Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равуои мошинҳои Тоҷикистон дар Узбакистон осон шуд (ВИДЕО)


Қурбонхон Саидов, сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Қурбонхон Саидов, сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳукумати Узбакистон мӯҳлати рафтуомади транзитии мошинҳои боркаш дар қаламрави худро аз се рӯз то ба даҳ рӯз тамдид кардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин иқдоми Тошканд ҳаракати мошинҳои борбар ва сабукрав дар тамоми гузаргоҳҳо ва роҳҳои мошингарди Узбакистонро осон кардааст.

Ҳукумати Узбакистон мӯҳлати рафтуомади транзитии мошинҳои боркаш дар қаламрави худро аз се рӯз то ба даҳ рӯз тамдид кардааст. Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин иқдоми Тошканд ҳаракати мошинҳои борбар ва сабукрави Тоҷикистон дар тамоми гузаргоҳҳо ва роҳҳои мошингарди Узбакистонро саҳлу осон намудааст.

Қурбонхон Саидов, сардори раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 26 август дар сӯҳбати ихтисосӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ дар иртибот ба масъалаи беҳбуд ёфтани ҳаракати тронзитии мошинҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон посух дод.

Равуои мошинҳои Тоҷикистон дар Узбакистон осон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00

Радиои Озодӣ: Аз се ба 10 рӯз тамдид ёфтани муқаррароти ҳаракати транзитии мошинҳо дар қаламрави Узбакистон то куҷо ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд?

Қурбонхон Саидов: “Бубинед, дар мӯҳлати се рӯз барои ронандагони мо убур кардани роҳҳои мошингарди Узбакистон сангинтар буд, зеро ҳар ронанда баъди тай намудани роҳ, бояд 30 дақиқа истироҳат кунад. Вале ин имконпазир набуд ва вақт танг буд. Аз ин рӯ, ронандаҳо бидуни таваққуф ҳаракат мекарданд, то 1600 километрро тай кунанд. Ҳоло сухан дар бораи саривақт убур кардани роҳи транзит меравад, ки бо 10 рӯз тамдид шудани он, саҳлу осон шудааст.

Радиои Озодӣ: Бар асоси ин муқаррарот, кадом навъи мошинҳоро дар назар доред, ки имкони ҳаракат дар роҳҳои Узбакистонро доранд?

Қурбонхон Саидов: Таҳрире, ки ҳукумати Узбакистон дар Кодекси гумрукии худ кардааст, ба ҳамаи навъҳои мошинҳо, шурӯъ аз нақлиёти боркаш то мошинҳои сабукравро дар бар мегирд. Ман қабл аз сӯҳбатамон бо ронандагони тоҷик, ки дар роҳи бозгашт аз Қазоқистон ба самти Узбакистон қарор доранд, гуфтугӯи телефонӣ доштам. Онҳо гуфтанд, ки вақте аз Тоҷикистон хориҷ шуда будем, моҳи июл буд ва нозирони гумруки Узбакистон мушкил эҷод мекарданд, ҳоло дар роҳи бозгашт ҳеҷ мушкиле эҳсос намекунанд. Ҷониби Узбакистон ин муқаррароти худро аз ибтидои моҳи август ҷорӣ кардааст ва фикр мекунам ба қувваи амал даромадааст. Яъне, вай хоҳ мошини сабукрав аст ва ё боркаш, баъди он, ки марзи Узбакистонро убур мекард, ӯҳдадор буд, ки дар зарфи се рӯз қаламрави ин кишварро тарк кунад. Ҳоло 10 шабонаруз хеле фурсат аст.

Радиои Озодӣ: Дар муддати як ҳафта чӣ қадар нақлиёти Тоҷикистон аз роҳҳои мошингарди Узбакистон тариқи транзит ба хориҷ мераванд?

Қурбонхон Саидов: Ҳоло ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳаракати нақлиёт тавассути қаламрави Тоҷикистон тариқи 10 гузаргоҳи сарҳадӣ сурат мегирад ва аз Тоҷикистон тавасути гузаргоҳҳои ғарби пойтахт ва гузаргоҳҳои воқеъ дар вилояти Суғд сурат мегиранд. Ин муқаррарот ба мошинҳои боркаше, ки аз Эрон, Туркия, Туркманистон ва аз кишварҳои дигар тавассути қаламрави Узбакистон тариқи транзит ба бозорҳои Тоҷикистон молу коло меоранд, низ тааллуқ дорад. Ва ба мошинҳое, ки аз дохил ба кишварҳои хориҷ молу коло меоранд, низ бастагӣ дорад.

Радиои Озодӣ: Давоми 6 моҳи ахир воридоту содироти молу коло тариқи роҳҳои мошингарди Узбакистон чӣ миқдор буд?

Қурбонхон Саидов: Танҳо дар 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 173 ҳазору 40 тонна молу коло тавасути роҳҳои мошингарди Узбакистон ба берун интиқол дода шудааст ва воридот се маротиба бештар аз ин рақам мебошад, ки зикр кардем. Бояд таъкид кунам, ки ин муқаррароти ҷадиди Узбакистон дар роҳи густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар транспорт муҳим буда, дар системаи ҳамгироии нақлиётии минтақа, таъсири мусбат хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG