Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон панҷ узви як хонаводаро ба Тоҷикистон истирдод кард. ВИДЕО, САДО


Акси Абдулфайз Вазиров
Акси Абдулфайз Вазиров

Панҷ узви як хонавода аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз Эрон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин хонавода моҳе пеш ҳангоми талоши убури марз аз Зоҳидони Эрон ба Афғонистон боздошт шудааст. Ба қавли онҳо, Абдулфайз Вазирови 33-сола ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-сола қасд доштаанд, ҳамроҳ бо кӯдакони 9, 6 ва 2-солаи худ ба Афғонистон рафта ва дар онҷо ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайванданд. Ин хонавода шаш моҳи пеш аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба Русия рафта, баъдан тариқи Туркия то Эрон расидаанд.

Навор дар инҷост:

Эрон панҷ узви як хонаводаро ба Тоҷикистон истирдод кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Онҳо қабл аз сафар як ҳафта ба шаҳри Норак рафта, модари Анӯшервон Азимов, маъруф бо тахаллуси "Анас"-ро парасторӣ кардаанд.

Ҳоло ин ҷуфт дар боздошт қарор доранд ва се кӯдаки онҳоро наздиконашон парасторӣ мекунанд. ​Фарҳод Вазиров, бародари Абдулфайз, рӯзи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш ҳамроҳ бо ҳамсару кӯдакони хурдсол бо қасди тиҷорат аз Тоҷикистон хориҷ шуда буд. Ба қавли ӯ, Абдулфайз дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ фурӯшгоҳ дошт ва баъди қарздор шудан тасмим гирифт, ки барои кор аз Тоҷикистон хориҷ шавад.

Эрон "ҷиҳодӣ"-и тоҷикро бо зану се фарзандаш ба Тоҷикистон супурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00
Линки мустақим

"Гуфт, барои кор меравад, то қарзҳояшро пардохт кунад. Баъдан чанд моҳ нопадид шуд. Ду-се моҳ пеш занг зад ва гуфт, ки дар Туркия ҳаст ва дар онҷо кор мекунад. Моҳе пеш хабари боздошташро аз Зоҳидони Эрон шунида ҳайрон шудем", - гуфт ӯ.

АКСУ САДО: Як шаҳрванди Тоҷикистон занҳояшро гузошта бо тифли хурдсоли худ ба Афғонистон рафтааст:

Тоҷике занҳояшро канор гузошта бо писари хурдаш ба ДОИШ пайвастааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Ҳарчанд, ба гуфтаи Фарҳод, қаблан овозаҳо пайдо шуда буд, ки бародараш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Сурия рафтаанд, вале онҳо ба ин бовар намекарданд. Хуршед Қурбонов, раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ин хонавода дар онҷо зиндагӣ мекард, рӯзи 3 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хонаводаҳои осебпазир ҳамеша сӯҳбат мекунанд, вале ин хонавода дар чунин як рӯйхате қарор надошт. Раиси ҷамоат гуфт, ин хонаводаро аз наздик мешинохт ва ҳамеша дар бораи тиҷорат сӯҳбат мекарданд.

Барояшон маслиҳат медиҳанд, ки аз тариқи Зоҳидони Эрон ба Афғонистон, ки онҳо “аморати Хуросон” ном мебаранд, рафта бипайванданд, вале дар марз қабл аз убур боздошт мешаванд

Мақомот мегӯянд, Абдулфайз ва ҳамсараш аз қабл аз андешаҳои ифротӣ пайгирӣ карда ва ҳатто барои рафтан ба Сурия ё Ироқ моҳҳо омодагӣ дидаанд. Як ҳамсӯҳбати мо аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин хонавода ба нафаре бо номи "Абу Усомаи Норакӣ", ки ду сол боз дар Ироқ қарор дорад, дар иртибот буда, бо роҳнамоии ӯ амал мекардаанд.

"Онҳо қабл аз сафар як ҳафта ба шаҳри Норак рафта, модари Анӯшервон Азимов, маъруф бо тахаллуси "Анас"-ро парасторӣ кардаанд. "Анас" ҳамон нафарест, ки беш аз сад ҷавони тоҷикро ба Ироқ фиристода ва худаш соли гузашта кушта шудааст. Баъдан онҳо ба Туркия мераванд, вале чун марз баста будааст, ба Сурия гузашта наметавонанд. Барояшон маслиҳат медиҳанд, ки аз тариқи Зоҳидони Эрон ба Афғонистон, ки онҳо “аморати Хуросон” ном мебаранд, рафта бипайванданд, вале дар марз қабл аз убур боздошт мешаванд", - гуфт ӯ.

Дар бозпурсиҳои аввал ин хонавода ҳадафи сафари худ ба Эронро саёҳат унвон кардаанд, вале мақомот мегӯянд, тамоми далелҳо дар бораи ҳадафи сафари ин хонаводаро рӯи даст доранд. Боздошт ва истирдоди ин хонавода аз Эрон дар ҳолест, ки моҳе пеш мақомот гуфтанд, Муҳаммад Хоҷаев – сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ – моҳи декабри соли гузашта аз Русия ба Зоҳидони Эрон ва сипас ба Афғонистон гузаштааст .

Аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ин хонавода аз он ҷост, 17 нафар дар Сурия ва Ироқ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG