Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зани шуҷоъ”-Ойниҳол Бобоназарова


Ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова
Ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова

Ҳомии ҳуқуқи башар доктор Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, бо гирифтани ҷоизаи “Зани шуҷоъ” масъулиятҳои ӯ бештар мешаванд.

Ҳомии ҳуқуқ ва сиёсатмадори маъруф Ойниҳол Бобоназарова нахустин зани тоҷик аст, ки ба гирифтани ҷоизаи байналмилалии "Зани шуҷоъ", қадр карда шуд.

Маросими тақдими ҷоиза, ки аз тарафи вазорати умури хориҷии ИМА муқаррар шудааст, рӯзи 4-уми март дар Вашингтон баргузор гашт ва онро ба Ойниҳол Бобоназарова хонуми аввали Амрико Мишел Обама тақдим намуд.
Ҳамчунон Бобоназарова нахустин зане мебошад, ки ба ҳайси номзади мақоми президентии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Дар интихоботи тирамоҳи соли 2013-ум ситоди Бобоназарова муваффақ нашуд, барои сабти номи расмӣ имзои кофии тарафдоронашро ҷамъ кунад, вале ҷадалу кӯшишҳои Бобоназарова дар ин маъарака метавонанд барои ҳаводорони демократия ва ба вижа занони ин кишвар чун намунае барои пайравӣ хидмат кунанд.
XS
SM
MD
LG