Озори ҷинсии занон дар ҷойи кор дар Тоҷикистон аксар вақт аз назари ҷомеа пинҳон мемонад. Онҳое, ки чунин ҳолатро таҷруба кардаанд, беҳтар медонанд, аз ҷойи кор бираванд, то инки аз мушкил лаб кушода, зери таънаву маломат монанд. Ва корфармоёни мард низ аз ин вазъият суистифода мекунанд.
Рӯзи аввал, ки ба ҷои кори нав рафтам, маро ба ҳамкорон муаррифӣ карданд. Мардон миёни худ дар бораи ман гап мезаданд. Мегуфтанд, ки бибин, чи хел чӯҷаи хуб аст
"Биё, бо ман бихоб"
“Ҳар чӣ хоҳӣ, бароят муҳайё мекунам. Ҳамаи орзуҳоятро амалӣ менамоям. Биё, бо ман бихоб” – Ин ҷумлаҳоро, мумкин аст, ҳар зани дувуми тоҷик ҳангоми ҷустуҷӯи кор шунидааст. Корфармоён ва мардҳо ба занон на фақат ба ҳайси коргар, балки ба унвони объекти дилхушӣ низ менигаранд.
"Маъшуқаҳои идорӣ" дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Аммо бештар дар миёни занон ва дар доираи хеле танг баҳс мешавад. Баъид аст, ки ин масъала дар омори расмӣ ҷой дошта бошад. Қурбониёни озору азияти ҷинсӣ намехоҳанд зидди “система” бираванд ва дар ҷомеа низ “созиши пинҳоние” амал мекунад, ки ба чунин мушкил чашм мепӯшанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Силсилаи ҷанҷолҳои марбут ба озори ҷинсӣ дар Амрико миёни афроди саршиноси Ҳолливуд бо вокунишҳое дар ҷаҳон рӯбарӯ шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон занҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мавзӯъ ҷалб кунанд.
"Не гуфтаму корро аз даст додам"
Риана Ҳамдамоваи 29-сола дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ӯ аз ҷумлаи камтарин занони тоҷик аст, ки тасмим гирифт ошкоро аз чигуна мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор гирифтан дар ҷойи кораш нақл кунад. Қазияе, ки дар пайи он корро аз даст дод ва бовараш ба адолат камтар шуд.
"Рӯзи аввал, ки ба ҷои кори нав рафтам, маро ба ҳамкорон муаррифӣ карданд. Мардон миёни худ дар бораи ман гап мезаданд. Мегуфтанд, ки бибин, чи хел чӯҷаи хуб аст...", - нақл кард Риана Ҳамдамова. Вай афзуд, "онҳо нороҳат нашуданд, вақте тарҷумаи ҳоли маро диданд, ки дар онҷо гуфта шудааст забони давлатӣ ва забонҳои дигари хориҷиро медонам ва ҳамаи он чизеро, ки мегӯянд, хуб мефаҳмам."
Дар лаҳзаҳои аввали кор Риана Ҳамдамова талош кард, ба ин вазъ аҳамият надиҳад ва ба кори худ машғул шуд. Бо гузашти вақт ҳамкорон низ домани ӯро раҳо карданд. Аммо корфармо ба озори Риана шурӯъ кард. Вай пайваста Рианаро ба утоқи кориаш мехонд ва мехост, баъд аз кор биистад. Пешниҳод мекард, бегоҳӣ сари як финҷон қаҳва бишинанд, кӯшиш мекард, ӯро то хонааш бирасонад ва туҳфаҳо медод.
Бо инки дар қонунҳои Тоҷикистон барои “ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо истифода аз вазифаи хидматӣ” муҷозот пешбинӣ шудааст, шикояти занон барои дастдарозии мардони ҳамкораашон кам иттифоқ меафтад. Соли 2015 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи он сол танҳо 4 зан аз болои раҳбаронашон барои дастдарозӣ шикоят кардаанд.
Вақте раҳбари корхона фаҳмид, ки ком ҳосил намешавад, рӯйирост ба Риана пешниҳод кард, маъшуқаи ӯ бишавад. Дар ҳоле ки Риана он вақт шавҳар дошт. Дар иваз ваъда дод, ки ҳамаи мушкилашро ҳал мекунад ва барои кораш танқид наменамояд. Зан пешниҳодҳоро рад кард. Замоне ки косаи сабраш лабрез шуд, ба раҳбари умумии корхона хабар дод, аммо ҳеч натиҷае нагирифт. Баръакс, ӯро аз ҷои кор ронданд.
Дар баробари хидмат ба давлат, хадамоти ҷинсӣ ба корфармоён?
"Ман тарбияи хуб гирифтаам. Наметавонам бо ин андеша созиш кунам, ки дар баробари хидмат ба давлат ба раҳбарият хадамоти ҷинсӣ расонам. Акнун бе ҷои кор дар хона нишастаам. Ман духтаронеро, ки дар ин маврид лаб фурӯ бастаанд, дарк мекунам. Ҳарчанд ин фишори сахти равонӣ аст. Онҳоро на дар ҷомеа ва на дар хона дарк намекунанд. Ва хавфи аз даст додани ҷойи кор маҷбур мекунад, то охир сабр намоянд. Онҳое, ки ба пул сахт эҳтиёҷ доранд, маҷбур мешаванд, бо раҳбарияти худ хуфтухоб кунанд”, - нақл кард ӯ.
Риана Ҳамдамова дар идомаи суҳбат аз ҳаёти чанде аз дугонаҳо ва наздиконаш низ мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, бархе маҷбур шудаанд, ба шарти корфармоёни худ розӣ шаванд. Чун занони танҳо буданду кӯдак доштанд ва набояд ҷойи корашонро аз даст медоданд.
То замони кор дар як идораи давлатӣ Риана корманди созмони ғайриҳукуматӣ буд, ки кораш ҳимоят аз ҳуқуқи бахшҳои осебпазири ҷомеа буд. Шояд ба далели онки созмони онҳо бо падидаҳое ба мисли озору азияти ҷинсӣ низ мубориза мекард, дар онҷо ба чунин кор роҳ намедоданд. Аммо, ба қавли ӯ, озори ҷинсӣ новобаста аз шакли моликияти корфармо рух медиҳад.
Аз ҷарима то ду соли ҷазо
Бисёре аз мудирони муосир мамнуъ будани озори ҷинсӣ дар ҷои корро медонанд, аммо ин қоида ҳам монеи онҳо намешавад. Риана мегӯяд, мушкил ин аст, ки дар аксари сохторҳо хештаборбозӣ вуҷуд дорад ва ин имкон намедиҳад, омили озору азияти занон дар ҷои кор маҳкум шавад. Инчунин, дар таҷрубаи додгоҳҳои Тоҷикистон баррасии чунин қазияҳо зиёд нест.
Бино ба қонунҳои Тоҷикистон озори ҷинсӣ ҷиноят аст ва барои ин кор аз ҷарима то ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 140-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "маҷбур намудани шахс ба робитаи ҷинсӣ ё анҷоми ҳар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо роҳи шантаж" бо ҳафтсад нишондиҳанда ҷарима ё то ду соли маҳрумият аз озодӣ анҷом хоҳад шуд. Аммо мушаххас набудани инки чӣ чиз озору азияти ҷинсӣ дониста мешавад, шанси исботи онро дар додгоҳ камтар мекунад.
Дар Аврупову Амрико мубориза бо озори ҷинсӣ бисёр қавист. Дар онҷо яке аз давраҳои аввали омӯзишӣ барои кормандони нав маҳз дар ҳамин бора аст. Озори ҷинсӣ аз кӯшиши давъат ба як пиёла чой ва ё ибрози инки ҳамкори зан чигуна дилрабо шудааст, озори ҷинсӣ ҳисобида мешавад.
"Қонунҳои хуб дорем, аммо истифода намекунем"
Зулайхо Усмонова, доктори илмҳои фалсафа ва муаллифи китоби “Баробарии ҷинсӣ” мегӯяд, “Қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоя аз ҳуқуқи занонро кафолат додааст. Ҳар касе, ки бо озори ҷинсӣ рӯбарӯ шуд, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилонаш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад. Мо барои ҳимоят аз ҳаққи занон қонунҳои хубе дорем, аммо афсӯс, ки на ҳамеша аз он истифода мекунем.”
Ин коршинос мегӯяд, дар баъзе аз идораҳои давлатии Тоҷикистон чунин ҳолатҳо ҷо дорад ва раҳбарони ҳама гуна сатҳҳо метавонад нисбат ба зердастони худ озорро раво бинад. “Онҳо иштибоҳӣ фикр мекунанд, ки нафақат дар вақти корӣ, балки дар вақтҳои берун аз кор низ ба зердастони худ ҳақ доранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳақ доранд, натанҳо фармоиши корӣ бидиҳанд, балки дастурҳои дигар бидиҳанд”, - афзуд ӯ.
Ин коршинос мегӯяд, яке аз мушкили аслӣ ин аст, ки ҷомеа барои қабули қурбониёни озори ҷинсӣ омода нест. Ва қурбониёни озори ҷинсӣ ҳам ин ҷуръатро надоранд, ки корро то ба мақомот бикашонанд.
Аммо бархе аз корфармоён гуфтанд, ки на ҳамаи роҳбарон аз ин "усул" истифода мекунанд.
Назарҳо гуногунанд
Бино ба иттилои UN WOMAN, ҳар зани севум дар ҷаҳон дар худ ин ё он намуди озори ҷинсиро таҷруба кардааст. 120 миллион зан дар ҷаҳон таҷовуз шудаанд ё бо ин хавф рӯбарӯ гардидаанд.
“Дар ин кор худи занон айбдоранд. Ба таври лозим либос намепӯшанд”, - гуфт як зан дар суҳбати сарироҳӣ бо мо дар Душанбе.
“Вале ин вазъияти ногувор аст. Духтарон аз аризанависӣ метарсанд. Чунки бар асоси менталитети мардуми мо боз ҳам худи қурбониҳоро гунаҳкор мебароранд. Аммо бояд барои ҳаққи худ, барои баробарии ҷинсӣ дар кор, мубориза кунем”, - хулоса кард Амина, сокини дигари пойтахт.