфт, сармоягузорони хориҷӣ ҳангоми ба иҷора гирифтану истифодаи ин заминҳо панҷ соли аввал аз пардохти андоз ва пули об озод хоҳанд буд.
Ҳайатҳои расмии Хуросони Эрон ва Суғди Тоҷикистон рӯзи 12 июн дар Хуҷанд бо зарфият ва имкониятҳои иқтисодии якдигар ошно шуда, роҳандозии ҳамкориҳои бештарро машварат карданд. Дар ин мулоқот ҳайати бузург аз Хуросон бо раҳбарии устондор - Алиризо Рашидиён ва масъулони бахшҳое чун саноат ва кишоварзӣ, энергетика ва саёҳат иштирок доштанд.
Алиризо Рашидиён дар навбати худ бахшҳои гардишгарӣ, кишоварзӣ, саноат, тавлидот, об ва энергетика, паррандапарварӣ ва тибро самтҳое номид, ки ҷонибҳо барои роҳандозии ҳамкориҳо имконоти фаровоне доранд. Дар ҳошияи ин мулоқоту гуфтугӯҳо ҳайатҳои соҳибкорони Суғду Хуросон низ дар Хуҷанд бо ҳам мулоқот ва имконоти роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодиро машварат карданд.
Ин барои бори аввал чунин ҳайате бузург бо пешниҳоди ҳамкориҳо аз Эрон ба Хуҷанд меояд. Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои Суғду Эрон чашмрас нест. Дар қаламрави вилоят танҳо як корхонаи миёнаи саноатии Эрон “Нику - Хуҷанд” дар чандин соли пеш таъсис ёфта, молу матои пахтагӣ барои содирот истеҳсол мекард ва як корхонаи “Порсмурғ” ҳам фаъол буд, ки солҳои охир ҳар ду бо сабабҳои норавшан аз кор монданд.
Вале тоҷирон аз Эрон бархе анвои маводи ғизоӣ, мисли чойи хушк, равғани рустанӣ, гӯшти парранда ва маводи шустагариву асбобҳои барқӣ ворид мекунанд. Аз вилояти Суғд ба Эрон бештар анвои гуногуни меваи хушк содир мешавад.
Тирамоҳи соли гузаштаи 2014 як ҳайате аз вилояти Суғд бо раҳбарии раиси вилоят ва шаҳри Хуҷанд ба Эрон сафар намуда, аз марқади Камоли Хуҷандӣ, шоири машҳури тоҷики асри 15 як каф хок оварданд. Оромгоҳи рамзӣ, хона - музейи шоир ва чорбоғи ӯ дар Хуҷанд бо ёрии мутахассисони эронӣ бозсозӣ шуд. Имзои тафоҳумномае бо федератсияи чавгонбозии Эрон барои рушди ин навъи варзиш дар Суғд дигар дастоварди умдаи ин сафар арзёбӣ мешавад.
Қарор аст, 13 июн дар толори пӯшидаи варзишии Хуҷанд намоишгоҳи молу колоҳои корхонаҳои саноатии вилояти Хуросони Эрон баргузор шавад. Дар он беш аз 50 ширкат ва корхонаҳои ин минтақаи Эрон маводи ғизоӣ, кишоварзӣ, мошинолот, атриёт ва нассоҷии тавлиди худро дар ба намоиш ва фурӯш хоҳанд гузошт.