Дилбар Мӯъминова, як ҷавонзани тоҷик бо ирсоли номае аз президент хостааст, ӯро ба орзуяш, ки сафири шудан аст, бирасонад. Ин ҷавонзан дар номаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки аз ӯ хона ё кумаки молӣ нахостааст, балки танҳо мусоидати шахси аввали кишвар барои намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид шуданашро дархост кардааст.
Дилбар Мӯъминова бо ишора ба ин ки феълан ҳама сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ фақат мардҳоянд, гуфтааст, бояд аз зумраи занон низ дипломатҳои варзида омода ва ба ҳайси сафири Тоҷикистон ба кишварҳои дигар фиристода шаванд.
Ин ҷавонзани тоҷик аз Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико дар Тоҷикистон мисол оварда мегӯяд, вақте як зани амрикоӣ метавонад кишвари бузургашро дар хориҷ намояндагӣ кунад, пас чаро занони тоҷик ин корро накунанд?
Дилбар Мӯъминова, ки таҷрибаи кор дар чандин созмони хориҷиро дорад, мегӯяд, метавонад Тоҷикистонро дар Созмони Милал намояндагӣ ва хуб муаррифӣ кунад. Вай гуфт, “1 сентябри соли 2014 Ҷаноби олӣ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ташриф овард ва зимни суханронии як донишҷӯи курси ду, ки бо чанд забон рӯзи донишро табрик гуфт, ба ин донишҷӯ аҳсан хонда гуфт, нағз хонед, мо шуморо сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъин мекунем. Ин намоиш мисле ки дар дили ман ҳам шӯълаеро бедор кард, ман бештар сари ин мавзӯъ фикр мекунам, ки чаро сафир бояд танҳо мард бошад? Занҳо ҳам ин имконро доранд. Занони забондону болаёқат ҳам кам нестанд.”
Дилбар Мӯъминова мегӯяд, забонҳои англисӣ, немисӣ ва русиро балад аст ва бо дониши худ дар озмунҳои зиёди созмонҳои хориҷӣ ширкат карда, ба кор қабул шудааст.
Вай ҳоло дар яке аз лоиҳаҳои созмони ЮСАИД дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дилбар Мӯъминова бахши забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ ва риштаи молия ва қарзи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ мегӯяд: “Фикр мекунам, агар занҳо дар ин соҳа бештар бошанд, пешравиҳои назаррасе ба амал хоҳад омад. Чун тавре ҳоло мебинем, дар аксар кору соҳаҳои мушкил занҳо кор мекунанд, дар бозору саҳро ҳоло ҳама занон ҳастанд. Онҳо меҳнати бисёр мекунанд, аммо ин меҳнат қадр намешавад. Аммо вақте аз ӯҳдаи корҳои вазнин, ки мебароянд, ҳатман ки аз ӯҳдаи кор дар соҳаи дипломатия ҳам метавонанд бароянд. Фақат бояд ба онҳо кӯмак карду дипломатҳои занро омода кард. Ман агар сафир бошам, барномае барои сулҳ ва оромии минтақаҳои ноороми ҷаҳон пешниҳод мекунам. Ҳамасола аз рӯи омори Созмони Миллали Мутаҳид, 6 миллион кӯдакон аз гуруснагӣ мефавтанд. Ман тамоми давлатҳои ҷаҳонро даъват мекунам, ки аз истеҳсоли яроқу аслиҳа, яроқҳои ядроӣ ва танкҳо даст кашида, пулеро, ки барои тавлиди чунин аслиҳа харҷ мекунанд, ба таъмини озуқаи аз нигоҳи экологӣ тоза барои кӯдакони тамоми ҷаҳон сарф намоянд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ягон зани тоҷик то ҳол сафир нашудааст
Ин дархости дар назари аввал ғайриоддии Дилбар Мӯъминова, ки мехоҳад сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал шавад, дар ҳолест, ки таърихи дипломатияи Тоҷикистон то имрӯз ягон сафири занро дар ёд надорад.
Ҳарчанд ҳар сол ҳудуди 200 донишҷӯ бо ихтисоси равобити байналмилалӣ донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд ва беш аз 30 дарсади онҳо духтаронанд, аммо дар маҷмӯъ нақши онҳо дар арсаи сиёсат, дар равобити байнидавлатӣ ва ҳангоми тасмимгириҳои хеле ҷиддӣ бо ҳукуматҳои мухталиф хеле камранг аст
Занон дар сохтори дипломатии Тоҷикистон танҳо то ба мақомҳои мушовиру котиб ва мудири шӯъбаҳои консулӣ расидаанд.
Нахустин зане, ки дар соҳаи дипломатия дар мақомӣ баланд, он ҳам мудири шӯъбаи консулгарии Тоҷикистон дар Маскав фаъолият кардааст, Садбарг Ғаниева мебошад.
Ҳамин тавр, Озода Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон ягона занест, ки то мақоми муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон расидааст.
Ҳалима Хушқадамова, яке аз аввалин занҳои дипломати Тоҷикистон, ки 10 сол, ҳанӯз аз соли 1995 дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ҳайси котиби дуввум ва масъули бахши матбуот кор кардааст, мегӯяд, набудани занҳо дар мақомҳои баланди дипломатӣ фақат хоси Тоҷикистон нест, балки дар сиёсати хориҷии бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ вуҷуд дорад ва ин нобаробарӣ ба мушоҳида мерасад.
Хонум Хушқадамова, ки дар замони раҳбарии чаҳор сафири мард дар сафорати Тоҷикистон дар Русия кор кардааст, мегӯяд, занон бо хислат ва табиате, ки доранд, метавонанд беҳтарин сафир ва ё умуман муаррификунандаи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар : “Барои дипломат будан ва умуман ҳама корҳои дигар ба мо фақат донишамон кӯмак карда метавонад, на ҷинсият. Аммо зан табиатан таҳаммулпазир ва дилсӯз аст ва метавонад корҳое зиёдеро дар муносибатҳои байналмилалӣ анҷом диҳад. Ба сафорат одамони зиёде муроҷиат мекунанд ва бо онҳо бояд муносибати хубу меҳрубон дошт, ки ин корро бештар зан метавонад кунад.”
Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷомеаи Тоҷикистон, ки бештар суннатӣ аст, ба қабули як зан ба ҳайси раҳбари сиёсати хориҷӣ, мисли ҳар соҳаи дигар омода нест ва аз сӯи дигар, ба қавли Ҳалима Хушқадамова, кори дипломатӣ сафарҳои зиёди тӯлонӣ ва кори шабонарӯзиро тақозо мекунад ва ин чиз барои зани тоҷик, ки ғолибан тарбиятгари аслии фарзандон аст, осон нахоҳад буд.
Вале худи хонум Хушқадамова, мегӯяд, ҳарчанд ӯ бидуни ягон таҳсили хоси дипломатӣ ва тасодуфан ба як ниҳоди дипломатӣ ба кор рафтааст, дар ин самт ҳеҷ мушкиле надошт ва аз ӯҳдаи кораш ба хубӣ барома: “Ман дар академияи хоҷагии халқи Русия таҳсил доштам ва тасодуфан дар рӯзи ҳимояи ман намояндаи вақти Тоҷикистон дар Русия Сироҷиддин Насриддинов дар академия буд. Роҳбари ман гуфт, агар шумо ин шогирди моро ба кор гиред, бурд мекунед. Ва соли 1995 вақте сафорат кушода шуд, ман ба кор шурӯъ кардам. Таҷрибае, ки дар соҳаи рӯзноманигорӣ доштам, таҳлилу сафарҳову мақолаҳо, ин ҳама барои ман дар ин ҷода хеле кӯмак кард.”
Касбҳои дастнорас барои занону духтарони тоҷик
Мақомоти кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯянд, роҷеъ ба теъдоди занони дипломат иттилои дақиқе рӯи даст надорад, аммо ин кумита тасмим гирифтааст барои омӯзиши вазъи ҷалби занон ба ихтисосҳои барои занҳо дастнорас, аз ҷумла робитаҳои байналмилалӣ ва сабабҳои камбуди занон дар ин соҳа таҳлилеро анҷом диҳад.
Мунира Шамсиева, як масъули кумитаи кор бо занон ва оила ба Озодӣ гуфт, онҳо аллакай марҳалаи аввали ин пажӯҳишро дар донишгоҳҳо ҷиҳати муайян кардани фарогирии духтарони донишҷӯ дар чунин соҳаҳо анҷом доданд: “Ҷиҳати андешидани чораҳо барои соҳиби ихтисосҳои камёфт, мисли информатика, муҳандисӣ ва дипломат шудани духтарон кумита таҳлили қабули духтаронро ба ин ихтисосҳои камёфт гузаронид. Мутобиқи маълумотҳои дастрасшуда, оид ба ҷалби духтарон ба ин соҳаҳо, дар солҳои ахир таваҷҷӯҳи духтарон ба ин соҳаҳо бештар шудааст. Дар соли таҳсили 2013-2014 ҳудуди 900 духтар дар ихтисосҳои камёфт ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.”
Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар сохторҳои давлатии кишвар 4 393 зан фаъолият доранд ва 24 дар сади курсиҳои раҳбариро дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон занон ишғол кардаанд. Барои ҷалби занон ба мақомҳои раҳбарӣ барномаҳои вижае ҳам роҳандозӣ шудааст.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ин ҳама барномаву дастур ва қонунҳо барои боло бурдани мақоми зан дар Тоҷикистон фақат рӯи коғаз мондаанд ва дар амал барои ҷалби занон ба мақомҳои раҳбарӣ коре анҷом намешавад.
Ойниҳол Бобоназарова дар робита ба камранг будани нақши занон дар соҳаи дипломатия ва ё набудани сафири зан аз Тоҷикистон, мегӯяд, аз як сӯ худи занон ҳам айбдоранд, чун талоше барои расидан ба ин маснадҳо надоранду камфаъолиятанд: ”Камталошии занҳост, ки онҳо ҳамчун шахсият шинохта намешаванд, на аз ҷониби ҷомеа ва на аз сӯи ҳукумат. Як фармоне ҳам ҳатто ҳаст, ки соли 1999 қабул шудааст ва дар он гуфта шудааст, ки бояд дар мақомот ба ҳайси ҷонишин ҳадди ақал як зан бошад, яъне ин ҳам нашинохтани ҳуқуқи зан аст.”
Аммо Дилбар Мӯъминова, қаҳрамони мо, ки ду маротиба ба президент муроҷиат кардаву дар баробари қиссаи зиндагии худ аз ӯ хостааст, барои расидан ба орзуи сафирӣ барояш мусоидат кунад, умед дорад, ки талошҳояш барҳадар намераванд. Дилбар мегӯяд, ин пешниҳоди нав ва боҷуръатона аз сӯи як зани тоҷик ҳатман мавриди таваҷҷӯҳи раисҷумҳури Тоҷикистон қарор мегирад ва ӯ дар ниҳояти амр ба орзуяш мерасад.