Мухолифон ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон бовар накарданд

Акс аз president.tj

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмо гуфт, интихоботи президентии моҳи ноябр «набояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ табдил дода шавад.»
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 7 сентябр дар як ҷамъомади мутантан бахшида ба 22-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи Борбади Душанбе суханронӣ мекард, бо хитоб ба ҳамаи онҳое, ки нияти пешбарӣ кардани номазадии хеш ба симмати президенти Тоҷикистонро доранд, гуфт: «аз онҳое, ки мехоҳанд номзадии худро ба ин чорабинии муҳим пешниҳод намоянд хоҳиш дорам, ки ба ин маърака бо маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти комили ватандорӣ муносибат кунанд.Интихоботи мо на бояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ, балки ба минбари муаррифии барномаҳои комил андешаҳои созанда ва имкониятҳои зеҳнии арзишманд табдил ёбад, ки мардум тавонанд ҳуқуқи конститутсиониашонро озодона ва бо майлу иродаи худ амалӣ кунанд».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихобот



Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дигарбора қавл дод, ки интихобот дар чаҳорҷӯбаи қонун ва шафофофу озод баргузор мешавад ва ин корзори сиёсиро «имтиҳони ниҳоят муҳиме барои демократияи ҷавони Тоҷикистон” номид.» Вай изҳори умедворӣ кард, ки интихобот озоду шафоф баргузор шуда, обрӯи Тоҷикистонро чун як кишвари демократӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд хоҳад бардошт.

Аммо мухолифони давлати Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ба қавли раисиҷумҳур чандон бовар надоранд ва мегӯянд, ҳарчанд раиси ҷумҳур дар гузашта ҳам чунин ваъдаҳо додааст, вале зимни интихобот воқеият дигар будааст.


Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз аъзои фаъоли ин ҳизб дар вокуниш ба суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли 2010 низ раисиҷумҳур айни ваъдаро дода, кафолати шаффофу озод доир кардани интихоботро бар ӯҳда гирифта буд. Вале дар натиҷа мо дидем, ки он интихоботи чи гуна гузашт. Аз ин рӯ, вақте ки раисиҷумҳур имрӯз боз чунин ваъда медиҳад, мо бо назардошти дахолати рӯирости мақомот ба умури интихобот зиёд бовар надорем, ки ин ваъдааш ягон натиҷае бидиҳад. Ин баъид аст.”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон(ҲСДТ), яке дигар аз мухолифони давлат мегӯяд, ба ҷои тавсиядиҳӣ ба номзадҳо ба симмати презедентӣ, беҳтар мебуд, раисҷумҳур азму иродаи сиёсии хешро баҳри озоду демократӣ баргузор кардани интихобот нишон медод: «Мувофиқи мақсад мебуд тибқи салоҳияти хеш президент бо иштироки аҳзоби сиёсӣ, раисони ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо хусусан бо намояндагони ниҳодҳои қудратӣ як машварати корӣ доир кунад. Ин аз самимияти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани интихоботи озоду шафоф ва иродаи сиёсии бештар гувоҳӣ медод, то аз як ваъдаи хушку холӣ.»


Шокирҷон Ҳакимов

Мухолифон мегӯянд, заминаи интихоботи озоду демократиро бояд қонунгузорӣ таҳия кунад, на ваъдаи ин ё он мақом ва аз ҷумла раисиҷумҳури кунунӣ, ки низ яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ва ба ин далел ҷониби манфиатдор аст. Вале, мегӯянд мунтақидони давлат, мақомот тамоми кӯшишҳои аҳзоби мухолиф барои таҳрири қонуни интихоботи президентӣ ва ташкили ниҳодҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсиро, ки метавонист ба решаи тақаллубу тахаллуфҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон теша бизанад, пушти по зад. Дар чунин шароит, ба бовари онҳо, ваъдаи кафолати интихоботи озоду шаффоф ба "алла"-е мемонад, ки ба гӯши кӯдак месароянд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр баргузор мешавад, вале ҳеҷ касе то ҳол аз азми қотеъи худ барои ширкат дар ин интихобот хабар надодааст. Ҳарчанд бисёриҳо бар ин боваранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзади аслии қишри ҳоким дар ин корзор хоҳад шуд, то собиқаи алакай 21-солаи раҳбариаш бар Тоҷикистонро бо касби боз як давраи дигари ҳафтсолаи раёсат ба 28 сол бирасонад.


Аз ин рӯ, дар суханрониаш раисиҷумҳур ҳамчунин аз дастовардҳои истиқлолият низ сухан карда гуфт, давлаташ дар иҷрои се ҳадафи стротегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ - ба муваффақиятҳо ноил гашта, барои ба субут расонидани ин ҳадафҳо боз ҳам талош хоҳад кард.

Дар ҷамъомади бахшида ба солгарди 22-уми истиқлолияти Тоҷикистон вакилони парлумони Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷии дар Душанбе ва намояндагони ҷомеаи кишвар, ҷамъ ду ҳазор нафар ширкат карданд.

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991, вақте фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии вақт дигар яқин шуда буд, Эъломияи истиқлолияташро тасвиб кард. Ба истиснои як соли аввал, ки раҳбарии кишвар дастикам чор дафъа иваз шуд, тайи тамоми муддати боқимонда умури раҳбарии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон дар даст дорад, ки ғолибан барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр низ хоҳад гузошт.


Ҷон Керрӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар паёми вижае аз номи раисиҷумҳур Барак Обама ва мардуми Амрико, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати солигарди 22-юми истиқлолаш табрик гуфтааст. Ҷон Керрӣ дар ин паём навиштааст, "мушорикат байни Тоҷикистону Амрико дар солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт, ки фарогири як силсила масоили барои муштаракоти мо - амният ва суботи минтақа - муҳим мебошад." Ҷон Керрӣ афзудааст, "Ийолоти Муттаҳида ба равобити дарозмуддате, ки ба ҳимоят аз пешрафти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон идома диҳад, ҳамчунон пойбанд аст."