Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Крупнов: "Робитаи Путин бо Раҳмон бисёр наздик аст"


Юрий Крупнов.
Юрий Крупнов.

Як пажӯҳишгари рус ин иддаоро, ки элитаи сиёсии Русия дигар аз раисиҷумҳури Тоҷикистон пуштибонӣ наменамояд, нодуруст хонд.

Юрий Крупнов, роҳбари "Ҷунбиши рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна», дар як ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон изҳори назари Андрей Грозин, роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар умури Осиёи Марказиро, ки мегӯяд, элитаи сиёсии Русия дигар аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят нахоҳад кард, нодуруст шуморид.

Юрий Крупнов, роҳбари "Ҷунбиши рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» рӯзи 5-уми июл дар як ҳамоиш, ки таҳти унвони «Стратегияи рушди Тоҷикистон» идома дорад, дар робита ба изҳори назари Андрей Грозин, роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар умури Осиёи Марказӣ гуфт, ки Владимир Путин ва доираҳои ҳукумати Русия аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ ва ҳамкории бисёр наздик доранд.

Юрий Крупнов аз ҷумла гуфтааст: «Ин назари як нафар аст, ки ба кулли Русия иртибот надорад, робитаи ҳукуматҳои ду кишвар бисёр фаъол аст ва хусусан робитаи Путин бо Раҳмон бисёр наздик аст. Ин, ки Грозин иддао кардааст, ки миёни ду кишвар арзиши ҳамшарикии сиёсӣ боқӣ намондааст, комилан нодуруст аст.»

Андрей Грозин, роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар умури Осиёи Марказӣ дар суҳбат бо расонаҳои Русия, аз ҷумла бо хабаргузории REX гуфтааст, ки бо мурури вақт дар Русия доираҳои баландмақоми сиёсии ин кишвар дарк кардаанд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон суботи ҳамаҷонибаи минтақаро наметавонад таъмин кунад ва дар доихили кишвар низ бо ҳамаи минтақаҳо муносибати ягона надорад.

Вай гуфтааст, ки сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон ба созишномаи шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо хоҳад гузошт ё на, ин кишвар барои Русия ҳамшарики мавриди эътимод нахоҳад буд. Юрий Крупнов, роҳбари "Ҷунбиши рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» дар ҳамоиши душанбе ин ҳама иддаои Андрей Грозинро рад кард ва ҳарфҳои «беҳуда» хонд.

Субҳи имрӯз, ҷумъаи 5-уми июл дар шаҳри Душанбе нишасте дар мавзӯи "Мушкилоти рушди муштараки авруосиёи Тоҷикистон ва Русия" оғоз ба кор кард.Дар ин нишаст Юрий Крупнов, роҳбари "Ҷунбиши рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна», Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва ҳайатҳои иборат аз масъулин ва коршиносони ду кишвар ширкат доранд.

Андрей Захватов, шореҳи сиёсӣ ва аз дастандаркорони ин нишаст рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ҷараёни ин нишаст Стратегияи рушди Тоҷикистон мавсум ба "Шери Авруосиё" ба унвони барномаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад."

Захватов мегӯяд, "Дурнамои эҳё ва рушди минтақаи ҷануби Тоҷикистон" аз мавзуоти меҳварии нишаст аст, ки ба манзури баррасии муҳимтарин масоили ҳамкориҳои феълии Тоҷикистон ва Русия масъулону коршиносони варзида аз ҳар ду ду кишвар даъват шудаанд. Ин саввумин нишасти мавсум ба "Нақшаи Крпунов" дар муддати ду моҳи ахир дар Душанбе аст.

Дар ду нишасти қаблӣ дар баробари баҳси ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рушди АвроОсиё, шеваҳои ҳамкорӣ бо Русия, албоми «Лоиҳаҳои стратегиии сармоягузорӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ», ё ба истилоҳ марҳалаи дуввуми «Нақшаи Крупнов» низ муаррифӣ гардид, ки ин албом аз сӯи гурӯҳи сармоягузории Русия таҳия шудааст.

Тарҳи пуриддаои миллиардҳо доллар сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта эълон шуд. Юрий Крупнов, роҳбари ҳаракати ҷамъиятии байналмилалии «Рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» гуфта буд, ки мувофиқи ин тарҳ, Русия бояд то соли 2030 ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадди ақал 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад: «Тибқи ин лоиҳа барои рушди минтақаи Осиёи Миёна, бояд «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» созмон дода шавад. Қароргоҳи асосии минтақавии ин корпоратсия бояд дар шаҳри Душанбе ҷой дода шавад, чунки ба назари мо, Тоҷикистон муҳимтарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Крупнов, аксарияти ин сармояҳо бояд ба арсаи обу энержӣ ва бунёди зербино равона шавад. Аммо моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Русия тавассути Хадамоти мубориза бо маводи мухаддираш ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъмини рушди иқтисодии кишварҳои минтақа Корпоратсияи рушди Осиёи Миёнаро таъсис дод, ки сандуқи сармояҳояш ҳамагӣ 2 миллиард рубл, ё ҳудуди 70 миллион долларро дар бар мегирад. Яъне хеле камтар аз он миллиардҳое, ки “Плани Крупнов” дошт.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG