Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро бо ҷурми ба Сурия фиристодани занону ҷавон аз тариқи масири Душанбе - Ҷиргатол - Ӯш - Туркия ба муддати 14 сол маҳкум ба зиндон кард.
Додгоҳ ӯро ба ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ гунаҳкор хондааст.
Як манбаъ дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 4 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Рустам Неъматов, сокини Душанбе ҳамроҳи бародараш Акбар Неъматов, ки феълан дар Сурия қарор дорад, давоми солҳои 2014 ва 2015 сокинони кишварро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ҷалб кардааст.
Ин манбаъ мегӯяд, ин ду бародар - яке дар шаҳри Душанбе ва дигарӣ дар Сурия - аз тариқи масири Тоҷикистон - Қирғизистон -Туркия - Сурия сокинони пойтахт, аз ҷумла, Давлатшоҳ Давлатов ва ҳамсари ӯ Суман Олимзодро ба Сурия фиристодаанд.
Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, Рустам Неъматов ва бародараш ба ин ду нафар барои дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ кумак расонида ва барои хароҷоти роҳ 300 доллар додаанд ва онҳо тавассути гузаргоҳи Гулистон ба Қирғизистон ва аз он ҷо аз фурудгоҳи Ӯш ба Туркия ва сипас, ба Сурия рафтаанд.
Феълан Давлатшоҳ Давлатов, ба гуфтаи мақомот, дар муқовиматҳои Сурия ширкат дорад ва дар мавриди бегуноҳии Рустам Неъматов дар таъмини сафараш ба Сурия наворҳое ҳам фиристодааст.
Наздикони Рустам Неъматов мегӯянд, ки онҳо барои бегуноҳии фарзандашон ба мурофиаи додгоҳӣ ду навори аз Сурия фиристодаи Давлатшоҳ Давлатовро пешниҳод кардаанд. Дар ин наворҳо гуфта мешавад, ки Давлатшоҳ ихтиёрӣ ба Сурия рафтааст, на бо мусоидати Рустам. Аммо додгоҳ бо назардошти ин, ки ин наворҳо баъди боздошти Рустам Неъматов махсус сабт шудааст, онҳоро ба эътибор нагирифт. Навори аввал рӯзи 5 октябр ва навори дуюм дар санаи 9 октябр тариқи "WhatsApp" ирсол шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар тақрибан якуним соли охир талошҳо барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави ҷангҷӯ дар Ироқу Сурия ва кишварҳои дигарро тақвият додаанд. Як меҳвари ин талошҳо кашфу муҷозоти онҳоест, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба "ҷиҳод" машғуланд.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитаменро ба ҷурми ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия аз тариқи Қирғизистон ба Туркия ва Сурия ба 16 соли зиндон маҳкум карда буд. Гуфта мешуд, ки ин фард моҳи феврали соли 2013 ба Сурия рафта, ба созмони "Ҷабҳат-ан-Нусра" шомил мешавад ва баъди тамрин ба Русия баргашта, дар онҷо барои таҳияи санадҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои Сурия машғул шудааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксари шаҳрвандони тоҷик, ки дар Сурия ҳастанд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо роҳи Туркия ба ин кишвари ҷангзада рафтаанд. Вале боздошти чанд шаҳрванди тоҷик, ки бо роҳи Қирғизистон роҳ сӯи Сурияву Ироқу Фаластин доштанд, ҳокист, ки ин роҳ ба як масири ҷадиди интиқоли ҷангҷӯёни оянда табдил ёфтааст.
Моҳи сентябри соли гузаштаи 2014 пулиси қирғиз дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Комил Раҳматов -- сокини ноҳияи Спитмени Тоҷикистонро, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошта, қасди "ҷиҳод" дар Фаластинро доштааст, дастгир кард. Қабл аз он Насиба Фаттоева, зане аз Исфара, ки мехост бо ду кӯдак ба назди шавҳараш ба Сурия биравад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз истирдоди ду шаҳрванди Қирғизистон хабар доданд. Гуфта мешуд, ин ду нафар дар Қирғизистон ба ҷалби афрод ба ҷанг дар Сурияву Ироқ айбдор мешаванд.