Ҳатто дар сохтмонҳо ҳам ӯро ба кор қабул намекунанд. Сабаб ҳам ин аст, ки аз фурудгоҳ бо “ҷазои маъмурӣ” ронда шудааст.
Бо ин шева ронда шудан аз кор ба гуфтаи Улмас ӯро дар чашми корфармоҳои дигар мисли як “ҷинояткор” муаррифӣ мекунад. Ҳоло ин ҷавон барои пок кардани “доғ” аз дафтарчаи меҳнатӣ фурудгоҳи Душанберо ба додгоҳ кашидааст.
Ӯлмас Боронови 35-сола, ки 9 сол дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳайси борбар кор мекард, аз тарафи корфармо бо иттиҳоми "бемасъулиятӣ" аз кор ронда шуд.
Аммо Ӯлмас иддао дорад, ки барои корфармо ин фақат баҳонае барои рондани уву гирифтани каси дигар буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ мегӯяд боре ҳам барои бемасъулиятӣ сарзаниш нашудаву огоҳӣ нагирифтааст: “Маро рӯзи 10 октябри соли 2018 бесабаб аз кор ронданд, вақте ман намедонистам, ки сабаб чӣ аст ба додситонӣ шикоят кардам, аммо фармони аз кор ронданам, баъд аз 22-уми октябр дар дастам расид. Он вақт фаҳмидам, ки маро бо ҷазои маъмурӣ аз кор озод карданд ва дафтарчаи кории ман доғдор шудааст. Гӯё ман дар фурудгоҳ низоъ андохта бошам ва дар маҷлисҳои раҳбарият бесабаб ширкат намекардаам.”
Пирӯзие, ки дер давом накард
Боронов мегӯяд, барои бесабаб аз кор ронда шуданаш, аз раҳбарияти фурудгоҳ ба додгоҳ шикоят бурд ва дар марҳилаи аввал, баҳси додгоҳӣ ба фоидаи ӯ ҳал шуд.
Дар нусхаи қарори додгоҳ, ки дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта шудааст ки “Фурудгоҳ бояд Бороновро ба ҷои кори қаблияш барқарор ва ба ӯ ҳудуди бист ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ бидиҳад”. Фурудгоҳ ин қарорро ноодилона дониста, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст.
“Бесабаб ҳозир нашудан дар маҷлиси корфармо, дуруст иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, дуздида шудани бағоҷи як мусофир ва барангехтани ошӯб зимни таъйини раҳбари нави шӯъбаи бору бағоҷ”.
Намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки Ӯлмас Боронов онҳоро барои нақзи ҳуқуқаш ба додгоҳ кашидааст, дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ӯлмас Боронов барои ғафлат зимни иҷрои кор, роҳ додан ба хато ва барангехтани иғвову нотифоқӣ ва ташвиқи кормандон ба эътироз аз қарори раҳбарият аз кор ронда шудааст.
Дар парвандаи даъвоӣ, ки як нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сабаби аз кор рондани собиқ кормандаш Ӯлмас Бороновро чунин шарҳ додааст: “Бесабаб ҳозир нашудан дар маҷлиси корфармо, дуруст иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ, дуздида шудани бағоҷи як мусофир, ки боиси зарари молӣ шудааст ва барангехтани ошӯб зимни таъйини раҳбари нави шӯъбаи бору бағоҷ”.
Шикоят ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур
Маъмулан кормандон пеш аз сабукдӯш шудан аз кор танбеҳ ё огоҳӣ мегиранд. Боронов мегӯяд, баъди беэътибор шудани қарори додгоҳ дар додгоҳи болоӣ дарк кард, ки пирӯз шуданаш дар баҳс дар гумон аст ва ба ниҳодҳои дигар шикоят кард.Ӯ аз ҷумла ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят бурдааст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳатто айбдоркунандаи давлатӣ дар марҳилаи аввали додгоҳ гуфт, даъвои ӯ қонеъ карда шавад ва ҳамин тавр шуду суд ба фоидаи ман ҳал шуд. Аммо дар ин миён чизе шуд, ки айбдоркунанда ба ҳукми додгоҳ эътироз овард ва ҷониби фурудгоҳро гирифт, Ман ҳарҷое, ки муроҷиат мекунам, мегӯянд, зӯрашон ба раиси фурудгоҳ намерасад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард" ВИДЕОӮлмас мегӯяд, писари ягонаи хонавода аст ва таъмини модари пиру бемораш бар дӯши уст ва аз ин сабаб намехоҳад, аз даъвояш даст бикашад.
Ӯлмас Боронов аз он нигарон аст, ки Иттифоқи касабаи коргоҳ ҳам аз раҳбар ҳимоя мекунад, на аз ӯ. Иттифоқи касаба як ниҳоди миёнҷӣ байни корфармо ва коргар ва вазифаи аслиаш дифоъ аз ҳуқуқи коргар аст.
Масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе иттифоқи касабаи худро дорад ва бинобар ин ҳуқуқи ин кормандро бояд ҳимоят кунад.
"Падари коргар" куҷост?
Нафароне, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, узви Иттифоқи касаба ҳастанд. Онҳо як дар сади маоши худро ба Иттифоқ медиҳанд, ки дар вақти зарурӣ аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад. Абдулмаҷид Боймуродов як сокини пойтахт мегуяд, нақши иттифоқҳои касаба дар ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон, бисёр муҳим аст, аммо ба қавли вай, дар Тоҷикистон вазъ дигар аст:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нозирони роҳро барои "ришваситонӣ" аз хориҷиён аз кор ронданд. ВИДЕО“Иттифоқи касаба "падари коргар" аст. Дар ҳама давру замон Иттифоқи касаба бояд пушту паноҳи коргар бошад. Иттифоқи касаба метавонад, ҳатто роҳбари корхонаро ҳам муҳокима кунад. Мо мебинем, бисёр ҳолатҳое ҳам мешавад, ки барои хира накардани табъи роҳбарият зуд коргарро ҷазо медиҳанд ва аз кор меронанд, ҳатто аз Иттифоқи касаба ҳам намепурсанд”.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, хориҷ кардани корманд, ки бидуни огоҳӣ ва танбеҳ сурат гирифтааст, ғайриқонунист. Абдураҳмон Шарифов ҳуқуқшиноси тоҷик мегуяд, вақте касе бо “ҷавобгарии маъмурӣ” аз кор хориҷ карда мешавад, нисбат ба корманд, “"нобоварӣ” пеш меояд.
Барои ҳамин ба қавли ӯ зимни ин “нобоварӣ, инсонеро, ки ҷазо гирифтаст шояд ба кор нагиранд”.
Баҳси байни корфармо ва коргар дар Тоҷикистон яке аз масоили доғ ба шумор меравад, зеро нақзи ҳуқуқи коргар аз сӯи корфармо тақрибан ба як кори маъмулӣ табдил шудааст.
Дар бештари ҳолат корфармо дар додгоҳ баранда мешаванд. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маърӯзаи солонааш таъкид кардааст, ки танҳо дар соли 2018 наздик ба 40 нафар аз поймолшавии ҳуқуқи меҳнатии худ, ба ин ниҳод шикоят кардаанд.
Мақомот мегӯянд, қонуни кор дар Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, корфармо худсарона коргарро аз кор биронад, зеро коршоямӣ ва ё корношоямии коргарро на корфармо, балки комиссияи мустақил муайян мекунад.
Ӯлмас Боронов мегӯяд, даъвои асосиаш бо раҳбарияти фурудгоҳ ин аст, ки ғайриқонунӣ, бидуни огоҳӣ ва бо тӯҳмат аз кор ронда шуд. Сокини Душанбе мегӯяд, намехоҳад, бо як қарори ғайриқонунии раҳбари собиқ номаш доғдор ва худаш бекор бимонад.