“Набераҳоям дар он тарафи марзанд” ВИДЕО

Ин шабу рӯз сокинони зиёде дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба самти гузаргоҳи “Гулбаҳор” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон шитоб доранд. Ба гузаргоҳи муҳиме, ки Хатлон ва Сурхондарё – ду вилояти бузургро ба ҳам мепайвандад. Баъзеҳо ҳаяҷонӣ шудаанд, чун баъд аз солҳо азизонашонро мебинанд.

Духтарам дар Узбекистон аст, дар Ҷарқӯрғон. Додараму хоҳарам, хулоса ними пайвандон дар он тарафи марз ҳастанд.

Зӯҳро Мардоева, сокини ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз ба далели мушкили сафар наметавонист ба дидорбинии наздиконаш ба он тарафи марз биравад. “Роҳ баста буд. Шиносномаи хориҷӣ мепурсиданд. Шароит надоштам ва нарафта будам. Дар Узбекистон ду хоҳарам ҳаст, бародари шавҳарам ҳаст, янгаам ҳаст”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Набераҳоям ҳама дар он тарафи марзанд

Гузаргоҳи “Гулбаҳор”-ро 6 сол қабл бо амри раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов бастанд. Ҳазорон нафар аз дидори хешовандони худ, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбекистон, маҳрум шуданд. Ин гузаргоҳ рӯзи 7-уми марти имсол бо ҳузури раҳбарони вилояти Хатлону Сурхондарё дубора боз шуд.

Ба хабарнигорони мустақил иҷоза нашуд, ки лаҳзаи ифтитоҳи гузаргоҳро аз наздик мушоҳида кунанд. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи “Айвоҷ” бо онҳое сӯҳбат кард, ки мехостанд, дар аввалин рӯзи ифтитоҳи гузаргоҳ аз он бигзаранду ба Узбекистон бираванд.

  • “Дувоздаҳ сол шуд. Духтарам дар Узбекистон аст, дар Ҷарқӯрғон. Додару хоҳарам, хулоса ними пайвандон дар онҷо ҳастанд.”
  • “Набераҳоям дар онҷо ҳастанд.”
  • “Дар он тарафи марз хешутабор ва рафиқонам зиёданд.”

Ин мардум ҳақ доранд, бе муроҷиат ба сафорат ва бе гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба ноҳияҳои марзии Узбекистон барои 5 рӯз сафар кунанд ва ё баръакс сокинони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон биёянд.

Гузаргоҳи “Гулбаҳор” дар Шаҳритус яке дигар аз гузаргоҳҳои марзӣ аст, ки дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Душанбе боз карданд. Дар рӯзи аввали моҳи март миёни Тоҷикистону Узбекистон 9 гузаргоҳ, аксаран дар вилояти Суғд, ифтитоҳ шуд.

То кунун аз 16 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон танҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ва гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ фаъол буд.