Як таҳқиқи хабарнигорони бахши тоҷикӣ ва узбекии Радиои Озодӣ ва рӯзноманигорони шведӣ маълум кард, ки "даҳшатноктарин террор дар Шветсия"-ро ҷангҷӯёни тоҷики узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ ва назорат кардаанд. Ин таҳқиқ бар асоси маълумоти Додситонии Шветсия ва мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт.
- Моҳи апрели соли гузашта як мошини борбар дар Стокҳолм, маркази Шветсия, ба анбуҳи пиёдагардон ҳамла кард. Дар ин ҳамла 5 нафар кушта ва 15 каси дигар маҷруҳ шуд. Дар робита ба ин ҳодиса Раҳмат Оқилов, як шаҳрванди 40-солаи Узбакистон боздошт шудааст ва Додгоҳи Шветсия ҳукми ниҳоии ӯ рӯзи 13-и феврал эълон хоҳад кард.
Дӯсти қаринам маҳз дар ҳамин ҷой, дар толори ороишӣ кор мекард. Гӯё қалбам аз ҳаракат бозмонд. Барои тамос бо дӯстам талош кардам. Аммо посух надод. Ман хабари эҳтимоли кушта шудани 4 ё 5 нафарро хондам. Вуҷудам ларзид.
"Либосҳоям сӯхтанд..."
"Даҳ нафарро куштам ва чанд нафари дигарро захмӣ кардам. Либосҳоям сӯхтанд.” Ин ҳисоботи кӯтоҳи Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Узбекистон, ба нафаре бо номи Абу Усомаи Норакӣ аст, ки рӯзи 7-уми апрели соли гузашта, баъди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Шветсия, тариқи “Зелло” додааст.
Шояд Оқилов фурсат надошт, ки қурбониёни ҳамлаи худро дақиқ ҳисоб кунад, вале дар ҳассостарин лаҳза тавонист бо Абу Усомаи Норакӣ тамос бигирад. Абу Усомаи Норакӣ як нафари калидӣ дар парвандаи “даҳшатноктарин террори таърихи Шветсия” унвон шудааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии Шветсия маълум кард, ки то замони ҳамла Раҳмат Оқилов ба беш аз 30 ҷангҷӯи тоҷики узви ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва Афғонистон тамос доштааст. Дар бозпурсиҳо Раҳмат Оқилов гуфтааст, Абу Усомаи Норакӣ ва ҷангҷӯёни дигар шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, вале ӯ номи аслиашонро намедонад.
Дар парвандаи Додситонии Шветсия, ки наздики 9 ҳазор саҳифа ҳаст ва нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, "скриншот"-и сӯҳбати Оқилов бо ин ҷангҷӯёни тоҷик сабт шудааст. Дар ҳисоботи Додситони Шведсия рӯшан шудааст, ки Раҳмат Оқилов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо фармондеҳони ғайриараби гуруҳи “Давлати исломӣ” робитаи доимӣ доштааст.
Дар сӯҳбати ҷиҳодиён, ки ҳамчун далел дар парванда ҷой дода шудааст, сабаби ҳамлаи террористӣ дар Шветсия баён шудааст. Онҳо ҳамларо ба он марбут донистаанд, ки Шветсия сарбозони курду Ироқро барои поккрории мина омӯзиш медиҳад. Онҳо гуфтаанд, ин кишвар низ дар мубориза ба ДИИШ саҳм дорад ва аз ин рӯ, ба он ҳамла кардан кори дуруст аст.
Онҳо Оқиловро ба ҳамлаи террористӣ омода кардаанд ва ҳангоми ҳамла ба ӯ роҳро нишон додаанд. Оқилов мегӯяд, ки онҳоро танҳо бо лақабҳояшон мешиносад.
Раҳмат Оқилов аз даъвати Парвиз Саидраҳмонов, сокини 30-солаи Душанбе бо лақаби “Абу Довуд” рӯҳбаланд шудааст. Ин ҷавони тоҷик соли 2014 ба сафи ДИИШ пайваст ва яке аз таблиғгарони фаъоли ин гурӯҳи террористӣ аст.
Раҳмат Оқилов бо Арсен Муҳоҷиров, доғистонии 30-сола бо лақаби “Абу Фотима” дар робита будааст. Радиои Озодӣ мушаххас кард, ки ӯ аз тарафи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст.
Ҳамла чӣ гуна сурат гирифт?
Рӯзи 7-уми апрел ба пулис хабар расид, ки мошини борбаре дуздида шуд. Ин дар ҳоли пайгирӣ буд, ки хабари дигаре Шветсияро такон дод: “Дар хиёбони Дроттенгаттан нафаре мошини борбарро ба сӯи издиҳом рондааст. Чанд нафар захмӣ шудааст ва қурбониён низ ҳаст”.
Хабаре, ки дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Оқилов фирор кард ва пулис баъди панҷ соати ҳодиса ӯро боздошт кард. Вай давоми панҷ соат тавонист ба Абу Усомаи Норакӣ ва Абу Умари форсӣ, ба истилоҳ аз кори худ “ҳисобот” диҳад.
Анна Карлсон, рӯзноманигори шведӣ ин рӯзро хуб дар ёд дорад. Ӯ гуфт, “ҳангоми ҳамла дар Истоҳи Марказӣ будам. Раҳмат Оқилов дар ҳамин истгоҳ барои фирор талош карда буд. Қасд дошт, аз ин фурудгоҳ ба фурудгоҳи дигар равад. Ӯро надидам. Ба телефонам назар андохта, талош доштам бидонам, ки чӣ ҳодиса рух додааст. Ман акси мошини борбари ба дохили дӯкони либосфурӯшӣ даромадаро дидам. Дӯсти қаринам маҳз дар ҳамин ҷой, дар толори ороишӣ кор мекард. Гӯё қалбам аз ҳаракат бозмонд. Барои тамос бо дӯстам талош кардам. Аммо посух надод. Ман хабари эҳтимоли кушта шудани 4 ё 5 нафарро хондам. Вуҷудам ларзид. Наметавонистам бо дӯстам дар тамос шавам. Баъдан худи ӯ ба ман занг зад. Зинда будааст. Гурӯҳи наҷот онҳоро ба макони амн интиқол додааст. Дӯстам сиҳату саломат будааст. Он лаҳзаҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам”.
Таҳқиқи парвандаи Раҳмат Оқилов нӯҳ моҳ тӯл кашид. Рӯзи 30-уми январи имсол Додситонии Шветсия ӯро расман дар ҳамлаи террористӣ муттаҳам кард. Раҳмат Оқилов то замони ин ҳамла бо як чечен, ду узбек ва беш аз 30 ҷангҷӯи зоҳиран тоҷики узви ДИИШ тамос доштааст.
Бино ба иттилои нерӯҳои амниятии Шветсия, ӯ ба танҳоӣ ин ҳамларо анҷом надодааст. Ба таъбири ин манбаъ, Раҳмат Оқилов “дар ҳамлаи террористӣ бо чанд нафар дар робита будааст”.
Тибқи гузориш, аз ҷумлаи онҳо танҳо як нафар дар Шветсия буда, дигарон дар хориҷ қарор доштанд. Ҳувияти ин афрод ошкор нашудааст. Пулиси амниятии Шветсия вуҷуди мушкилро дар амри мушаххас кардани ҳувияти ин афрод эътироф кард.
Робитаҳоро пайдо кардан душвор, онҳо аз лақабҳои сиррӣ ва сӯҳбат ё чатҳои пӯшида истифода мекунанд. Дар ин парванда нақши ҳар яке маълум аст. Нафаре бо лақаби Абу Фотима бо забони русӣ ба ӯ тарзи омода кардани маводи таркандаро омӯзиш додааст. “Қорӣ Усмон” - нафари дигари тоҷик низ барои таҳияи маводи тарканда ба ӯ кумак кардааст, вале шахсияти ин нафар маълум нест.
Ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки пушти номи Абу Фотима Арсен Муҳоҷиров, шаҳрванди сисолаи Доғистони Русия қарор дорад. Абу Усомаи Норакӣ ва Абу Умари Форсӣ, ки бо ӯ бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кардаанд, ӯро барои анҷоми ҳамла таҳрик додаанд.
Раҳмат Оқилов гуфтааст, Абу Усомаи Норакӣ дар ДИИШ “амир” аст ва гоҳ-гоҳе ба Афғонистону Сурия низ сафар мекунад. Ӯ ба Абу Умар байъат ё савганди вафодориаш ба ДИИШ-ро фиристодааст.
Абу Муҳаммад, Тоғутшикан, Муовияи тоҷикӣ, Муовияи Регарӣ, Абу Яҳё, Қорӣ Усмон, Абу Аюб Кӯлобӣ, Муази Шомӣ, Абу Мусо, Абу Аиша, Муҳаммад Мискин, Абу Абдураҳмон, Абу Аббос Камаровӣ, Абу Яҳё - аз ҷангҷӯёни ДИИШ ҳастанд, ки то замони ҳамла давоми шаш моҳ бо Раҳмат Оқилов бо забони тоҷикӣ бо ӯ мукотиба доштанд.
Абу Усомаи Норакӣ кист?
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз миёни ин номҳо танҳо шахсияти Абу Усомаи Норакӣ барояшон маълум аст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зери ин лақаб Тоҷиддин Назаров, сокини 32-солаи шаҳри Норак пинҳон аст, ки расман таҳти ҷустуҷӯст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми феврал дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷониби Шветсия барои ҳамкорӣ дар мавриди дақиқ кардани шахсияти онҳое, ки гуё Оқил Раҳматов, шаҳрванди Узбакистонро ба амали террористӣ раҳнамоӣ кардаанд, муроҷиат барои ҳамкорӣ дарёфт накардаанд.
“Ҳолати аз ҷониби як гурӯҳи ҷангҷӯёни тоҷик раҳнамоӣ шудани Оқил Раҳматов, шаҳрванди Узбекистон, ки дар ҷумҳурии Шветсия бо истифода аз воситаи нақлиёт панҷ нафарро ба ҳалокат расонида, даҳ нафарро маҷрӯҳ сохт, маълумот надорем. Дар хусуси номҳои зикргардида, Вазорат танҳо оид ба Абу Усомаи Норакӣ, ки Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, сокини шаҳри Норак аст, маълумот дорад. Тоҷиддин Назаров дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурияву Ироқ иштирок дошта, айни замон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад. Оид ба зинда ё мурда будани номбурда маълумот мавҷуд нест. Доир ба номҳои дигари зикргардида бояд қайд намуд, ки чунин номҳо зиёданд ва дар пушти чунин номҳо киҳо қарор доранд, ба мо маълум нест”, - омадааст дар посухи катбии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Йоҳан Олсон, сардори пулиси амниятии Шветсия, гуфтааст, то ҳол шахсияти нафароне, ки бо Раҳмат Оқилов тамос дошт, барояшон маълум нест, вале онҳо барои ошкор кардани шахсияти онҳо таҳқиқро идома медиҳанд.
Ҳарчанд Вазорати умури дохилии Тоҷикистон “зинда ё мурда” будани Абу Усомаро тасдиқ накардааст, вале ба назар мерасад, ки ӯ ҳанӯз зинда аст.
Аммо бори охир Абу Усомаи Норакӣ рӯзи 26-уми январи имсол дар радиои “Зелло” ба сӯҳбати Мулло Ҳайдар Шарифзода вокуниш кардааст. Сӯҳбати Мулло Ҳайдар рӯзи 20-уми январ нашр шуда буд. Ин садоро ҳам мақомоти тоҷик ва ҳам пайвандони Абу Усома ба ӯ марбут медонанд. Аз ин рӯ метавон хулоса кард, ки то рӯзи 26-уми январ ӯ зинда будааст.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ маълум кард, ки аз лақаби Абу Умари Тоҷикӣ ё Форсӣ, ки дар парванда зикр шудааст, ҷангҷӯе бо номи Фарҳод Ҳасанов истифода кардааст. Фарҳод Ҳасанови 25-сола, зодаи ноҳияи Нуробод ва сокини шаҳраки Шарораи Ҳисор, бо ҳамон аксе, ки дар видеоҳои таблиғотии ДИИШ бо номи Абу Умар дар Ироқ сӯҳбат мекард, дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад. Ӯ то соли 2016 таблиғгари фаъоли ДИИШ дар Ироқ буд.
Оқилов чаро ба ҷангҷӯёни тоҷик симкорт мехарид?
Сӯҳбатҳои Раҳмат Оқилов бо ҷангҷӯёни ДИИШ тариқи Вотсап, Телеграм ва “Зелло” сурат гирифтааст. Ӯ узви фаъоли гурӯҳи “Раҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ” будааст, ки дар шабакаи интернет аз тарафи ҷангҷӯёни тоҷик истифода мешавад.
Дар парванда дида мешавад, ки ҷангҷӯёни тоҷик ҳамеша аз Оқилов хостаанд, то барояшон симкорт харидорӣ кунад. Ин симкортҳо барои ҷангҷӯёни тоҷик барои боз кардани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Телеграму Вотсап хидмат кардааст.
Аз сӯҳбатҳо дида мешавад, вақте ҷангҷӯёни тоҷик бо рақамҳои шведӣ шабакаҳои худро фаъол мекунанд, Раҳмат Оқилов онҳоро мепартояд. Дар парванда дида мешавад, ки Оқилов ба беш аз 30 ҷангҷӯи тоҷик симкортҳои шведӣ харидааст.
Дар сӯҳбатҳо Оқилов бо шеваи самарқандии забони тоҷикӣ сӯҳбат кардааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба сафи ДИИШ пайвастаанд. Аксари онҳо бо пайвастан ба ДИИШ аз номи аслии худ даст кашида, аз исмҳои мустаор, ки бештар бо “Абу” сар мешаванд, истифода мекунанд.