Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард" ВИДЕО


Саида Рустамова
Саида Рустамова

"Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.

Барои ман муҳим набуд, ки дигарон чӣ мегӯянд. Медонистам, ки дар доираи қонун муаллима ҷабрдида аст ва бе ягон дудилагӣ ин қазияро пайгирӣ кардам

Сабаби аслӣ, ба гуфтаи омӯзгор, ин буд, ки бинобар набудани ҷойи нишаст дар толори танги муассисаи таълимӣ, ӯ натавонист ба паёми президент гӯш диҳад ва аз пайи кори худ рафт. Баъдан ӯро барои ин "беҳурматӣ" сарзаниш карданд ва аз кор ронданд.

Рустамова хомӯш нанишаст ва қарори Коллеҷи хореографиро ба чолиш кашид. Қазияи муаллима ҳангомабарангез шуд, вале тавонист ӯро дубора ба ҷойи кораш барқарор кунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Кори нав, бо унвони баландтар

Ҳоло ӯ ҷойи кори нав ва унвони баландтару зиндагии дигар дорад. Тобистони имсол, баъди шаш моҳи барқарор шудан дар Коллеҷи хореографӣ, Саида Рустамова бо хоҳиши худ аз кор рафт ва ба сифати устоди мусиқӣ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ даъват шуд.

Ӯ бовар дорад, ки ҳар шаҳрванд бояд дар баробари қонуншиканӣ хомӯш набошад, натарасад ва барои пирӯзии ҳақиқат талош кунад.

Саида Рустамова бо шогирдон
Саида Рустамова бо шогирдон

"Ман дар ин ҷо бо шароити хубтар ва маблағи бештар кор мекунам. Яъне, мебинем, ки ҳодиса барои ман ва оилаам бисёр чизҳои мусбат овард. Аз ҳама муҳим он аст, ки Вазорати фарҳанг ба Кенҷа Иброҳимов дастур дод, ки ба ман дараҷаи олии тахассусӣ диҳад. Қаблан роҳбар намехост ба ман ин дараҷаро диҳад”, - нақл кард ӯ рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин устоди рақс мегӯяд, то расонаӣ кардани қазия атрофиён ва ҳатто чанд ҳуқуқшинос ба ӯ машварат доданд, ки ин масъаларо “калон” накунад, чун ба зарараш хоҳад буд. Аммо боварӣ ба волоияти қонун ва паёмҳои ҳазорҳо нафар дар пайи матлаби сомонаи Радиио Озодӣ дар бораи ин омӯзгор ӯро рӯҳбалад ва водор кард, муборизаро барои ҳақиқат идома диҳад.

"Тарафдорони ҳақиқат зиёд буданд"

Агар одам ҳақ бошад, бояд талош кунад ва ҳатман муваффақ мешавад. Мисли ман
Саида Рустамова

Ӯ гуфт, “фикри онҳоро хонда, гуфтам, ман бояд, ки наистам. Дидам, ки ин қадар ҳамфикр дорам на фақат дар Тоҷикистон ва берун аз он. Ҷонибдорони ҳақ зиёд буданд ва ин маро водор кард, ки то охир бояд равам. Ташаккур мекунам аз ин нафарон ва ҳам аз кормандони Радиои Озодӣ, ки дар қазияи ман бетараф набуданд. Албатта, онҳое низ буданд, ки мегуфтанд бо рӯзноманигорон ҳамсӯҳбат нашавам, чун метавонад натиҷаи манфӣ диҳанд.”

Қазияи аз кор рондани Саида Рустамова барои гуш надодан ба паёми президент вокунишҳои зиёди ҷомеаро ба бор овард. Ба гуфтаи Саида Рустамова, дар пайи як номаи дастҷамъонаи шогирдони ӯ ба Дастгоҳи иҷроияи президент ба Додситони кулл дастур шуд, ки қазия баррасӣ шавад.

Баррасии ин баҳс дар додситонӣ ҳам ба манфиати ӯ анҷом шуд. Аммо аввалин шуда, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ амрнома дод, ки рондани устоди коллеҷ ғайриқонунӣ аст ва ӯ бояд ба кор барқарор шавад.

"Бароям муҳим набуд, ки дигарон чӣ мегӯянд"

Муҳаммад Қурбонов
Муҳаммад Қурбонов

Ҷонибдорӣ аз як устоди оддӣ дар баҳс бо раҳбари муассиса ҳам дар Иттифоқи касаба осон набуд ва баҳсҳоро ба миён оварда буд. Муҳаммад Қурбонов, мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф, ки он замон ин корро пеш мебурд, мегӯяд, худи Саида Рустамова ҳам дар муроҷиатҳои нахуст ба онҳо бовар надошт.

“Нафароне буданд, ки мегуфтанд ҳеҷ кас бегуноҳ як касро аз кор пеш намекунад. Ё раҳбар ҳамин хел аст, ҷанҷол мекунад, эрод мегирад, корманд бояд таҳаммул кунад. Боз мегуфтанд, ки муносибати мо бо Вазорату корфармо вайрон мешавад. Барои ман муҳим набуд, ки дигарон чӣ мегӯянд. Медонистам, ки дар доираи қонун муаллима ҷабрдида аст ва бе ягон дудилагӣ ин қазияро пайгирӣ кардам", - афзуд ӯ.

Дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва матбуот қарор гирифтани қазияи барканории як устод, ба гуфтаи Муҳаммад Қурбонов, таккони ҷиддӣ ва як намунаи хубе буд барои кормандони зиёди дигар, ки дар баробари нақзи ҳуқуқи худ хомӯш мемонанд. Вай гуфт, "садҳо саидаҳое ҳастанд, ки ғайриқонунӣ аз вазифа сабукдӯш мешаванд, аммо ба ҷое муроҷиат намекунанд. Ҳол онки он нафароне, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, узви Иттифоқи касаба ҳастанд. Онҳо як дар сади маоши худро ба Иттифоқ медиҳанд, ки дар вақти зарурӣ аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад."

"Агар ҳақ ҳастед, талош кунед, муваффақ мешавед"

Рустамова мегӯяд, баъди барқарор шудан, муносибат ва талаби кор аз ӯ аз ҳамкорони дигар фарқ мекард ва раҳбарияти Коллеҷ нисбат ба ӯ сахтгир буд. Аммо барои ӯ дигар муҳим набуд. Муҳим он буд, ки ӯ ба ҳадаф расид, исбот кард, ки роҳбар дар ин баҳс ноҳақ буд ва нагузошт номаш ба ҳайси як омӯзгор доғдор шавад.

Саида Рустамова, ки имрӯз дар шӯъбаи эстетикаи Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс медиҳад, қазияи худро ҳамчун намунаи ҳақшиносӣ ёдрас мекунад. Муаллима мегӯяд, ҳоло низ бархе афроди ношинос ҳангоми мулоқот аз ҷасорати ӯ ситоиш мекунанд.

"Агар одам ҳақ бошад, бояд талош кунад ва ҳатман муваффақ мешавад. Мисли ман", - меафзояд Саида Рустамова.

Дар ростои паёми навбатии президент ба порлумон, ки бояд рӯзи 26-уми декабр садо диҳад, Саида Рустамова мегӯяд, нисбат ба президент хеле эҳтиром дорад ва агар мустақим ҳам имкон наёфт, доим паёми ӯро ба Маҷлиси Олӣ тавассути матботу расонаҳо тамошо ва гӯш мекунад.

XS
SM
MD
LG