Мардон Буриеви 75-сола, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент, ки ҳамроҳ бо ду ҳамсояаш аз боздоштгоҳе дар Тошканд раҳо шуд, баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки мақомоти Узбакистон ду рӯз қабл онҳоро озод карданд.
Мардон Бӯриев дар ҳоле ба радиои "Озодӣ" сӯҳбат мекард, ки аз ноҳияи Айнӣ ба зодгоҳаш равон буд. Вай бо ёдоварӣ аз давраи боздошташ, ки беш аз даҳ моҳро дар бар мегирад, гуфт, «ду моҳ қабл вақте моро аз Қаршӣ ба Тошканд оварданд, додгоҳи Тошканд ҳукми моро эълон кард ва барои марзшиканӣ ба ман 7 соли ҳабс доданд ва ба ҳамсояҳоям Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов 6 сол доданд, вале писарам Сулаймонро 17 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аз ин 17 сол аввал 5 сол ва баъд се солашро кам карданд. Ҳоло вай бояд 9 сол дар маҳбаси Узбаистон бимонад."
Мардон Бӯриев дар посух ба ин суол, ки дар дар боздоштгоҳи Қаршӣ шеваи муносибат ба онҳо чӣ гуна буд, гуфт, ки "ба мо бисёр хуб муносибат мекарданд, ҳеҷ нафари онҳо моро назадаанд, бисёр ғизои хуб медоданд. Як корманди боздоштгоҳ мегуфт, ки амаки Мардон, ба сери авқот хӯр ва вақте, ки ба Тоҷикистон меравӣ, боз моро танқид накунӣ. Тайи ҳамин муддате дар онҷо будем, ҳеҷ гоҳ дар нисбати мо бадрафторӣ нашудааст."
Аммо вай афзуд, ки тайи 12 рӯз аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Ба гуфтаи вай, мақомоти амниятӣ аз онҳо роҷеъ ба ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ ва бархе аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон пурсиданд ва вақте ба ин суолҳо посухҳои қонеъкунанда наёфтанд, онҳоро ба ҳолашон гузоштанд.
Мардон Бӯриеви 75-сола, бо фарзанда Сулаймон Бӯриев, наберааш Манучеҳр ва ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов 10-уми июли соли гузашта аз тарафи марбонони Узбакистон боздошт шуда ва онҳоро дохили ин кишвар бурда буданд.
Мақомоти интизомии Узбакистон ба волидони боздоштшудаҳо гуфтанд, ки сокинони Панҷкент дар маҳбаси шаҳри Қаршии Узбакистон нигоҳ дошта мешуданд ва баъда онҳоро ба Тошканд интиқол доданд. Мақомоти узбак дертар Манучеҳри ноболиғро раҳо карданд.
Мақомоти Узбакистон сокинони деҳаи Фаробро бо моддаи 223 Кодекси ҷиноии Узбакистон бо марзшиканӣ айбдор карданд. Ҳамин тариқ аз чаҳор панҷ тан боздоштшудаҳо чаҳор тани онҳо раҳо ва ҳамакнун як нафар -- Сулаймон Бӯриев --писари Норчучук Эшмуродова ва Мардон Бӯриев дар боздошти Узбакистон боқӣ мондааст.