Дар аксари мутолеоту мубоҳисоте, ки дар ин кишвар анҷом гирифтааст, мадрасаҳоро бо тундгароӣ ва ҳатто бо терроризм иртибот медиҳанд.
Чунин мадрасаҳо дар минтақаҳои мухталиф фаъолият мекунанд ва зери нуфузи маънавии гурӯҳҳо ва қавму қабоил қарор доранд. Шумораи дақиқи шогирдони мадрасаҳои исломиро дар Покистон аз 2 то 5 миллион нафар тахмин мезананд, зеро ҳар сол ин шумора кам ё зиёд мешавад.
Аз ин шумора соле тақрибан як миллион нафар мадрасаҳоро хатм мекунанд, соҳиби ба истилоҳ «диплом» мешаванд ва аз рӯи ихтисоси худ ба таблиғи дину мазҳаб мепардозанд. Бештари ин фориғуттаҳсилинро донишдида арзёбӣ мекунанд.
Вале ба шогирдони боқимонда чунин бахт муяссар намешавад ва бидуни дониши зарурии мазҳабӣ, яъне бесавод аз мадрасаҳо ронда мешаванд ё худашон тарки таҳсил мекунанд. Онҳо барои ҳали мушкилоти зиндагии худ ба зудӣ ба доми гурӯҳҳои тундрави мухталиф медароянд - гурӯҳҳое, ки ҳар як дар ҳар минтақа ҳадафҳои худро дунбол мекунанд.
Руҳулло Шоҳ, донишҷӯи ҷавони яке аз мадрасаҳои исломии Покистон мегӯяд: «Вақте мегӯянд, ки барои онҳо хӯрданӣ зарур аст ва онҳо таҳсили расмӣ надоранд ё ихтисос надоранд ва маҷбур ба ин роҳ рафтаанд, ин гапҳо дурӯғ аст. Нонро бо кор мешавад пайдо кард. Бо дониши хуб. Мо бояд тақозои дину мазҳабро хуб дарк кунем, бифаҳмем ва ба он эътимоди комил дошта бошем».
Бовуҷуди ин Муҳаммад Амир Рана - таҳлилгар аз Пажӯҳишгоҳи мутолеоти сулҳи Покистон мегӯяд, дар баҳсҳо роҷеъ ба терроризму тундгароӣ ҳамеша аз мадрасаҳои исломии Покистон ном мебаранд. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳамаи мадрасаҳо бо терроризм робитаи мустақим надоранд, аммо мутолеот нишон додааст, ки аз 10 то 15 дарсади ин мадрасаҳо бо терроризм иртиботи мустақим доранд ва дар байни аҳолӣ ақидаҳои тундгароиро доман мезананд. Таҳлилгарон ва сиёсатмадорон нигаронанд, ки устодони мадрасаҳо гоҳо чунин ақидаҳоро ба шогирдони худ низ таблиғ мекунанд.
Муҳаммад Амир Рана мегӯяд:«Ҷараёноти аслиро дар мадрасаҳои исломӣ ба се бахш ҷудо кардан мумкин аст. Ба бахши аввал шогирдоне дохил мешаванд, ки сатҳи дониши мазҳабиашон баланд аст, Ба бахши дуввум ононеро метавон дохил кард, ки сатҳи донишашон миёна аст ва бо усули аслии ислом ба таври умумӣ ошно мешаванд. Аммо ба бахши севвум ононе тааллуқ доранд, ки бо маълумоти кофии динӣ фаро гирифта намешаванд ва бо ин маълумот кор пайдо карда наметавонанд. Барои ҳамин баъзе аз онҷо ба гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ мешаванд».
Бино ба мутолеоти анҷомгирифта, баъзе мадрасаҳои исломӣ бо гурӯҳҳои мухталифи сисёсӣ иртибот доранд ва худи ин мадрасаҳо ҳам дорои бахшҳои сиёсӣ мебошанд. Ин мадрасаҳо вобаста ба қавму қабилаи худ ё маҳали худ аз ақидаҳои сиёсӣ пайравӣ мекунанд.
Доктор Дӯстмуҳаммад мухолифи чунин тақсимбандиҳои сиёсӣ дар дини ислом аст ва мегӯяд: “Қуръон илмро ду тақсим намекунад. Донишҳои илмӣ аз Қуръон бармеояд ва он илми ашё аст. Тақозои замон аст, ки ҳама илмҳои муосирро биомӯзӣ, вале дар партави ислом. Ин аст роҳи мувафаққият».
Дар Покистон таҳлилгарон ва коршиносон мегӯянд, ки агар ҳукумати ин кишвар як ҷо бо илмҳои муосир исломро низ таълим диҳад, дар он сурат мумкин аст миллионҳо нафар аз бекорӣ наҷот ёбанд ва ба корҳои созанда сафарбар шаванд. Чунин равиш метавонад ҷавононро аз пайвастан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ё тундгаро дар канор нигоҳ дорад.