Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: "Зинда ё мурда будани Гулмурод таҳқиқ мешавад"


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН ва ҳоло узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маълум нест. Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилӣ – рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи зинда ё мурда будани Ҳалимов иттилоъ надоранд. “Ин масъала мавриди омӯзиш аст”, - афзуд ӯ.

Ибрози назари вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бораи сарнавишти Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои байналмилалӣ навиштанд, ки ӯ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ, кушта шудааст.

Раҳимзода дар робита ба кушта шудани чаҳор пайванди Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва боздошти се нафари дигарашон гуфт, онҳо қасди рафтан ба Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро доштанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ, инчунин, гуфт, ки давоми шаш моҳи ахир аз Сурия 13 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон баргаштаанд.

Ибрози назари вазири умури дохилии Тоҷикистон дар бораи сарнавишти Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои байналмилалӣ навиштанд, ки ӯ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Мавсили Ироқ, кушта шудааст. Рӯзи 19 июл сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳам дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҷустуҷӯи Гулмурод Ҳалимов идома дорад ва ҷоизаи Иёлоти Муттаҳида барои пайдо намудани ӯ низ пойбарҷост. ИМА Ҳалимовро дар қатори хатарноктарин террористони ҷаҳон шомил карда, барои пайдо кардани ӯ севуним миллион доллар ҷоиза таъин кардааст. Вале бори охир Ҳалимов тирамоҳи соли 2015 зоҳиран аз қаламравҳои зери назари ДИИШ аз худ дарак дода дар як паёми аудиоиаш бори дигар ақидаҳои ин гурӯҳро пуштибонӣ карда буд. ​

Гулмурод Ҳалимов (аз тарафи чап)
Гулмурод Ҳалимов (аз тарафи чап)

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.​

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG