Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирамарди боздоштшудаи тоҷик дар Қаршӣ ҷарроҳӣ шуд


Пирамарди 74-сола аз Панҷакент, ки сарҳадбонҳои узбак ҳамроҳи чор пайвандаш ба боздоштгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон бурданд, ҷарроҳӣ шудааст.

Норчучук Эшмуродова, ҳамсари Мардон Бӯриев, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент ба Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш як зани ношинос аз Қаршии Узбакистон ба вай занг зада, бо хоҳиши шавҳараш расонидааст.

“Вай гуфт, дар беморхонаи Қаршӣ мӯйсафедамро 5 духтур ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло ба ҳуш наомадааст, гуфт. Аммо вай зани узбак худашро шинос накард, фақат гуфт, ки шавҳарам рақамамро дода хоҳиш кардааст, ба ҳамсараш занг зада фаҳмонад,” - гуфт Эшмуродова.

Ҷарроҳии мӯйсафеди боздоштшудаи тоҷик дар боздоштгоҳи Қаршӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим


Хонум Эшмуродова афзуд, пайвандонаш ҳанӯз намедонанд, ки Мардон Бӯриев ба сабаби чӣ беморӣ ё ҷароҳате ҷарроҳӣ шудааст ва ҳоло чӣ ҳол дорад? Ба гуфтаи вай, шавҳараш ба он зан гуфтааст, ки 2 моҳ боз ӯро бегуноҳ дар маҳбаси Узбакистон нигоҳ медоранд.

Ин дар ҳолест, ки Норчучук Эшмуродова, рӯзи 23-уми август занги телефониеро қабул карда ва садои набераи 12 солаашро шинохтааст, ки дар боздоштгоҳи Қаршии Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи хонум Эшмуродова, Манучеҳр Бӯриеви 12- сола, ки дар боздоштгоҳи Қаршӣ ба сар мебарад, бо телефон ба ӯ тамос гирифта гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик вайро раҳо хоҳанд кард. Эшмуродова гуфта буд, ки наберааш бо мусоидати як масъули боздоштгоҳ занг зада ва гуфтааст, ки ӯро ба дасти волидонаш таслим мекунанд. Вале то ҳол аз раҳо шудани вай хабаре нест.

Бино ба маълумоти расмӣ, сарҳадбонҳои Узбакистон мӯйсафеди 74-сола, Мардон Бӯриев ва 3 пайванди ӯро соати 18 - и шоми 10 июл дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ гирифта, ба Узбакистон бурданд.

Мақомоти узбак онҳоро ба сарҳадшиканӣ муттаҳам мекунанд, аммо ба гуфтаи пайвандони Бӯриев, замине ки ҳангоми дарав дар он дастгир шуданд, аз қабл моли онҳо буд ва дар ин бора санади соҳибият ҳам дар даст доранд.

Чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар марз бо кишвари ҳамсоя рух медиҳад. Рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурда, танҳо баъд аз як моҳ онҳоро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG