Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба "аъмоли экстремистӣ" айбдор шуданд


акс аз навори боздошти нӯҳ гумонбар
акс аз навори боздошти нӯҳ гумонбар

Вазорати умури дохилаи Русия роҷеъ ба иттиҳоми аъзои “Ҳизби таҳрири исломӣ” хабар дод.

Дар Маскав нӯҳ шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон барои ташкили созмони байналмилалии террористӣ айбдор шуданд. Вазорати умури дохилаи (ВУД) Русия хабар дод, ки ин афрод аъзои созмони мамнӯи “Ҳизби таҳрири исломӣ” буда, дар ҳифзу нигаҳдории маводи тарканда ва муҳимоти ҷангӣ айбдор мешаванд. Дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ аз Маскав намояндаи ВУД Русия Геннадий Богачев гуфт, панҷ нафари боздоштшуда “раҳбарони бахшҳои ин созмон дар шаҳри Маскав ва қаламрави Русия будаанд”. Тафтишоти парвандаи мазкур дар ихтиёри Сарраёсати ВУД, раёсати Хадамоти федеролии амнияти Русия дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ва ҳамчунин Сарраёсати мубориза бо экстремизми ВУД Русия будааст.

Богачев мегӯяд, ки моҳи ноябри соли 2012 дар натиҷаи амалиёти тафтишотӣ “18 нафар бо иттиҳоми ширкати фаъолона дар ин созмони мамнӯъ” боздошт шуданд. Дар маҳалли иқомати ин афрод гӯё 10 норинҷак, ду силоҳи шикорӣ, шаш навъи дигари маводи тарканда ошкор шудааст. Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, ки дар баробари ин, аз дасти муттаҳамон пулҳои қалбакӣ, аз ҷумла, як миллион доллар ва ду миллион еврои сохта, ҳамчунин адабиёти хусусияти террористӣ дошта ошкор ва мусодира шудааст.

Манобеи дигар мегӯянд, ки мақомоти тафтишотии Русия ҳанӯз ду соли пеш дар паи ин гурӯҳ шудаанд. Интерфакс аз қавли мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, ки аъзои гурӯҳи “Ҳизби таҳрири исломӣ” ният доштанд дар истгоҳи роҳи оҳани “Москва-Рижская” дар таърихи 4 ноябри соли 2010 – яъне рӯзи Ваҳдати мардумии Русия таркише ташкил кунанд. Полис гуфтааст, ки аз ин амали террористӣ ҷилавгирӣ шудааст.


Дар масъалаи ҷалби ҷавонон мақомоти рус гуфтаанд, ки маъмулан ин корро афроди ношинос "дар масҷиду ибодатгоҳҳои" маҳаллӣ миёни сокинони Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ анҷом медоданд. Ин афрод бо нашри адабиёти таблиғотие машғул буд, ки ба сарнагунсозии сохти конститутсионии Русия даъват мекард ва ҳадафи ниҳоии он таъсиси “хилофат” дар қаламрави ин кишвар гуфта мешавад. Адабиёти таблиғотии ин гурӯҳ ҳам дар масҷидҳои минтақаи Маскав тақсим мешуд, гуфтааст манбаи Интерфакс дар вазорати умури дохилаи Русия.


Ба иттилои полиси Русия, яке аз аъзои ин созмони мамнӯъ дар Маскав ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби ҳамин парванда бо иттиҳоми ташкили созмони экстремистӣ боздошт шудааст, гӯё чопхонаи махфӣ ташкил карда, бо нашри адабиёти мамнӯъ машғул будааст. Моҳи ноябр, мегӯяд тафтишот, парвандаи ҷиноии ӯ ба додгоҳ ирсол шудааст.


Дар ҳоле, ки тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия то ҳол Душанберо роҷеъ ба боздошт ва иттиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон хабардор накардаанд. Илова ба ин, мегӯянд онҳо, "шумори шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва ҳам исми муттаҳамон барои онҳо маълум нест".

Шабакаи телевизионии "Пятый канал" (Русия) дар бораи боздошт ва иттиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар як гузориши видеоӣ хабар дод:

Иттиҳоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолиятҳои террористӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
XS
SM
MD
LG