Додгоҳи ноҳияи Панҷ як сокини узбактабори ноҳияи Панҷакентро ба 12 соли зиндони низоми нигаҳдориаш пурзӯр маҳкум кард.
Азамат Элмурзаеви 24-сола, ки худ зодаи Панҷакент аст, бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва экстремистӣ", муҷрим дониста шуд.
Ба иттилои манобеи додгоҳи ноҳияи Панҷ, Азамат ҳанӯз моҳи июли соли 2010 ба Ҷунбиши исломии Узбакистон шомил шуда, ҳамроҳи як шаҳрванди Афғонистон аз ҳудуди ноҳияи Панҷ ба он сӯи марз ғайриқонунӣ гузаштааст.
"Азамат Элмурзаев аз моҳи августи соли 2010 то моҳи феврали соли 2011 дар ҳудуди Афғонистон дар ҳайати Толибон ба муқобили низомиёни НАТО якчанд маротиба дар муҳорибаҳои низомӣ ширкат кардааст. Моҳи август ба шаҳри Мироншоҳи Покистон омада, дар маркази ҷамоати "Ислом ҷиҳод иттиҳоди", ки яке аз гуруҳҳои Ҳизби исломии Туркистон будааст, то моҳи июни соли 2012 қарор гирифтааст. Дар ин муддат ӯ дар марказҳои таълимдиҳии ҷамоати "Ислом ҷиҳод иттиҳоди" истифодабарии яроқҳои гуногуни оташфишон, истифода ва омода кардани воситаҳои таркишро омӯхта, дар ҳайати ҷамоати мазкур дар муҳорибаҳои ҳарбӣ бар зидди қувваҳои ҳарбии ҳукумати Покистон иштирок намуд",-изофа кард манбаъ аз додгоҳи Панҷ.
Нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Азамат Элмурзаевро тобистони имсол дар ноҳияи Панҷ, пас аз ғайриқонунӣ убур кардани марз, боздошт кардаанд. Тафтишот маълум кардааст, ки ӯ бо супориши раҳбари "Ислом ҷиҳод иттиҳоди" бояд ба зодгоҳаш - Панҷакент, ки бо Узбакистон ҳамсарҳад аст, баргашта, бояд барои ба Узбакистон фиристодани намояндагони ин гуруҳи созмонёфта шароит фароҳам меовард.
Тафтишот ҳамчунин робитаи Элмурзаев бо шаҳрвандони шахсияташон то охир номаълуми Узбакистону Русия ва Афғонистон, инчунин бо намояндагони Тоҳир Юлдошу ҷамоати "Ансоруллоҳ"-ро маълум кардааст.
Бо ин вуҷуд, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ 19 соли маҳрумият аз озодиро барои Азамат хоста буд, аммо додгоҳ "бо назардошти ҷавонӣ ва сидқан пушаймон будани ӯ аз содир кардани ҷиноят" барояш ҷазои "сабуктар", яъне 12 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ва то ду соли маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро таъин кард.
Ба иттилои манобеи додгоҳи ноҳияи Панҷ, ин ҳукм ҳоло нерӯи қонунӣ гирифта, Азамат Элмурзаев 12 соли оянда дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр нигоҳдорӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти додситонии Хатлон, имсол дар қаламрави вилояти Хатлон 11 ҷинояти экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба қавли онҳо, ду моҳ пеш мақомоти интизомӣ аз боздошти ду тан хабар доданд, ки "иҷрокунандаи супоришҳои махсуси ҷониби Узбакистон" будаанд. Боздоштшудаҳо И.Ҳ. ва М.Н., сокинони ноҳияи Шаҳритус, муддати 7 соли охир дар қаламрави Узбакистон ба сар бурда, барои анҷоми амалиёт ба Тоҷикистон омадаанд. Ҳарчанд манобеи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба хотири халал ворид накардан ба таҳқиқи парвандаи ин ду нафар, аз шарҳи бештари амалҳои содиркардаи онҳо худдорӣ мекунанд, аммо гуфта мешавад, ниҳодҳои вижаи Узбакистон кӯдакони ин зану шавҳарро гирифта ва онҳоро маҷбуран ба Тоҷикистон фиристодаанд, то супоришҳоеро иҷро кунанд.