Фарзанди бонувони овозхон. Аз Асмоаи Фирӯза то Муҳаммади Шабнам

Фирӯза Ҳафизова ҳангоми бозӣ бо духтарчааш Асмоа

Бар хилофи солҳои пеш, ки занони овозхон аз таваллуди фарзанд то дергоҳ худдорӣ мекарданд, ҳоло зуд фарзанд ба дунё меоранд. Онҳо мегӯянд, ки фарзанд на монеа, балки боис пешрафти кори эҷодии онҳост.

Клипҳое, ки занони овозхони тоҷик ҳамчун "модари меҳрубон" зоҳир шуда, дар васфи тифли худ суруд месароянд, равияи тозае дар мусиқии муосир арзёбӣ мешавад. Аммо қаҳрамони тамоми ин гуна клипҳо худи занони сароянда ҳастанд, ки ҳамроҳ бо тифлонашон зиндагии воқеӣ ва шахсии худро барои сохтани клип наворбардорӣ мекунанд.

Зоҳиран ин мавзӯъ миёни занони овозхон ба ҳадде тарғиб шудааст, ки аксари сарояндагон бо издивоҷ дар зудтарин фурсат фарзанд таваллуд мекунанд. Дар ҳоле ки то чанд соли пеш занони овозхон талош мекарданд, дертар издивоҷ ва дертар фарзанд ба дунё биоранд, зеро андеша доштанд, банд будан ба ҳамсару фарзанд ба карйераи овозхониашон таъсири хуб нахоҳад расонд.

Нигина Амонқулова

Аммо Нигина Амонқулова, сарояндаи маъруфи тоҷик, ки миёни сокинон маҳбубияти хос дорад, мегӯяд, бараъкс, вуҷуди фарзанд дар зиндагӣ эҷодашро рангин кардааст. Ин ситораи мусиқии попи тоҷик, ки қаблан танҳо саҳнаи ҳунарро беҳтарин макони оромиш мепиндошт, ҳоло зиндагии худро бидуни хандаи беғамонаи фарзанд тасаввур намекунад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар субҳ писарамро ба боғча гусел мекунам ва кӯшиш мекунам, бегоҳ қабл аз боғча омаданаш алакай дар хона бошам. Тамоми соатҳои холиямро маҳз ба ӯ мебахшам. Агар сафарҳои берун аз кишвар набошад, аз ӯ лаҳзае дур намешавам. Ҳамин фарзанд маънии зиндагиро дигар кардаву онро гуворо сохтааст."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нигина Амонқулова дар бораи фарзанд ва ҳунар

Ин бонуи ҳунар барои писари хурдсолаш ду тарона -- Алла ва Офтобаки эҷод кардааст, ки миёни сокинон шунавандаи зиёд дорад. Ӯ боз ҳам ният дорад, ки барои фаразанди дӯстдораш оҳангҳои дигареро низ эҷод кунад.

Фирӯза Ҳафизова ҳамроҳи духтараш Асмоа

Фирӯза Ҳафизова, яке аз дигари овозхонони пурҳаводори тоҷик аллакай исми албоми тозаашро, ки ба зудӣ сабт мешавад, "Тифли гирён" гузоштааст. Ҳафизова, ки соли 2008 рӯи саҳна омадаву нахустин албоми оҳангҳояш бо номи духтараш "Шаҳзодаи ман" нашр шуда буд, баъд аз 9 соли интизорӣ духтари дувумашро ба дунё овард. Ин овозхон ба хотири таваллуди фарзанд 3 сол рӯи саҳна набуд ва бештари вақти худро ба тарбияи навзодаш бахшид.

Фирӯза бо вуҷуди он, ки барои духтараш Асмоа доя гирифтааст, вале мегӯяд, нигаҳбонии ӯро ба ҷуз аз худаш ба касе бовар намекунад. Ӯ гуфт, "ҳатто рӯзона вақте доя бо ӯст ман ҳамеша онҳоро таҳти назорат дорам, зеро фикр мекунам модар ягона нафарест, ки метавонад тамоми нози фарзандашро бардорад. Ман ин фарзандаро хеле зиёд интизор будам, аз ин хотир ҳоло тамоми ҳастиямро ба ӯ ва ба оилаам бахшидам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирӯза Ҳафизова: "Аз аввал оила ва фарзанд, баъд саҳна".

Ба гуфтаи Фирӯза тарбияи фарзанд барои таҳияи таронаҳои нав монеа нашуда, баръакс, мояи илҳом буд ва 15 таронаи нав ба вуҷуд омад. Ва оҳанги Асмоа, ки ба духтараш бахшида шудааст, барояш азизтар будаву ба ҳаводоронаш низ писанд омадааст.

Сарвиноз Юсуфӣ

Таваллуди писар барои Сарвиноз Юсуфӣ, хонандаи хушсадои тоҷик низ беҳтарин рӯйдод дар соли гузашта будааст. Ин овозхон, ки мегӯяд, номи навзодашро Абубакр гузоштааст, ҳаёти ӯро батамом тағйир додааст. Ӯ дигар фурсати зиёдати барои тафреҳ надорад ва ҳаттто ба кӯча низ бидуни зарурат намебарояд. Сарвиноз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чун овозхон маъмулан ризқашро аз пушти ҳамин ҳунараш пайдо менамояд, аз ин хотир ӯ низ ночор дар маъракаҳо ширкат мекунад ва ин ҳам барои чанд соат.

Сарвиноз гуфт, "1 октябр дар ҷоизасупории "Суруди сол" ширкат карда, 6 октябр писарамро ба дунё овардам. Ва баъд аз 20 рӯзи таваллуд дар барномаи консертӣ иштирок кардам. Дигар аксаран дар хона бо фарзандон ҳастам. Ҳамин ҳоло онҳоро барои ҳавои тоза назди модарам овардаам ва дар ҳавлӣ якҷоя нишастаем. Дар хонавода навзод, ки ба дунё омад дигар озодии пештара нест. Агар барои сабти суруд ва ё ҳунарнамоӣ ба ягон консерт ҳам равам, дар фикри фарзанд ҳастам ва зуд ба хона бармегардам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарвиноз Юсуфӣ мегӯяд, "фарзанд илҳом мебахшад"

Сарвиноз гуфт, ҳоло кӯшиш дорад, то ҳадди имкон тамоми меҳрашро ба фарзандон бахшад, зеро дили ҳаводоронро мешавад бо эҷоди таронаҳои нав баъд аз чанд соли дигар ҳам ба даст овард. Ин ақидаро Шабнами Собирӣ, аз дигар овозхонҳои попи тоҷик низ дастгирӣ мекунад. Ин овозхон 7 моҳи пеш фарзанди дувумашро таваллуд кард ва ӯро Муҳаммад ном гузоштааст.

Шабнам Собирӣ

Шабнам мегӯяд, ҳоло барои эҷод тақрибан фурсат надорад, вале дар фикри таҳияи оҳангу клипҳои нав ҳаст. Вақте мо бо Шабнам сӯҳбат доштем, ӯ бо духтараш Сумая гаштугузор дошт. Ӯ гуфт, "фарзанд оянда такягоҳ мешавад, овозхонӣ бошад, мавсимӣ аст. Ҳар вақте модар фарзандро дар оғуши гармаш мегирад, ҳеч моли дунё ба ин лаҳзаҳо баробар шуда наметавонад."

Дар зимн, тавре ба назар мерасад, имсол бонувони овозхони тоҷик дар ду "ҷабҳа" фаъол буданд. Яъне, онҳо дар баробари талоши сабту пешниҳоди таронаҳо нав зиндагии шахсии худро низ фаромӯш накарданд. Аз ҷумла, маҳз имсол издивоҷи овозхонони пуртарафдори тоҷик Нозияи Кароматулло ва Нигора Холова расонаӣ шуд ва ҳамчунин таваллуди фарзанд дар хонаводаи Зулайхо Мамадшоева ва Шабнами Тоҷиддин сари забонҳо афтод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шабнами Собирӣ дар бораи писараш - Муҳаммад

Бонувони шоу-бизнеси тоҷик, ки замоне барои ёфтани шӯҳрату мақом оҳанг эҷод мекарданд, ҳамакнун барои навозиши фарзанд суруд месароянд. Онҳо мегӯянд, баъди он ки фарзанд ба дунё оварданд, беҳтарин ва самимитарин оҳангҳояшон маҳз сари гаҳвораи тифли навзодашон тавлид мешавад.