СММ Гулмурод Ҳалимовро таҳрим кард

Гулмурод Ҳалимов

Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, ки соли 2015 ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваста буд, таҳрим ҷорӣ кард.

Гулмурод Ҳалимов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки зери таҳримҳои вижаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қарор мегирад.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи 13-уми март шакли такмилшудаи феҳристи таҳримҳояшро нашр кард. Дар ин феҳрист исми афроде нашр шудааст, ки ба созмонҳои террористии ДИИШ ва "Ал-Қоида" робита доранд. Дар миёни афроди таҳримшуда исми Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ низ зикр шудааст.

Ат-Тоҷикӣ низ таҳти таҳрим қарор гирифт

Ба ҷуз Ҳалимов, дар феҳристи афроди мавриди таҳрими Шӯрои амнияти СММ шахсе бо лақаби Ҳасан Ат-Тоҷикӣ низ ворид шудааст. Шӯрои амнияти СММ аз ҳама давлатҳои узви ин созмон тақозо мекунад, ки талаботи онро риоят кунанд.

Ин таҳримҳо тамоми кишварҳои узви СММ-ро вазифадор мекунад, ки аз додани ҳамагуна силоҳу муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ ва ё кумаку омӯзишҳои низомӣ ба шахсони мавриди таҳрим худдорӣ варзанд. Инчунин СММ аз ҳама кишварҳои узв талаб мекунад, ки ҳамагуна суратҳисоб, дороиҳо ва воситаҳои иқтисодии марбут ба шахсони зери таҳрим қарордоштаро таъҷилан мунҷамид кунанд (банданд), то афроди зери таҳрим қарордошта, минбаъд аз он истифода карда натавонанд. Таҳримҳои СММ инчунин кишварҳоро ӯҳдадор мекунад, ки шахсони таҳримшуда аз тариқи қаламрави кишварҳои узв ҳаракат накунанд.

"Иҷрои таҳримҳо ба шиддат назорат мешавад"

Мурод Султонов, мутахассиси иқтисоди ҷаҳонӣ, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии молиявиро дорад, рӯзи 13-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "иҷрои таҳримҳои СММ аз ҷониби кишварҳои узв шадидан назорат мешавад. Дар сурати сарфи назар кардани кишваре аз иҷроиши ин таҳримҳо ва ошкору собит шудани ин ҳодиса, худи он кишвар зери таҳримҳои СММ ва кишварҳои дигари узв қарор мегирад".

Гулмурод Ҳалимов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки зери таҳримҳои вижаи Шӯрои Амнияти Сомони Миллали Муттаҳид қарор мегирад. Ӯ моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016, Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ низ ҳамроҳ бо фарзандонаш аз Тоҷикистон фирор кард. Аммо то ҳанӯз, мавзӯи зинда ва ё мурда будани ӯ аз сӯи мақмот ба пуррагӣ тасдиқ ва ё рад нашудааст.

Гулмурод Ҳалимов: Мурда ё зинда?

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфт, Душанбе дар бораи сарнавишти Ҳалимов иттилое надорад. Русия, ки тирамоҳи соли 2017 дар бораи дар бомбаборони ҳадафҳои ДИИШ дар Сурия кушта шудани Ҳалимов хабар дод, баъдан гуфт, ки ин хабар пурра тасдиқ нашуд.

Ҳенри С.Эшнер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ хабари нерӯҳои низомии Русия дар мавриди кушта шудани Ҳалимовро зери шубҳа қарор дода гуфта буд, “Русҳо бисёр чиз мегӯянд. Мо ҳоло дар мавқее нестем, ки ин хабарро тасдиқ кунем”.