Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чаҳор зани тоҷикро, ки дар Арабистони Саудӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуданд, ба Тоҷикистон фиристоданд. Як мақоми тоҷик, ки дар бозгашти ин занҳо кӯмак кардааст, рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занҳоро ҷудогона ва моҳҳои сентябру октябр ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд.
Аммо баръакси мавридҳои пешин, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз рафтори корфармоён шикоят мекарданд, ин дафъа кордиҳандагони арабӣ ба сафорати Тоҷикистон омада ва хостаанд, ки дипломатҳои тоҷик ходимони бемори онҳоро ба ватан баргардонанд.
“Масалан, бори аввал корфармо ба намояндагии мо дар Саудӣ муроҷиат кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон пас аз чаҳор панҷ моҳи кор, шабона доду фарёд бардошт ва ҳамаро ба ҳам зад. Ӯ гапҳоро хуб намефаҳмид. Дигарӣ омад, гуфт, ки зан шабҳо аз хона фирор мекунад ва ҳолаш хуб нест” - гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Баъди ин дипломатҳои тоҷик якҷоя ба корфармоён ба пизишкон муроҷиат карданд ва пизишкон гуфтаанд, ки ин занон дар воқеъ вазъи равонии бад доранд ва ё ба бемории рӯҳӣ гирифтор ҳастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ҳар чаҳор зане, ки ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд, дар гузашта афсурдагӣ ва аҳволи бади равонӣ доштаанд ва баъди омадан ба Арабистони Саудӣ, ки шароити комилан мутафовити зиндагӣ аз Тоҷикистон дорад, дигарбора бемориашон хуруҷ кардааст.
Занони деҳотиро меоранд
“Санҷиши баъдӣ нишон дод, ки ширкатҳое, ки занҳоро барои кор ба Саудӣ фиристодаанд, аз онҳо санади сиҳатӣ напурсидаанд. Дигар ин ки аксаран занҳоеро ба Саудӣ фиристодаанд, ки ҳама аз деҳот ҳастанд ва дониши хуб надоранд” – мегӯяд, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Масалан, бори аввал корфармо ба намояндагии мо дар Саудӣ муроҷиат кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон пас аз чаҳор панҷ моҳи кор, шабона доду фарёд бардошт ва ҳамаро ба ҳам зад.
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, то кунун ҳудуди 40 нафар бо шикоят аз шароити сахти кор дар Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд ва наздики даҳ нафарашон аз болои ширкатҳое, ки онҳоро барои кор фиристодаанд, ба мақомот аризаи шикоятӣ навиштаанд. Чанд нафаре аз ин занҳо ранҷу мушкилашонро дар Саудӣ бо матбуот низ дар миён гузоштанд.
Яке аз онҳо Нурбибӣ Мансурова модари 13 фарзанд аз минтақаи Кӯлоб аввали моҳи октябр бо нашри видеоҳое дар Интернет шикоят кард, ки соҳибхона бо ӯ тавре рафтор мекард, ки “ба саг раво намебинанд." Мақомоти Тоҷикистон ин занро баъди чанд рӯз аз шикоятҳояш ба зодгоҳаш фиристоданд.
Фирӯза: “Ман аз Саудӣ барнамегардам”
Аммо чанд зани муҳоҷири тоҷик мегӯянд, солҳо боз дар Арабистони Саудӣ кор мекунанд ва ҳеҷ мушкиле надоранд. Ба гуфтаи онҳо, аз шунидани шикоятҳои дигарон ҳайратзада шудаанд, зеро ҳеҷ гоҳ рафтори баде нисбат ба худ дар Арабистони Саудӣ надидаанд. Фирӯза Самадова, сокини 45-солаи вилояти Хатлон, ки панҷ сол боз дар Саудӣ кор мекунад, яке аз онҳост.
Ӯ рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик ва шиканҷа шудани онҳо дар Арабистони Саудӣ наздикони онҳоро нигарон кардааст. Ба қавли Фирӯза, ӯ маҷбур мешавад, ҳар рӯз ба наздиконаш бигӯяд, ки кораш дар шаҳри Ҷидда хуб аст ва касе ҳам ӯро азобу шиканҷа накардааст.
Ӯ гуфт: “Кор дар ҳама ҷо мушкил аст, вале на ба он тавре, ки чанд зани тоҷик шикоят карданд. Арабӣ забоне ҳаст, ки агар надонӣ, фикр мекунӣ, ҳамроҳат ҷанг доранд. Соли аввал, ки забонро намедонистам, мушкил буд, вале арабиро ёд гирифтам ва ҳоло ҳеҷ мушкилӣ надорам.”
Фирӯза, ки дар Русия муҳоҷири корӣ будааст, мегӯяд, азоберо ки онҷо мекашид, бо кор дар Арабистони Саудӣ муқоиса карда намешавад. “Онҷо патент мегӯянд, рафтори бад мекунанд, пулатонро намедиҳанд, дар инҷо кор ҳаст, хӯрокат ҳаст, бемор шудӣ бемористон мебаранд” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ. Ба қавли Фирӯза, дар ҳамин панҷ соли кор, ӯ тавонист, аз қарз раҳо шавад ва се фарзандашро, ки падар ҳам надоранд, таъмин намояд.
Ӯ эътироф кард, ки шароити зиндагӣ дар Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон комилан фарқ мекунад ва ҳеҷ зане ҳақ надорад, ки танҳо аз хона берун ояд ва дар чунин шароит албатта на ҳар зани тоҷик, тоб меорад. Фирӯза мегӯяд, барои ду зани дигар дар Саудӣ кор пайдо кардааст, вале дар пайи мақолаҳо дар матбуот касе барои сафар ба ин кишвар розӣ намешавад.
Лондону Мисрро ҳам дидам
Адолат Алимоваи 40-сола, сокини ноҳияи Данғара, ки як сол боз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ кор мекунад, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайси парастор кор мекунад ва ҳеҷ мушкиле надорад.
“Баръакс, ман ҳамроҳи соҳибхона нисфи дунёро тамошо кардам. Соҳибхонаи мо чаҳор кӯдак дорад ва ҳар куҷое бо кӯдаконаш меравад, маро ҳамроҳ мебарад. Лондон, Миср ва чанд кишвари дигарро ҳамроҳ бо онҳо тамошо кардам” – гуфт ӯ.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз сохторҳои дипломатӣ гуфт, ҳоло дар Арабистони Саудӣ ҳудуди 70 зани тоҷик кор мекунад ва ба ҷуз аз 15-20 нафар “дигарон аз шароити корашон чандон қаноатманд нестанд. “
Парвандаҳо барои фиристодан ба кор ба Арабистони Саудӣ
Аввали ҳамин моҳ Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки алайҳи мақомоти се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони кишвар барои кор ба Арабистони Cаудӣ машғул буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ба гуфтаи масъулони Додситонии кулл, ин ширкатҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ интиқол дода, дар мавридҳое онҳоро ба корҳои маҷбурӣ ҷалб кардаанд. Аз дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати масъулини ширкатҳои "Ҷамол-2012", "Имкон-2015" ва "Абдулкарим" боз шуда, тафтишот идома дорад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ин ширкатҳо дар соли 2016 ва нимаи аввали соли ҷори ҳадди чандин тан, аз ҷумла ду занро ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар намуда, дар он ҷо дар хонаҳои шаҳрвандони араб берун аз бандҳои шартнома ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди корашонро пардохт накардаанд.