Кашокашҳои ахир дар Украина ва ҳалокати одамон дар Киев вокунишҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор оварданд.
Маҳдии Собир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳаводиси ахири Украина нишонаи он аст, ки кишварҳои абарқудрат қодиранд, вазъро дар давлатҳои хурду миёна ба ҳам зананд ва онҳоро бо таҳдиди ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ кунанд. Ӯ мегӯяд, «дар паси ин ҳодисаҳо кишварҳои Ғарбу Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷониби дигар давлати Русия меистад, ки мехоҳанд манфиатҳои худро дар ин кишвар дошта бошанд. Дар ин ҳолат мардуми Украина бояд пеш аз ҳама таҳаммулпазир бошанд.»
Аммо намояндагони аҳзобу гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ақидаи “дасти беруна”-ро дар рӯйдодҳои Украина рад мекунанд. Сайидумари Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон мегӯяд, сабаби аслии хунрезӣ дар Украина беэҳтиромӣ ба хостҳои бахши умдаи аҳолии ин кишвар аст: «Ҳукуматҳо набояд гумон кунанд, ки дар пушти мо абарқудратҳо ҳастанд ва мо бо истифода аз зурӣ метавонем пирӯз шавем. Аз сӯи дигар то пирӯз мешавӣ, нисфи мамлакати худро хароб мекунӣ,мисли Сурия. Ин дунё аслан ҳаққи мардум аст ва ҳокимон низ аз ҷониби худи мардум интихоб шудаанд ва бояд дар хидмати онҳо бошанд. Бояд аз пайравӣ ба абарқудратҳо даст кашид ва дунболи мардуми худ рафт.»
Аз нигоҳи ҷаноби Ҳусайнӣ, ҳукумати Украина набояд бар алайҳи хостҳову ниёзҳои мардуми худ амал мекард. Аммо ба андешаи Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, вазъ дар Украина замоне ба хушунат печид, ки Русия мудохила намуд. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, маҳз баъд аз мулоқоти Путин бо Янукович дар моҳи ноябр вазъ дар Украина ранги дигар гирифт.
Дар ин ҳолат, ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо , агар Янукович истеъфо медод, ҳеҷ гуна хунрезӣ сар намезад: «Бубинед, дар Ҷопону Корея ва бархе дигар кишварҳо ҳатто дар сурати камтарин норозигии мардум ҳукумат ба истеъфо меравад. Ҳатто агар ҳақ бошанд ҳам, ба хотири хунрезӣ нашудан ва суботро ба ҳам назадан аз ҳукумат канор мераванд. Вале дар Украина барои як Янукович чӣ қадар одамҳо нобуд шуданд ва хисороти зиёди моливу ҷонӣ шуда истодааст. Агар Янукович заррае ватандӯст мешуд, мегуфт, агар бо истеъфои ман қаноатманд шавед, ман рафтам. Аммо афсӯс, ки ин амал нашуд.»
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз он ки эътирозгарон аз сӯи ҳукумати Украина саркӯб мешаванд, барои бархе аз кишварҳое, ки демократӣ нестанд, хушоянд аст, зеро онҳо метарсанд, ки чунин ҳодисаҳо барои ин давлатҳо намуна мешаванд. Аммо Бобоназарова низ бар ин аст, ки дар сиёсат бо зуриву аслиҳа наметавон ҳама масъаларо ҳал кард ва беҳтарин роҳ барои тарафҳо созиши байниҳамист.
Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, яке аз дигар аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон сабабгори асосии даргирии ду ҷониб дар Украинаро тақсири ду тараф медонад, ки садои ҳамдигарро намешунаванд. Вай меафзояд, Янукович ҷонибдори муносибатҳои ҳарчи зичтар бо Русия аст ва дар муқобили ӯ шаҳрвандоне истодаанд, ки мехоҳанд, кишварашон ба Аврупо пайванданд: «Дар ин миён Янукович нахост, ки электорати худро аз даст бидиҳад ва ба ин хотир ҷони даҳҳо нафар шаҳрвандони Украинаро аз даст доданд. Янукович агар масъулиятро эҳсос мекард ва ба интихоботи пеш аз мӯҳлат розӣ мешуд, шояд ҳокимиятро аз даст медод, аммо талафоти ҷониро ба бор намеовард. Агар аз тарафи ҷонибҳо гузашт сурат бигирад, шояд якпорчагии кишвар зери суол қарор нагирад. Аммо ҳоло тавре ба назар мерасад, тарафҳо барои гузашт омода нестанд.»
Вале аз нигоҳи Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, решаҳои нооромии Украина аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар об мехӯранд. Ӯ мегӯяд, вуҷуди бекорӣ, омилҳои коррупсионӣ ва ноадолатиҳо дар ин кишвар боис шуд, ки мардум ба шӯр оянд ва аз дунболи онҳое биравад, ки метавонанд Украинаро ба ҳолати парокандагӣ бирасонанд. Ҷаноби Талбаков мегӯяд, «бояд аз ин пештар, ҳукумат барои мардум ҷои кор фароҳам мекард, фасодро аз байн мебурд ва дар сиёсати кадрӣ адолат мекард ва шояд ба ин рӯз намерасид. Аммо ба ҳар сурат ҳоло бояд ҷонибҳо сари мизи гуфтушунид нишинанд, зеро агар вазъият чунин давом кунад, эҳтимоли сар задани ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд дорад.»
Дар ҳоле ки вазъи Украина таваҷҷуҳи бахши умдаи ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ кашидааст, мақомоти расмии ин кишвар дар бораи рӯйдодҳои яке аз шарикони худ дар паҳнои пасошӯравӣ сукут ихтиёр кардаанд. Ҳарчанд чанде дигар аз кишварҳои дигари ин паҳно аз хунрезӣ дар Украина изҳорир нигаронӣ намуда, тарафҳоро ба қатъи хушунат даъват кардаанд.