Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкат: "Мо занони тоҷикро барои ғуломӣ ба Саудӣ набурдем". ВИДЕО


"Ҷамол 2012" яке аз се ширкатест, ки то як соли пеш шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод. Ҳафтае қабл Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи "Ҷамол 2012" ва ду ширкати дигар - "Имкон-2015" ва "Абдукарим" - парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раиси ширкат: "Мо занони тоҷикро барои ғуломӣ ба Саудӣ набурдем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Додситонии кул алайҳи ширкати “Ҷамол 2012” бар асоси шикояти модаре парванда боз кардааст, ки духтараш Садбарг Сироҷова тавассути ҳамин ширкат барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Ба таъкиди додситонӣ, духтари ин модар дар баробари се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Арабистон ба корҳои маҷбурӣ ҷалб шуда, музди маошашон пардохт нашудааст.

То ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд.

Назокат Олимова, модари Садбарг Сироҷова, рӯзи 3-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш дар тамосҳои телефонӣ аз вазъи кору зиндагӣ дар хонаи корфармо шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб шуда, корфармо музди маошашро пардохт намекунад.

Олимова гуфт, "духтарам бояд тибқи шартнома 9 соати истироҳатӣ дошта бошад, вале гуфт, 24 соат кор мекунад”. Ин модар иқрор мекунад, ки барои бозгардонидани духтараш чанд маротиба ба ширкати “Ҷамол-2012” муроҷиат кард, аммо натиҷае ҳосил нашуд."Чанд рӯз пеш занг зад, гуфт, ки соҳибхона таваллуд кард ва кори ман боз ҳам зиёдтар шуд. Мегӯяд, оча, ман дигар тоқат карда наметавонам",-афзуд ин модар.

Садбарг Сироҷоваи 41-сола, ки ҳанӯз ҳам ба ҳайси хизматгор дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ кор мекунад, яке аз чаҳор нафарест, ки Додситонии кул дар пайи шикояти пайвандони онҳо нисбат ин се ширкат, аз ҷумла “Ҷамол-2012”, ки ба интиқоли шаҳрвандони тоҷик барои кор ба Арабистон машғул буд, парванда боз кард.

"Вазъ на он таврест, ки мегӯянд"

Масъулони ширкати“Ҷамол 2012” иддаои ин занро дар мавриди ин, ки Садбаргро онҳо барои кор ба Арабистон фиристоданд, рад намекунанд. Вале мегӯянд, вазъи Садбарг на он таврест, ки модараш фикр мекунад.

Ҷамолиддин Расулов, раҳбари ширкати ҳамакнун собиқи “Ҷамол-2012” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо Садбарг Сироҷова пайваста дар тамос ҳастанд ва Садбарг тибқи қарордоде, ки бо корфармо дорад, бояд то моҳи декабр кор кунад ва худи ин зан ҳам чандон хоҳиши бозгашт надорад. Аммо ба қавли Расулов, модар мехоҳад духтарашро иҷборан баргардонад. Аз сӯи дигар, ба таъкиди раҳбари ширкати “Ҷамол-2012”, на ҳама корҷӯён то анҷоми шартномаи корӣ дар хонаи корфармо мемонанд ва қоидаҳои шартномаро риоя мекунанд.

Ҷамолиддин Расулов, раиси ширкати "Ҷамол-2012", мегӯяд, “бархе аз шаҳрвандон бо пардохти қарз ё бо ба даст овардани маблағи лозимӣ, ё амали кардани орзуяшон барои зиёрати Хонаи Худо ва ҳамин тавр пазмон шудани наздиконашон, мехоҳанд бо ҳар роҳ шартномаро қатъ карда, ба ватан баргарданд. Вақте мехоҳанд шартномаро қатъ кунанд, баҳона мекобанд, баъд мегӯянд, ки ман озору азият мебинам, ё маоши маро намедиҳанд ва ё роҳи осон ин, ки бемор ҳастанд ва дигар кор карда наметавонанд.”

Шикоят ва ҳамин тавр боз шудани парванда алайҳи ширкати “Ҷамол-2012” дар ҳолест, ки Ҷамолиддин Расулов мегӯяд, ширкати онҳо дар асоси ёддошти тафоҳум миёни мақомоти тоҷику саудӣ дар панҷ соли пеш замоне фаъол шуд, ки садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуда буд. Барои бо кор таъмин кардани селаи муҳоҷирон, мақомот роҳҳои нави бозори кориро ҷустуҷӯ кард ва яке аз онҳо ҳам Арабистони Саудӣ буд.

На ҳама шикоят доранд...

Аммо шаҳрвандони дигаре ҳам кам нестанд, ки аз тариқи ширкатҳо барои кор ба Арабистон рафта, чанд сол боз зиндагии хонаводаҳояшонро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд. Нигора, як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки як соли пеш барои баргардонидани қарзи бонкӣ тавассути ширкати “Ҷамол 2012” башаҳри Табуки Арабистони Саудӣ рафта буд, мегӯяд, ҳамчун хизматгор дар як хонаводаи араб кор мекард ва ҳоло барои як моҳ рухсатӣ гирифта, ба Тоҷикистон омадааст.

Нигора гуфт, давоми як соли корӣ мушкиле надошт ва ҳоло тасмим дорад дубора ба ҷои кораш баргардад. “Ман ҳамроҳи модарам барои кор ба Арабистон рафтем. Модарам дар Ҷидда кор мекард, ман дар Табук. Ман ҳамчун хизматгор кор мекардам ва 8 соати корӣ дорам. Маошам 400 доллар аст. Тамоми қарзи бонкро пардохт кардем. Ҳоло рухсатии якмоҳаи ман тамом шуд, бояд ҳафтаи оянда ба ҷои корам баргардам”-афзуд Нигора.

Се сарнавишти талх

Парванда алайҳи ин ширкатҳо дар ҳолест, ки дар ду моҳи гузашта ҳадди аққал се зани тоҷик бо нашри видео дар бораи сарнавишти талхи худ ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор бар ивази дастмузди ночиз ва гоҳо латукӯбу хушунат дидан, шикоят кардаанд. Бино ба нақли ин занҳо, шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистон хеле вазнин буд.

Парвандае, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз рӯи фаъолияти “Ҷамол-2012” боз кардааст, ба банди қонун дар бораи “хариду фурӯши одамон, бо мақсади сӯиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ боз шуда, то 12 соли зиндонро дар назар мегирад.

200 зани тоҷик дар чун каниз дар хориҷ?

То ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд.

То ҳол мақомоти тоҷик аз миёни кишварҳое, ки шаҳрвандон ба онҷо қочоқ шудаанд, аз байни давлатҳои арабӣ танҳо аз Аморати Мутаҳиддаи Арабро ном мебаранд.

Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар Додситонии кулл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз Иморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистону Русия ва Туркия аз кишварҳои дигар дониста мешаванд, ки эҳтимоли қочоқ шудани шаҳрвандони тоҷик вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG