Як сокини ноҳияи Мӯъминобод, ки ахиран аз зарбаи ҳавопаймоҳои узви эътилофи алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ал-Табқаи Сурия ҷон ба саломат бурдааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба модараш гуфтааст, ки вазъи амниятӣ дар Сурия ваҳмнок мешавад ва ӯ намедонад чӣ тавр ду фарзанд ва ҳамсари ҳомилаашро аз ин кишвар берун кунад. Ӯ, инчунин, ба модараш гуфтааст, ки дар вақти бомбаборон зери хок монд ва ҳамин ӯро аз марги ногузир наҷот дод.
Амирҷон Абдураҳмонов, сокини 27-солаи ноҳияи Мӯъминобод, моҳи майи соли 2015 ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзанд, бародар ва аммабачааш аз Русия ба Сурия рафта буд.
Сокинамо Абдураҳмонова, ки ду фарзанд, келин ва ду набераашро гум кардааст, мисли ҳамаи модарони "ҷиҳодӣ"-ҳои тоҷик , на фарзандони худ, балки дигаронро гунаҳкор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандонашро аммабачаи онҳо бо номи Тоҷиддин аз роҳ задааст.
"Писари ман дар корхонаи равғанбарорӣ дар Маскав "бригадир" буд. Агар нияти ба Сурия бурдани одамонро медошт, аввал аз зердастонаш сар мекард. Фарзандони маро писари амаашон Тоҷиддин бурдааст, ғами фарзанду набераҳо шавҳарамро аз пой афтонд," - гуфт Абдураҳмонова.
Ин хонавода барои бозгардондани наздикони худ аз Ховари Миёна аз мақомоти Тоҷикистон кумак хостаанд. Аммо мақомот борҳо гуфтаанд, ки берун кардани онҳо аз қаламравҳои таҳти назорати "Давлати исломӣ" кори осон нест.
Ҳоло мақомоти интизомии Тоҷикистон нисбат ба Амирҷон Абдураҳмонов, Исфандиёр Абдураҳмонов ва аммабачаи онҳо Тоҷиддин бо моддаи 401, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ - "зархаридӣ" ва “иштирок дар ҷангҳои бегона” парванда боз кардаанд. Як масъули шӯъбаи корҳои дохилии Мӯъминобод дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин се нафар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастанд ва ҳоло маълум нест, пайвастани онҳо ба “Давлати исломӣ” бо ибтикори кадоме аз онҳо сурат гирифтааст.
Аз ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминабод, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот, нӯҳ нафар ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки аз 500 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Сурияву Ироқ 300 нафар кушта ва 200 тани дигар беному нишон шудаанд. Бовар меравад, ки аксари онҳо ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" афтода, роҳии кишварҳои ҷангзадае, ба мисли Сурияву Ироқ мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар нимаҳои соли равон таблиғи густардаеро алайҳи тундгароии мазҳабӣ ба роҳ монд, ки мизони гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гурӯҳи "Давлати исломӣ” коҳиш дод. Дар чаҳорчӯби ин барнома мақомоти баландпояи амниятӣ ва рӯҳониён бо мардум мулоқот карданд ва падару модаронро муваззаф намуданд, ки бо фарзандони муҳоҷири худ дар Русия пайваста дар тамос бошанд ва нагузоранд, ки онҳо ба доми мубаллиғони “Давлати исломӣ” биафтанд.