Ю.Попов: "Фурсати сӯҳбати нави Путину Раҳмон расидааст"

Юрий Попов

Мақомоти ҳам Тоҷикистону ҳам Русия умедворанд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба бисёре аз суолҳои ҷамъшуда дар равобити ду кишвар посух хоҳад дод.
Юрий Попов гуфт, дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав сафҳаи наве родар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия боз мекунад. Юрий Попов рӯзи 31 июл дар посух ба суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидори якбаяки вай бо Владимир Путин интизороти зиёд дорам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Умедвории сафири Русия аз мулоқоти Путин бо Раҳмон



Сафири Русия афзуд, ки шоми имрӯз мулоқоти якбаяки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва ҳамеша ин гуна мулоқотҳои ғайрирасмӣ барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба судманд хоҳанд буд. Ба таъкиди ҷаноби Попов, "дар ин мулоқотҳо, ки шоми имрӯз ва фардо, 1 август доир мешаванд, асосан иҷрои созишномаҳое, ки дар сафари моҳи октябри соли гузаштаи Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ мешаванд ва мо танҳо натиҷаи мусбатро интизорем."

Сафири Русия дар Тоҷикистон муносиботи ҳар ду кишварро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, умед аст, ки ин муносибот ба дунболи дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафири Русия дар бораи дидори Раҳмон бо Путин



Юрий Попов ин сӯҳбатҳоро дар ҳошияи маросими тақдими медалҳои таърихии ҷанги соли 1812-и Русияву Фаронса ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон баён кард. Ин дуввумин медале аст, ки аз номи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон тақдим мегардад. Қаблан дар моҳи апрел чунин медал ба Эмомалӣ Раҳмон низ тақдим шуда буд.

Умедвории сафорати Тоҷикистон



Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, кирӯзи 31 июл аз фурудгоҳи Внуковои Маскав бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, низ изҳори умед кард, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин ҳама масоили ҷамъшуда дар равобити ду кишвар роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Оқои Эгамзод гуфт, як интизори "хуб"-и онҳо ин аст, ки дар ин мулоқот, ки бо даъвати Путин дар бӯстонсарои Ново-Огарёво доир мешавад, равобити ду шарики стратегӣ ба як сатҳу мақоми нави, ба таъбири Эгамзод, "шоистаи мақоми шарикии стратегии ду кишвар" бароварда хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

М.Эгамзод: Масоили ҷамъшуда ҳалл мешавад


Сухангӯи сафорати Тоҷикистон пиромуни рӯзномаи мушаххаси ин дидор изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, дар мулоқот тамоми масоили марбут ба равобити ду кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Муҳаммади Эгамзод гуфт, ҳайъати Тоҷикистон рӯзи 1 август, баъди дидори ду президент ба Душанбе бар хоҳад гашт. Ӯ афзуд, азбаски ин сафари кории кӯтоҳмуддат аст, мулоқотҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо намояндагони ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик пешбинӣ нашудааст.

Ба назари шахсии Эгамзод, ин дидор бояд "андешаҳои ботил дар бораи бад будани равобити Тоҷикистону Русия ва дурнамои манфии ин равобитро барҳам бизанад."


Сафари Раҳмон ба Маскав


Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 июл бо як сафари корӣ ба Русия рафт. Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мушовираш дар масоили байналмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони дифоъ, рушди иқтисод ва энерживу саноат Шералӣ Хайруллоев, Шариф Раҳимзода ва Шералӣ Гул, муовини аввали вазири хориҷа Маҳмудҷон Собиров, раҳбари Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва мақомоти дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳайъати Тоҷикистон ин дафъа вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ нест. Сухангӯи вазорат Абулфайз Атоев дар посух ба суоли Озодӣ дар ин бора гуфт, оқои Зарифӣ бояд дар расми қабули бинои нави вазорати хориҷа аз сӯи куммиссиюни давлатӣ ширкат кунад ва ба ҳамин далел ба Маскав нарафтааст.

Хабари сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рӯзи 26 июл, дар пайи сӯҳбати телефонии ӯ бо Путин нашр шуд. Дар пайи он сӯҳбат сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд."

Бино ба ин манбаъ, Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки "барои баррасии муфассалтари мавзӯъоти зикргардида сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд."

Қабл аз интихобот

Сафари Раҳмон ба Русия ва дидораш бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки то интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ се моҳи дигар фурсат боқӣ мондааст. Дар маҳофил ҳадс мезананд, ки ғолибан як ҳадафи аслии ин сафар таъйиди номзадии оқои Раҳмон барои боз як давраи нави ҳафтсолаи раҳбарӣ бар Тоҷикистон аз ҷониби Кремл бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак 21 сол боз бар Тоҷикистон ҳукумат меронад, то ҳол расман аз азмаш барои ширкат дар интихоботи моҳи ноябр дарак надодааст.

Ва он ҳам дар ҳолест ки ҳалақоти раҳбарии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳанӯз як сол қабл ба таври ғайрирасмӣ эълон карда буданд, ки ин ҳизб дар интихоботи соли 2013 низ боз ҳам Эмомалӣ Раҳмонро номзад хоҳад кард. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва нуфузи умдаи Русия дар таъйини сиёсат дар Тоҷикистон мегӯянд, чунин тӯл кашидани эълони расмии пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба ин бастагӣ дорад, ки Душанбе то ҳол барои тамдиди замони раёсати ӯ “ок”-и собити Кремлро ба даст наовардааст.

Мақомоти Русия, ки дунболи бароварда сохтани хостҳои худ дар Тоҷикистон мегарданд, дар ин авохир ба раҳбарони кунунии Тоҷикистон рӯи марҳамати зиёд нишон намедоданд, балки бо баъзе “реверанс”-у меҳрубониҳо дар қиболи бархе раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи давлати Раҳмон ва афзоиши сафарҳои намояндагони мухолифин ба Маскав гӯё аломат медоданд, ки Кремл дар Тоҷикистон рӯи алтернативаҳои дигар низ фикр мекунад.


Дидори қаблии Путин аз Душанбе. 5 октябри соли 2012

Чунин ҳолат Душанберо сахт асабонӣ мекард ва ба бовари бисёриҳо, танишҳои мавҷуда дар равобити ин ду шарики стратегӣ низ бештар аз ҳамин сӯъитафоҳуми пешомада дар масъалаи интихоботи моҳи ноябр маншаъ мегирад. Як масъалаи калидӣ, албатта, сарнавишти пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия аст. Тоҷикистону Русия ҳанӯз дар таърихи 5 октябри соли гузашта ба созишномае имзо карданд, ки замони ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 тамдид ва воҳидҳои низомиашро аз ҳар навъ масъулияти пардохти пули иҷора озод мекунад. Вале бо онки раванди тасвиби ин паймон дар Русия алакай се моҳ пеш такмил шуда буд, ҷониби Тоҷикистон то ҳол ба ин раванд ҳатто шурӯъ накардааст.

Дар Душанбе мегӯянд, ки Русия дар ивази тамдид замони ҳузури пойгоҳ сабукиҳое барои муҳоҷирони тоҷик ва ҳам лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро ваъда карда буд ва Тоҷикистон мехоҳад ки ин созишҳо ба сурати маҷмӯъӣ тасвиб шаванд. Вале дар ҳоле ки ин ду созишномаи изофӣ байни ду кишвар моҳи феврали соли равон дар Маскав ба имзо расид, ҷониби Русия то имрӯз барои тасвиб ва иҷроӣ кардани онҳо талоше накардааст ва бо онки алакай 7 моҳ аз соли 2013 сипарӣ мешавад, ваъдаи ба Тоҷикистон бидуни боҷи гумрукӣ фурӯхтани 1 миллион тонна бензину солярка, ки дар созишнома зикр шудааст, зоҳиран дар ҳаво мемонад.

Аммо боз ҳам, ба бовари маҳофил, решаи мушкилоти байни Тоҷикистону Русия, ки дар паймонҳои байнидавлатӣ ҳамчун ду шарики стратегӣ таъриф мешаванд, сиёсист ва бармегардад ба мавзӯъи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, балки дақиқтараш рӯи ин масъала ки оё Кремл дар ин корзор мушаххасан рӯи кадоме аз номзадҳо ангушт хоҳад гузошт?

Сафари қаблии Владимир Путин ба Душанбе, ки рӯзи 5 октябри соли 2012, дуруст дар зодрӯзи шастуми Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ уфтод, бо вуҷуди имзо шудани созишномаи пойгоҳи 201 ба ин масъалаи барои ҳокимони кунунии Тоҷикистон ҳаётан муҳим нуқтаи таммат гузошта натавонист. Дидори онҳо дар ҳошияи як нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои пасошӯравӣ дар Бишкек дар поёни моҳи май низ ин мавзӯъро нимкора боқӣ гузошт.

Ва акнун тамоми дидаҳо ба сӯи Маскав дӯхта шудаанд, ки оё дар мулоқоти рӯзи 1 августи Путину Раҳмон сарнавишти интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ ва муҳимтар аз ҳама, оё ҳалл хоҳад шуд? Ва агар ҳа, таҳти чӣ шароите?