Дидори модари тоҷик бо писараш дар зиндони Узбакистон

Яке аз зиндонҳои Узбакистон

Як модари 63-солаи тоҷик муваффақ шудааст, ки ба дидори писари зиндониаш, ки аз як сол ба ин тараф дар маҳбаси Қизилтеппаи шаҳри Навоӣ дар Узбакистон ба сар мебарад, бирасад.

Норчучук Эшмуродова, сокини ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент тавонистааст, ки бо душвориҳои зиёд пас аз дарёфти шиносномаи хориҷӣ ва визаи Узбакистон, аз аҳволи писараш дар яке аз зиндонҳои Узбакистон хабардор шавад. Холаи Норчучук 29 январ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ аз Панҷакент ба Хуҷанд ва аз онҷо ба Тошканд ва сипас ба шаҳри Навоӣ сафар кард, то писарашро бубинад.

Писари ин зан Сулаймон Бӯриев якуним сол пеш дар як минтақаи баҳсии марзи ноҳияи Панҷакент бо вилояти Самарқанди Узбакистон дастгир ва дар он кишвар ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Холаи Норчучук мегӯяд, ки як шаб дар маҳбас бо писараш будааст ва аз бархӯрди кормандони маҳбаси Қизилтеппа изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба нақли вай, бо вуҷуди он ки забони узбакиро намедонист, вале кормандони маҳбас ӯро бо хушӣ қабул намуда ва бо писараш рӯбарӯ кардаанд.

Ба гуфтаи вай, писараш низ аз рафтору муносибати кормандони маҳбас шикояте надошта ва гуфтааст, ки дар як шароити хуб ба сар мебарад. Писараш гуфтааст, ки ӯ ҳамроҳ бо маҳбусони дигар дар корхонаи хишти шаҳри Навоӣ кор мекунад ва ҳеҷ кас то кунун ӯро шиканҷа ва ё таҳти фишор қарор надодааст.

Аммо ба нақли Норчучук, писараш дар бораи шиканҷа дар боздоштгоҳи Қаршӣ нақл кардааст, ки ӯро ба муддати 28 рӯз таҳти шиканҷа қарор дода ва маҷбур кардаанд, то корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будан ва ё набуданашро иқрор кунад. Ва ҳамчунин дар боздоштгоҳ аз ӯ аз талаб кардаанд, ки эҳтимоли ҳамкориаш бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро шарҳ диҳад. Ӯ гуфтааст, ки танҳо баъд аз ҳукми додгоҳ ва интиқолаш ба маҳбас, аз фишору шиканҷа халос шудааст.

Ба гуфтаи Сулаймон - писари холаи Норчучук, имкон дорад, ки дар моҳи март парвандааш бозбинӣ шавад ва мӯҳлати ҷазои ӯро кам кунанд. Холаи Норчучук мегӯяд, ки ҳоло пас аз дидор бо писараш, нигарониҳои қаблиаш рафъ шудаанд.

Рӯзи 10 июли соли 2013 марзбони узбак 4 наврас ва як мӯсафеди 74-соларо дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ барои марзшиканӣ айбдор карда ба он тарафи марз бурданд ва ва дар боздоштгоҳи ноҳияи Қаршӣ нигаҳ доштанд. Дертар дар фосилаҳои мухталифи замонӣ мақомоти узбак аввал ҷавони ноболиғ Манучеҳр Бӯриевро раҳо карданд. Баъди аз 10 моҳ Мардон ва Шоҳрух Қосимов ва Исрофил Билолов раҳо шуданд, вале Бӯриев Сулаймон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд ва сипас додгоҳ 7 соли ҳукми ӯро кам кард.