Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон истеъфои подполковник Саидмурод Ҳалимов, корманди Идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ва бародари Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро қабул карданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаи огоҳ аз қазия дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ рӯзи 5 март гуфт, ки истеъфои бародари Гулмурод Ҳалимов охири соли 2017 сурат гирифт.
Саидмурод Ҳалимов дар муддати беш аз 20 сол ҳамчун нозири
Аз лиҳози қонун кори Саидмурод Ҳалимов дар Идораи маҳбасҳо ғайримумкин шуда буд. Чун бар асоси қонун, вақте пайвандони корманди маҳбас зиндонӣ мешавад, ӯ ҳақи кор дар он муассисаро надорад
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кор мекард. Моҳи майи соли 2015 пас аз пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” Саидмурод Ҳалимов аризаи истеъфо навишта буд, вале раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ онро қабул накард.
Он замон мақомот гуфтанд, ки нисбати бародари Гулмурод Ҳалимов ҳеҷ мушкиле надоранд. Як манбаи огоҳ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, истеъфои Ҳалимов дар ҳоле пазируфта шуд, ки охири соли 2017 Додгоҳи олии Тоҷикистон се хеши наздики Гулмурод Ҳалимовро ба мӯҳлати аз 7 то 18 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукми хешовандони Ҳалимов
Комилу Назир Ҳалимовҳо – бародарон ва Алӣ Ҳалимов – бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов баъди содир шудани ҳукм барои иҷрои ҷазо ба маҳбасе интиқол ёфтанд, ки Саидмурод Ҳалимов дар он кор мекард. Таърихи дақиқи содир шудани ҳукм мушаххас нест, чун ҷараёни таҳқиқу мурофиаҳои судии наздикони собиқ раҳбари ОМОНи ВКД Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва дар шароити махфӣ ҷараён гирифт.
Ин се пайванди Гулмурод Ҳалимов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - “зархаридӣ”, яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди “ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ” ва “муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ” зиндонӣ шудаанд.
Мақомот гуфтанд, ки наздикони Ҳалимов аввали моҳи июли соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Восеъ боздошт шуданд. Ба қавли мақомот, ҳафт тан аз пайвандони Ҳалимов талоши фирор ба Афғонистон доштанд ва дар паи як амалиёт, ки се тани онҳо боздошт шуданд, вале дар пайи муқобилият бо пулис чаҳор нафари онҳо - Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов – бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов - бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов - додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шудаанд.
Мушаххас нест, ки то куҷо худи маҳкумшудаҳо гуноҳҳои худро эътироф мекунанд ва мақсади онҳо аз рафтан ба Афғонистон чӣ будааст. Мақомот он вақт гуфтанд, ки хешовандони Ҳалимов мехостанд ба сафи гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар Афғонистон бипайванданд.
"Саидмурод дигар ҳақи кор дар зиндонро надошт..."
Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 5 март гуфт, "аз лиҳози қонун кори Саидмурод Ҳалимов дар Идораи маҳбасҳо ғайримумкин шуда буд. Чун бар асоси қонун, вақте пайвандони корманди маҳбас зиндонӣ мешавад, ӯ ҳақи кор дар он муассисаро надорад". Дар гузашта мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон аз Ҳалимов тавсиф карда, гуфта буданд, ки ӯ масъули посух ба кирдори бародараш-Гулмурод Ҳалимов нест.
Худи ӯ низ дар як изҳороташ соли 2015 зимни маҳкум кардани бародараш гуфта буд, аз чунин шеваи кори додараш дар хиҷолат аст ва намедонад, ки худро аз ин вазъ чӣ гуна халос кунад. Ӯ гуфтааст, дар пайи огоҳ шуданаш аз ин кори бародари худ номаи истеъфояшро ҳам навишт, вале раҳбарияташ гуфтаанд, ҳар кас барои кори худ ҷавоб медиҳад ва ӯ бояд ба фаъолияташ идома бахшад.
Подполковник Ҳалимов он замон дар номаи саркушодае ба унвонии матбуоти Тоҷикистон чунин навишта буд: “Шахсан аз ҳолати ба миёномада худро нороҳат ҳис карда, бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъд аз гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, муовини вазири адлия - Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода маро барои сӯҳбат таклиф намуда, аз гузориши навиштаам ва ҳолати мазкур пурсиданд. Баъд аз сӯҳбати гузаронидашуда, роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд".
Макони будубоши Ҳалимов маълум нест
Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зада, моҳи май дар як навори видеоӣ эълон кард, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста аст. Ҳалимов собиқ афсари баландпояе буд, ки аз Тоҷикистон ба сафи як гурӯҳи ифротгарои ҷангҷӯ пайваст. Дере нагузашта ӯро бархе расонаҳои ғарбӣ “вазири ҷанги” ДИИШ унвон карданд.
Мақомоти ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши полковники собиқ дар ҳаҷми 3 миллион доллар подош эълон карданд. Бо вуҷуди иттилои зиддунақиз дар бораи гӯё кушта шудани ӯ дар бомбаборони нирӯҳои Русия дар Сурия тирамоҳи соли 2017, ҳанӯз на мақомоти тоҷик ва на дигар кишварҳо ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.