Қиссаи як духтари тоҷик, ки ба Сурия нарафт

Як зан аз Ваҳдат, ки духтарашро аз сафар ба Сурия баргардонд, мегӯяд, ҳоло хонаводаи онҳо таҳти таҳдид қарор гирифтааст.

Шоира исми мустаори як зани тоҷик аст, ки мегӯяд, мушкилоти хонаводаи ӯ 7 моҳи пеш, вақте шурӯъ шуд, ки ӯ духтарашро аз роҳи сафар ба Сурия баргардонд ва ба мақомот таслим кард. Духтари ин зан, ки аз ӯ шартан Марзия ном мебарем, мехостааст ба хотири шавҳари “ҷиҳодӣ”-яш ба Сурия равад.

Шоира, модари Марзия иддао дорад, ки духтараш дар боздошти "эмиссар»-ҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ" ба мақомот кӯмак кард ва дар заминаи маълумоте, ки Марзия дошт, мақомот аз пайвастани даҳҳо тани дигар ба ин гурӯҳи даҳшатафкан ҷилавгирӣ карданд.

Аммо ин модару духтар ҳоло мегӯянд, ки таҳти фишори пайвандони афроди боздоштшуда қарор доранд, пайваста таҳдид мегиранд ва аз мақомот мехоҳанд, ки онҳоро таҳти ҳимояти хуб бигиранд.

“Ҳадафи ман танҳо ин буд, ки барои рафтани фарзандам ба Сурия монеъа шавам на зери панҷара бурдани фарзандони касе. Мақомот тӯли чанд вақт телефони духтарамро барои тафтиш дар даст доштанд ва аз ин тариқ чандин нафарро боздошт карданд. Муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният нисбат ба духтарам ва хонаводаи мо, ки бо мақомот ҳамкорӣ доштем, хуб аст, вале таъқибҳои мошинҳои сиёҳшиша, зангҳои бидуни рақам ва билохира таҳқиру таҳдидҳои рӯирост дар толори додгоҳ аз сӯи пайвандони боздоштшудаҳо дигар намегузорад, ки мо нафаси озод бикашем,” - гуфт Шоира. Модари Марзия ҳоло аз мақомот мехоҳад, ки барои таъмини амнияти онҳо чора бубинанд.

Марзия қабл аз он, ки шавҳараш аз Русия ба Сурия рафт, чаҳор сол бо ӯ зиндагии якҷоя дошт. Шавҳари ӯ моҳи апрели соли 2015 ба Сурия рафт ва моҳи июн аз ҳамсараш даъват кард, ки ба ӯ ҳамроҳ шавад.

“Маро ҷарроҳӣ карда буданд ва гуфтанд, эҳтимол дорад, дигар фарзанддор нашавам. Ман гумон доштам, агар бефарзанд бимонам, дигар ба ҳеҷ кас даркор нахоҳам буд. Шавҳарам бошад, мегуфт, агар наздаш равам, ҳатман фарзанддор мешавам ва зиндагиямон низ хуб хоҳад гузашт. Ман ба гапҳои ӯ дода шудам,” - мегӯяд Марзияи 25-сола.

Ин ҷавонзан озими сафар шуд ва бояд билети ҳавопайморо аз нафаре дар фурудгоҳ дастрас мекард. Аммо модараш аз қасди духтараш огоҳ шуд ва талош кард, ки ӯ аз ин сафари пурхатар даст бикашад. Аммо вақте натавонист духтарашро мутақоид созад, маҷбур шуд ӯро ба мақомот таслим кунад.

Марзия, ки аз модараш норозӣ буд, мегӯяд, вақте иштибоҳ будани қарори худро дар ҳоле дарк кард, ки авоили моҳи ноябр хабари марги ҳамсараш Фирӯз аз Сурия расид. Ӯ мегӯяд, ки агар дахолати саривақтии модар намебуд, ӯ ба иштибоҳи нобахшиданӣ роҳ медод ва худро бадбахт мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амнияти шоҳидонро кӣ таъмин мекунад?

Тоҷикистон соли 2010 қонуни махсус дар бораи ҳимояи давлатии ширкатдорони мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шоҳидонро қабул кардааст. Ин қонун ба хотири таъмини амният аз иваз намудани ҳуҷҷатҳо то тағйир додани симои зоҳириро пешбинӣ мекунад.

Нисбат ба шахси ҳимояшаванда метавонанд дар як вақт якчанд ё яке аз чораҳои амниятии зерин татбиқ карда шаванд: - муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулк, - кӯчонидан ба маҳалли дигари истиқомати муваққатӣ; - иваз намудани ҳуҷҷатҳо; - тағйир додани симои зоҳирӣ; - дигар кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсил; - ҷойгиркунонии муваққатӣ дар маҳалли бехатар,” - мегӯяд Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин қонуни ҳимоят аз шоҳид дар асоси шикояти худи шоҳидон метавонад амалӣ шавад. Ҷалолиддин Садриддин, сухангӯи вазорати дохила мегӯяд, “агар ин хонавода зери таҳдиди амниятӣ қарор дошта бошад, онҳо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд. Мақомот қазияро омӯхта то куҷо воқеъият доштани таҳдидҳоро месанҷад ва ҳатман чораандешӣ мекунад.”

Шоира, модари Марзия мегӯяд, аз ин пештар, вақте мошинҳои сиёҳшиша онҳоро таъқиб мекарданд, ба мақомоти пулис муроҷиат карданд ва ду нафар низ дар робита ба ин таъқибҳо боздошт шуда буд. Бо вуҷуди ин, таҳдидҳо ҳанӯз ҳам идома доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки дар сурати бо аризаи расмӣ муроҷиат кардани ин хонавода, онҳо метавонанд бо роҳи қонунӣ ба таъмини амнияти онҳо мусоидат кунанд.

Раҷабмоҳ Бадриддинова, як масъули ин ниҳод мегӯяд: “Албатта, мо ин қазияро пайгирӣ мекунем ва ҷиҳати таъмини амнияти ин шаҳрванд чораҳои дахлдорро ҳаракат мекунем, ки бияндешем. Зеро мусоидат дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз рукнҳои асосии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст.”

Ҳоло мурофиаи додгоҳии афроди боздоштшуда дар шаҳри Ваҳдат оғоз шудааст ва хонаводаи Марзия дар он ҳамчун шоҳид иштирок мекунад. Ба гуфтаи модари Марзия, ҳатто дар аввалин мурофиаи додгоҳӣ дар толори суд, духтараш аз сӯи пайвандони боздоштшудаҳо латту кӯб шуд, вале касе барои ин ҷазо надид.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегуянд, таъмин нашудани аминияти ин хонавода, метавонад эътимоди мардумро ба мақомоти интизомӣ камтар кунад ва дар оянда онҳо аз ҳамкорӣ бо мақомот дар амри ифшои ҷиноятҳо худдорӣ намоянд.