Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистон. АКС, ВИДЕО


Дар пайи иҷозаи рафтуомади бидуни виза барои сокинони наздимарзӣ, ҳоло тиҷорату савдои наздисарҳадӣ дар авҷ аст. Гузаргоҳи "Дӯстӣ"-и Турсунзода ин шабу рӯз ба нуқтаи муҳими фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии ду кишвар табдил шуда, даромади хонаводаҳои зиёдро ҳам афзун кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозори гарми наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Гузаргоҳи серодам

Субҳи 6-уми март озими марзи муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Турсунзода шудем ва атрофи гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-ро серодам дарёфтем. Як сол пеш, замоне, ки ба пешвози кӯмакҳои башардӯстонаи Узбекистон ба осебдидагони тармафароиҳои Тоҷикистон омада будем, дар ин гузаргоҳ мусофирони камеро медидем, ки қасди сафар ба Узбекистонро доштанд.

Cокинони кишвари ҳамсоя ҳамарӯза аз Узбекистон ба Тоҷикистон тухми мурғу анор ва мош меоварад ва бо худ ба Узбекистон себу нок ва мандарину ашёи рӯзгорро мебаранд.

Дар як соли ахир дар пайи тағйироти куллӣ дар равобити миёни Душанбе ва Тошканд, акнун ин гузаргоҳ шабурӯз серодам аст. Тоҷирони тоҷик аз Душанбеву Кӯлоб ҳам барои харидории маҳсулоти арзони тавлиди Узбекистон омада, интизори аз қаламрави кишвари ҳамсоя баргаштани шаҳрвандоне мешаванд, ки ҳамакнун бемамоният бо худ миқдори зиёди маводи мавриди ниёзи сокинони Тоҷикистонро меоварданд.

Савдо дар авҷ аст

Дар маҳалле, ки солҳои қаблӣ таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиётӣ дар назди гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистон воқеъ буд, ҳамакнун мақомоти маҳаллӣ дар тараддуди сохтмони бозори муваққатии наздимарзӣ ҳастанд. Аз нигоҳи аввал шахс ба хулосае меояд, ки ин таваққуфгоҳ ба бозори тухми мурғ табдил шудааст.

Дар ҳар гӯшаи ин бозорчаи худсохт мошинҳои хусусии соҳибкорони тоҷику узбак бо миқдори зиёди бастаҳои тухми мурғ ба мушоҳида мерасад. Муносиб ба фурӯшанда харидори зиёд ҳам дар ин бозор машғули хариди яклухту чакана мебошад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар тарафи муқобили марз дар ҳудуди Узбекистон ҳам дар минтақаи ба истилоҳ нейтрал ё батараф, нуқтаи савдои дигаре амал мекунад.

"Ҳеҷ маҳдудияте нест"

Субҳонқул Юлдошев, сокини ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шароити фароҳамшуда барои тиҷорати наздимарзӣ истиқбол кард ва гуфт, ки ҳоло марзбонони ду кишвар барои тоҷирони байнимарзӣ ҳеҷ монеае эҷод намекунанд. Ин сокини кишвари ҳамсоя ҳамарӯза аз Узбекистон ба Тоҷикистон тухми мурғу анор ва мош меоварад ва бо худ ба Узбекистон себу нок ва мандарину ашёи рӯзғорро мебарад, зеро арзиши ин маҳсулот дар кишварҳои ҳамсоя гаронтар будааст.

Субҳонқул Юлдошев афзуд, ки ҳеҷ маҳдудияте дар омаду рафти сокинони минтақаҳои наздимарзӣ вуҷуд надорад ва онҳо метавонанд дар масофаи то сӣ километр дар кишвари ҳамдигар бошанд. Ин сокини Узбекистон дар идома гуфт, ки маъмурони гумрук ҳам барои ворид кардани мол ҳеҷ маҳдудият нагузоштаанд ва агар маҳсулот дар бозор харидор дошта бошад, ҳар кас метавонад чӣ миқдоре ки хоҳад, ворид кунад.

"Агар шахсе хоҳад бо мошин вориди Тоҷикистон ё Узбекистон шавад, бояд 45 доллари амрикоӣ боҷи гумрукӣ супорад, аммо шарт ҳамин аст, ки мошин бояд ба номи худи ҳамин шаҳрванд бошад. Яъне бо мошини дорои ҳуҷҷати иҷозатшуда ё ба истилоҳ "доверенност" ба кишвари ҳамдигар ворид шудан манъ аст",-афзуд ин сокини ноҳияи Сариосиёи Узбекистон.

Аммо Хосият Ҳамроева, кишоварз ё ба истилоҳ фермери сокини ноҳияи Дашнободи вилояти Сурхандарё мегӯяд, ки зиндагии хонаводаи ӯ баъди боз шудани марзҳо хеле беҳтар шуд: “Аз кишоварзӣ фоидаи хубе ба даст намеоварам ва имкони тиҷорат бо Тоҷикистон бароям шароит фароҳам кард, ки фоидае ба даст оварам. Ташаккур ба президенҳои Узбекистону Тоҷикистон, ки барои густариши ҳамкориҳо тавофуқ карданд. Умедворам, шароит боз беҳтар мешавад”.

Тухми арзони Узбекистон ба Тоҷикистон сарозер мешавад

Ба гуфтаи фурӯшандаҳои ин бозори наздимарзӣ, то ду ҳафта пеш қиммати як бастаи 30-донагии тухм дар ноҳияҳои ҳаммарзи Узбекистон 5-6 сомонӣ ба пули тоҷикӣ буд, аммо баъд аз боз шудани гузаргоҳи марзӣ нархи он дар Узбекистон то ба 10 сомонӣ боло рафтааст. Дар бозори наздимарзии “Дӯстӣ” як бастаи тухми мурғ ба нархи 17-18 сомонӣ ба фурӯш меравад. Аммо дар бозорҳои шаҳри Душанбе як бастаи тухми мурғ то ба 27 сомонӣ мерасад.

Машокир Назаров, сардори раёсати мурғпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки феълан ҳудуди 100 корхонаи бузургу кӯчаки паррандапарварии Тоҷикистон 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд. Дар посух ба ин савол, ки чаро то ҳол корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон ба коҳиши арзиши тухми истеҳсолшуда даст намеёбанд, ҷаноби Назаров гуфт, ки иллати ин амр дар гаронии хӯроки парранда аст, ки аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Узбекистон ворид мешавад. Ҳамакнун метавон ҳадс зад, ки минбаъд 20 дарсади камбуди тухми парранда дар Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти он на танҳо аз Покистон, балки аз Узбекистон низ ҷуброн хоҳад шуд.

Робитаҳо гармтар мешаванд

Дар оғози моҳи марти имсол Тоҷикистону Узбекистон расман 9 гузаргоҳи марзиро дар миёни ду кишвар ифтитоҳ карданд ва муқаррароти аз солҳои пеш амалкунандаи убуру мурури бидуни раводид барои сокинони наздимарзӣ, ки ахиран кор намекард, дубора фаъол шуд.

Ҳоло шаҳрвандони ин ду кишвар умедворанд, ки баъди сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва имзо шудани созишномаҳои ҳамкорӣ, эҳтимоли бардошта шудани низоми раводид пурра ҳал мешавад. Дар ин сурат сокинони ду кишвар новобаста аз маҳалли зисташон метавонанд бидуни мамноиат вориди кишварҳои ҳамдигар шаванд.

Мақомоти ду кишвар мегӯяд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу колои миёни ду кишвар чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 69 миллион доллар баробар шуд ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

XS
SM
MD
LG