18 сол ҳукми зиндони ҳамяроқи Файзалӣ Саидов

Додгоҳи вилояти Хатлон

Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба «Тоҳир-Сиёҳ», «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» раҳбари як гурӯҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон бо ҷурмҳое, чун куштор, таҷовуз ба номус ва авбошӣ, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон баррасии парвандаи пурсарусадои Тоҳир Тешаев, фармондеҳи як гурӯҳи силҳобадасти солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки дар минтақаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва атрофи он бо лақаби «Тоҳир-Сиёҳ», «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» маъруф буд, анҷом дода, ӯро ба мӯҳлати 18 сол равонаи зиндон кард.

Намоз Амонзода Шариф, додраси парванда дар додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Тешаев имрӯз тибқи чаҳор моддаи қонуни ҷиноӣ, 104 (куштор бо истифодаи яроқи оташфишон ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон), 141 (алоқаи ҷинсӣ ба нафаре, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст), 195 (авбошӣ) ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Акси Файзалӣ Саидов

Ҷаноби Амонзода афзуд, шарикони Тешаев, ки дар ин амалҳои ҷиноӣ бо ӯ ҳамдастӣ кардаанд, низ маҳкум шуданд. Аз ҷумла Маҳмад Низомов ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, ду нафари дигар - Фаридун Зокиров ва Баҳодур Боев - ҷарима карда шуданд.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон Тоҳир Тешаевро аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт карданд.

Музаффар Юсуфов, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни пурсарусадо хондани парвандаи ҷиноии «Тоҳирсиёҳ» гуфта буд, ки 5 шарики "Тоҳир-Сиёҳ" низ боздошт шудаанд.

Тоҳир Тешаев 39 сол дорад ва сокини кӯчаи Баҳори шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, «Тоҳир-Сиёҳ», ки бо лақабҳои «Тоҳир-Ланг» ва «Тоҳир-Рекет» низ маъруф аст, дар замони ҷанги дохилӣ гурӯҳи ҷиноие созмон дода, бо истифода аз бесарусомонӣ дар кишвар, ба куштору ғорати амволи мардум даст задааст.

Ӯро аз афроди наздик ба Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони бераҳми Фронти халқӣ, ки соли 1993 кушта шуд, низ ном мебаранд. Гуфта мешавад, ки «Тоҳир-Сиёҳ» солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.

Акси солҳои ҷанг (Аз бойгонӣ)

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, «Тоҳир-Сиёҳ» аввалин ҷинояташро моҳи феврали соли 1993 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ содир кардаст, вале бо гузашти 21 сол дар ҷиноятҳои дигаре даст дошт ва дар ниҳоят бо шикояти зане аз ноҳияи Қумсангир боздошт шуд. Бино бар парванда Тоҳир Тешаев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи феврали соли 1993 ба қасди арӯсӣ бо духтари ҷавоне назди Гулистон Сафарова дар ноҳияи Қумсангир меравад, аммо бо шунидани ҷавоби рад, ӯро бо силоҳи Калашников ба қатл мерасонад.

Мавлуда Сафарова, духтари Гулистон Сафарова, баъди 21 соли қатли модараш ба раёсати корҳои дохилӣ ариза навишт ва маъмурони интизомӣ Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба "Тоҳир-Сиёҳ" -ро боздошт карданд. Масъулони додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки устухонҳои Гулистон Сафарова, баъди 21 соли зери хок буданаш, ба хотири анҷом додани ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ аз хок бароварда шудаанд ва интизори натиҷаи ташхис ҳастанд, то муайян шавад, ки тири силоҳи «Тоҳир - Сиёҳ» ба куҷои бадани хонум Сафарова расидааст. Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бо онки «Тоҳир-Сиёҳ» солҳо ҷиноят содир кардааст, аммо дар озодӣ буд ва ба ҷиноятҳои дигаре даст мезад.

Солҳои 1992-1997 вилояти Хатлон яке аз саҳнаҳои аслии ҷанги пурқурбонӣ дар Тоҷикистон буд ва даҳҳо ҷангсолори маҳаллӣ дар ин минтақа тохтутоз доштанд. Дар тӯли солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумат аксари ҷангсолоронро аз байн бурд ваё равонаи зиндон кард. Нафароне мисли "Тоҳир-Сиёҳ", ки дар он солҳо ҷон ба саломат бурданд, низ дар додситонӣ парванда доштанд ва ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти тафтишотӣ, имрӯз навбати ӯ расид.