Хабаргузориҳои Узбакистон менависанд, ки Тошканд ҳам ба ЮНЕСКО – идораи илму фарҳанги СММ – расман муроҷиат кардааст, то оши палавро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ин созмон шомил намояд.
Бино ба гузориши Vesti.uz, Узбакистон дархости расмиаш дар мавриди оши палавро баҳори имсол таҳти унвони “Палав: фарҳанг ва суннатҳо” ироа карда, дар таҳияи асноди лозим ба Маркази илмию методологии ҳунарҳои фолклории вазорати фарҳанг ва варзиши Узбакистон намояндагони Иттиҳодияи ошпазони ин кишвар ва Маркази байналмилалии санъати таббохии узбакӣ ҳамдастӣ кардаанд.
Сомонаи 12news.uz навишт, ки Узбакистон аризааш дар мавриди ба феҳристи ЮНЕСКО шомил кардани оши палавро моҳи март – як моҳ пештар аз Тоҷикистон – ба ин идораи СММ дар Порис супурдааст. Аммо гуфта мешавад, ки Тошканд оши палавро нафақат ҳамчун ғизои миллии танҳо мардуми узбак, балки ба ҳайси “падидаи нодири иҷтимоию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ” ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон моҳи апрел хабар дода буд, ки оши палавро ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дар бахши “Таому анъанаҳои миллӣ” пешбарӣ кардааст.
Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик ва раҳбари гурӯҳи кории таҳияи аснод барои пешбарии “Оши палав” ба феҳристи ЮНЕСКО дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ош на ҳамчун як таоми маъмулӣ пешниҳод шудааст, балки “гап сари фарҳанги таҳия ва вижагиҳои ин таом меравад, яъне, оши палав миёни мардуми тоҷик хусусияти муттаҳидкунанда дорад, мардумро гирди дастурхон ҷамъ меоварад”.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон, бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна тақрибан даҳ навъи ош, аз ҷумла, “оши бедона”, “оши гӯшти мурғ”, “палави токӣ”, “оши девзира”, “оши кенҷа”, “оши як ба як” оварда шудааст. Миёни мардум “оши кабкӣ”, “оши думба” ва даҳҳо навъи дигари оши палав ҳам маъруфанд.
Аммо палав нафақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла дар Узбакистону Эрон ва Афғонистон ҳам маъруф аст, ки як далелаш бо айни дархост ба ЮНЕСКО муроҷиат кардани Тошканд мебошад. Дар Узбакистон палавҳои мансуб ба ин ё он минтақа – “бухороӣ”, “самарқандӣ”, “фарғонагӣ”, “қашқадарёӣ”, “хоразмӣ” маъруфанд. Яҳудиҳои Бухоро "халтапалав"-ро меписанданд.
Дар гузашта ба ҳайси мероси вижаи худ муаррифӣ кардан ва ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ кардани ин ё он чиз мояи ихтилоф ваё баҳсҳои лафзие байни кишварҳо ҳам шудааст. Барои мисол, бозии чавгон ба ЮНЕСКО аз сӯи Озарбойҷон пешбарӣ шуд, вале инро дар Тоҷикистону Эрон, ки чавгонбозиро бозии миллии худ мешуморанд, манфӣ пазируфтанд. Узбакистон, ба гуфтаи Дилшод Раҳимӣ, қаблан дорбозиро ва аскиягӯиро ҳамчун мероси мардуми худ ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО даровард, ки низ боиси норозигиҳо дар Тоҷикистон шуд.
Узбакистон ҳоло талош дорад, ҳудуди 47 минтақа, аз ҷумла кӯҳистонҳои Бойсуну Ҳисор, мазори Баҳовуддини Нақшбанд, Ҳазорасп ва ҳавзаи табиии Амӯдарёро ба феҳрасти ЮНЕСКО шомил кунад.
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон танҳо шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Парки миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) шомил шудаанду халос. Душанбе ҳоло санадҳо дар бораи ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил кардани мусиқии “Фалак”-ро омода мекунад.
Дархости якбора ду кишвар – Тоҷикистону Узбакистон – ҷиҳати эътирофи оши палав ба ҳайси ҷузъи мероси ғайримоддии фарҳангии дунё шонси он барои шомил шудан ба феҳристи ЮНЕСКО-ро бештар мекунад. Албатта, агар баррасии ин пешниҳод мунҷар ба баҳси ду тараф ба сари ин ки оши палав моли кадоми ин ду халқ аст?- табдил нашавад.