Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи байни Шаҳритус ва Сурхондарё боз шуд. АКС


Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор" дар ноҳияи Шаҳритусро ифтитоҳ карданд. Ин гузаргоҳ, ки рӯзи 7-уми март мавриди истифода қарор гирифт, вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Сурхондарёи Узбекистон мепайвандад.

  • Ҳафтаи гузашта дар марзи вилояти Суғд бо Узбекистон чанд гузаргоҳи марзӣ ифтитоҳ ёфта буд.
Раиси вилояти Сурхондарё тоҷиконро ба таҷлили муштараки ҷашни Наврӯз дар Тирмиз даъват кард. Ин ҷашн рӯзи 16-уми март баргузор хоҳад шуд

Гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор", ки тайи шаш соли охир баста буд, дар гузашта яке аз роҳҳои муҳими автомобилгарди миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба шумор мерафт. Мавқеъгирии ин гузаргоҳи марзӣ аз назари стратегӣ аҳамияти муҳими дигар дорад: дар фосилаи тақрибан як-ду километр аз ин макон сарҳади Афғонистон воқеъ аст.

Аз ҳамин хотир, рӯзи чаҳоршанбе дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистон тадбирҳои амниятӣ шадид буд ва хабарнигорони расонаҳои мустақилу хориҷиро ба дохилтари марзи Узбекистон роҳ надоданд.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ва аз тарафи Узбекистон – раиси вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов иштирок карданд. Мақомот ба зарурати ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату савдо, сайёҳиву фарҳанг, рушди кишоварзӣ ва таҷрибаомӯзии ҷавонон таъкид намуданд. Раиси вилояти Сурхондарё тоҷиконро ба таҷлили муштараки ҷашни Наврӯз дар Тирмиз даъват намуд. Ин маросим рӯзи 16-уми марти имсол баргузор мешавад.

Даъвати ду раис аз якдигар

Эркинҷон Турдимов ба Давлатшо Гулаҳмадзода гуфтааст, дар ин вилоят 11 мудири мактаб тоҷикони муқими он кишвар ҳастанд ва солҳои охир аз ҳисоби тоҷикони маҳаллӣ мутахассисонро ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба кор ҷалб мекунанд. Давлатшо Гулаҳмадзода дар навбати худ аз ҷавонҳои сокинони манотиқи наздимарзии Узбекистон даъват кардааст, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Бохтар таҳсил кунанд.

Ифтитоҳи гузаргоҳ бо ҳузури ҳазорҳо сокини маҳаллӣ ва даставу гурӯҳҳои ҳунариву мусиқӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) дар ин маросим ҳунармандони театри мусиқию мазҳакавии шаҳри ба номи Ато Муҳаммадҷонов иштирок карданд. 45 намояндаи мақомоти Тоҷикистон пас аз анҷоми маросими ифтитоҳи гузаргоҳ дар ҳудуди ин кишвар ҳамроҳ бо 45 мақоми Узбекистонӣ ба ҳудуди Узбекистон ворид шуданд.

Панҷ рӯз - бе виза

Мувофиқи созишномаҳо, сокинони деҳоти наздимарзии ҳарду кишвар ҳақ доранд то панҷ шабонарӯз бидуни раводид дар ҳудуди кишварҳои якдигар бошанд. Интизор меравад, баъди боздиди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10-уми март ду кишвар шароити сафар ба қаламрави ҳамдигарро сабуктар мекунанд.

Аксҳои бештарро дар инҷо тамошо кунед:

Дар аҳди Ислом Каримов равобити Узбекистон ва Тоҷикистон ба сардӣ гароид ва аксар гузаргоҳҳои марзӣ маҳдуд ва созишномаҳои имзошуда пурра иҷро намешуд. Ҳоло Тошканд ва Душанбе барои азсаргирии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ кардаанд ва дар Тоҷикистон мегӯянд, дар миёни 25 созишномаи байнидавлатӣ мавзӯи сабукӣ дар сафари шаҳрвандон ҳам матраҳ мешавад.

Ҳаракати қатори борбар тавассути Амузанг

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҷараёни омодагиҳо ба ифтитоҳи гузаргоҳи марзии “Гулбаҳор” хабар доданд, ки таъмири истгоҳи роҳи оҳани Амузанг дар ҳудуди Узбекистон пурра анҷом шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бо инки маросими ифтитоҳи ин роҳ баргузор нашуд, ҳаракати қаторҳои борбар ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, шоми 6-уми март аз истгоҳи Хушодии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус қатори борбари иборат аз тахминан 30 вагон аз Узбекистон ба самти Қубодиёни Тоҷикистон ҳаракат кард.

XS
SM
MD
LG