Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон эълон карданд, ки марзи Тоҷикистону Узбакистон ором буда, ба ин минтақа нирӯҳои иловагӣ фиристода нашудааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "хабари тақвияти марзи Тоҷикистон бо Узбакистон асос надорад" ва илова кард, ки "шеваи нигаҳбонии марз тағйир наёфтааст".
Шояд кишварҳои ҳамсоя ба таври якҷониба марзҳояшонро банданд, вале мо то ба ҳол дастуре дар ин замина дарёфт накардаем.Муҳаммад Улуғхоҷаев
Масъулони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, инчунин, ҳамагуна марзбандиҳоро ба хотири таҷлил аз ҷашни 25-солагии истиқлоли кишвар рад карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфт, "фаъолият дар марз бо кишварҳои ҳамсоя тибқи санадҳои имзошуда ҷараён дорад ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ мувофиқи тартибот ва муқаррарот фаъоланд. Ба фикрам, марзҳои Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни истиқлол баста нахоҳад шуд, балки фаъолияти нирӯҳои марзбонӣ мувофиқ ба реҷаи рӯз амалӣ мешавад."
Аммо сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар иртибот ба кишварҳои ҳамсоя, ки дар арафаи таҷлил аз истиқлоли хешанд, гуфт, "шояд онҳо ба таври якҷониба марзҳояшонро банданд, вале ҷониби мо то ба ҳол дастуре дар ин замина дарёфт накардааст."
Баъди бемории Ислом Каримов
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои Русия аз қавли манобеи наздик дар ҳукумати Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар иртибот ба иттилои зиддунақиз дар бораи вазъи саломати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ва имкони ташаннуҷ дар марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар ин марз чораҳои амниятӣ тақвият дода шудаанд.
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 78-солаи Узбакистон, рӯзи шанбеи гузашта бар асари хунравии мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда, ба қавли духтари хурдиаш Лола Каримова-Тиллоева, дар шуъбаи эҳё қарор дорад.
Каримов аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ раҳбарӣ дорад. Ӯ соли 1983 вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидо раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.
24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд ва, ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард. Вай бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.
Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард.