Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПАХШИ ЗИНДА: Рӯёрӯӣ дар Киев имрӯз ҳам идома дорад


Рӯёрӯӣ байни эътирозгарон ва нирӯҳоли пулис дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев рӯзи 20 феврал низ идома дорад.

Гузоришҳои расида аз пойтахти Украина ҳокист ки рӯзи 19 феврал низ рӯёрӯӣ байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дар майдони Истиқлол дар маркази Киев идома дорад. Ин дар пайи даргириҳои хунини рӯзи 18 феврал ва шаби 19-уми феврал аст, ки ба гуфтаи мақомот, дастикам 25 кушта ба ҷо гузошт. Вазорати умури дохилаи Украина хабар дод, ки бо ҳалокати боз як афсари захмӣ шумори афсарони кушташудаи пулис дар ин даргириҳо ба 10 нафар расид. Як журналисти маҳаллӣ низ дар ин рӯёрӯиҳо ҷон бохтааст.

Намояндагони ҳам пулис ва ҳам мухолифин мегӯянд, аксари қурбониҳо бо тир кушта шудаанд. Аммо рӯзи чоршанбе шиддати даргириҳо баъд аз мутаваққиф шудани амалиёти нирӯҳои пулис бо ҳадафи зери назорат овардани майдони Истиқлол - маркази эътирозҳои 3 моҳи охир- коҳиш ёфтааст. Ҳукумати Украина мегӯяд, ҳадафи даргириҳои рӯзи 18 феврал бо роҳи зӯроварӣ ба даст овардани қудрат буд. Раҳбарони мухолифин ба навбаи худ раисиҷумҳур Виктор Януковичро дар ин хушунатҳо айбдор мекунанд. Музокироти шабонаи Янукович бо раҳбарони мухолифин бидуни кадом натиҷае поён ёфт.

Аврупо Януковичро аз таҳримот ҳушдор медиҳад

Раҳбарони Аврупо мақомоти Украинаро аз эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримоти байналмилалӣ дар пайи саркӯби эътирозгарон ҳушдор додаанд.

Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт раисиҷумҳури Украина Виктор Януковичро дар хунрезиҳо айбдор кард ва гуфт, "дастони Янукович дар хун олуда шудаанд." Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер гуфт, баъди ин саркӯбиҳо Олмон ва 27 шарикаш дар Иттиҳодияи Аврупо метавонанд мавқеъи худдории қаблии ин созмон аз ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи афроди алоҳида дар мақомоти Украинаро бозбинӣ кунанд. Вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус гуфт, Фаронса мавзӯъи иқдом дар мавриди Украина, аз ҷумла "эҳтимол"-и ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи афроди алоҳидаро бо Олмон машварат хоҳад кард. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ҳам гуфтааст, ки рӯзи 19 феврал масъалаи таҳримот алайҳи Украинаро бо сарони дигари Аврупо дар миён мегузорад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи 19 феврал аз мухолифини Украина даъват кард, ки "хунрезӣ"-ро билофосила қатъ карда, пушти мизи музокирот баргарданд.

25 кушта дар Киев

Бар асари бархӯрдҳо миёни эътирозгарон ва кормандони милиса дар шаҳри Киев 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе вазорати ҳифзи сиҳати Украина хабар дод. Гуфта мешавад, ки ҳашт нафар, аз ҷумла, хабарнигори нашрияи украинии “Вести” Вячеслав Веремий, дар бемористон, чаҳор каси дигар дар бемористони вазорати умури дохилӣ аз олам даргузаштанд. 13 фавтидаи дигар барои ташхис ба Бюрои клиникии ташхиси додгоҳиву тиббӣ оварда шуданд.

Дар вазорати ҳифзи сиҳат ҳамчунин хабар доданд, ки то субҳи рӯзи 19 феврал беш аз 350 нафар аз осебдидагон дар ҳаводиси Киев барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат карданд, 240 тани онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Вазорати умури дохилии Украина теъдоди кушташудагонро 9 нафар ҳисоб кардааст.

Фаъолони мухолифин ба нашрияи “Украинская правда” гуфтаанд, ки теъдоди осебдидагон хело бештар аз арқоми расмист, зеро бисёриҳо аз тарси таъқиб ба бемористон муроҷиат накардаанд.

Аммо раҳбарони Аврупо ҳушдор додаанд, ки дар пайи даргириҳои пурқурбонӣ байни пулис ва эътирозгарон метавонанд масъалаи ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Украинаро баррасх кунанд. Сарвазири Лаҳистон (Полша) Доналд Туск ба порлумони кишвараш гуфт, ӯ рӯзи чоршанбе бо сарони давлатҳои Аврупо мавзӯъи ҷорӣ кардани таҳримот ба зидди Киевро дар миён хоҳад гузошт.


Янукович мухолифинро барои хушунатҳо айбдор кард

Дар ҳоле ки нирӯҳои давлат ба ҳуҷуми тоза алайҳи майдони аслии эътирозҳо дар Киев оғоз карданд, президенти Украина аз раҳбарони мухолифин даъват кардааст, ки аз "тундравҳо" фосила бигиранд. Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович аз раҳбарони мухолифин хостааст, ки худро аз "тундравҳо" ҷудо кунанд. Янукович баъд аз ноком шудани музокироти субҳи чоршанбе бо раҳбарони мухолифин чунин даъват кардааст. Ӯ раҳбарони мухолифинро ба бурузи хушунатҳо дар пойтахт, шаҳри Киев айбдор кард. Бино ба гузоришҳо, дар даргириҳои ахир байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дастикам 25 нафар кушта шудаанд. Аммо Янукович гуфтааст, "барои хатми низоъ ҳанӯз ҳам дер нашудааст."

Мақомоти Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо хушунатҳо дар Украинаро маҳкум карда, аз Янукович хостаанд, ҳадди аксари хештандориро нишон диҳад.

Эътирозҳо дар Украина се моҳ боз идома доранд ва эътирозгарон майдони Истиқлол дар маркази Киев ва чандин биноро бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Янукович дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд.

Пулиси Украина мегӯяд, дар бархӯрдҳои байни нерӯҳои интизомӣ ва эътирозкунандагон дастикам 18 нафар, аз ҷумла 7 корманди полис кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Вазъи ҳудудан 30 захмӣ сангин арзёбӣ мешавад.

Бино бар хабарҳо эътирозгарон, ки чанд рӯз пеш дар посух ба қонуни афв биноҳои давлатиро тарк карда буданд, дубора шаҳрдории Киевро ишғол намуданд.

Бахши украинии Радиои Озодӣ ба хотири пайгирии ҳаводиси имрӯза дар маркази Киев ду камера гузошта буд. Дар ин лаҳзаҳо танҳои камераи дувуми Озодӣ кор мекунад. Шумо метавонед ҷараёни ҳаводисро аз тариқи ин нишонӣ дар Интернет тамошо кунед:




Таҳаввулоти рӯзи 18 феврал

Намояндагони ҳизби ҳокими президент Виктор Янукович мегӯянд, дар дафтари ин ҳизб дар Киев як нафар кушта шудааст. Ду мошини боркаши нерӯҳои полис сӯзонда шуд. Норозиён ба дафтари ҳизби ҳокими президент Янукович ворид шуданд ва онро торумор карданд. Дар айни замон вазорати умури дохила аз ҷароҳат бардоштани 7 афсари пулис хабар дод.

Ҷасади тазоҳуркунандагон дар кӯчаи Институтский
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00


Гирдиҳамоии норозиёни украин дар назди бинои порлумони ин кишвар дароз набуд ва ҳамагӣ ним соат давом кард, аммо ҳаракати ҳазорон нафар ба самти хиёбони рӯбарӯи порлумон задухӯрдҳоеро ба миён овард, ки дар сархатти ахбори ҷаҳон бозтоб ёфтанд. Хабаргузориҳо мегӯянд, ин сахттарин бархӯрди тазоҳуркунандагон ва полиси Украина дар чанд ҳафтаи охир буд.

Табибони тарафдори мухолифин ва як вакили парлумон аз ҳизби мухолифи "Баткившина" мегӯянд, дар даргириҳои рӯзи сешанбе бо нирӯҳои пулис дастикам 3 эътирозгар кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шудаанд ва вазъи бархе аз захмиҳо сангин аст. Ин хабар ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Полис аз тирҳои резинӣ, мошинҳои обпош ва таркишҳои тарсонанда истифода кард. Норозиён ба сӯи мошинҳои полис санг ва шишаҳои бензини оташгирифта партофтанд. Вазорати хориҷаи Русия дар шиддати ахири танишҳо сиёсатмадорони ғарбиро айбдор кардааст.

Вазъ замоне баҳам хӯрд, ки ҳазорон нафар аз норозиён сангари полисро дар кунҷи кӯчаи Грушевский ва тангкӯчаи Крепостной бартараф карда, аз он гузаштанд ва бо раҳпаймоӣ ба назди бинои порлумони ин кишвар расиданд.

Хабари наздик шудани издиҳом вакилони маҷлисро водор намуд, ҷаласаро қатъ кунанд ва талабҳои ислоҳталабонаи мухолифонро аз рӯзномаи кори худ берун намоянд.

Дар тазоҳуроти нимсоатаи пеши бинои порлумон раҳбари мухолифон Виталӣ Кличко аз Янукович даъват кард, дар кишвар интихоботи зудҳангоми президентӣ ва порлумонӣ баргузор намояд: "Ман ба президенти Украина муроҷиат мекунам, ки масъулияти ҳамаи инро дар зимма дорад ва соҳиби қудрат дар ин кишвар аст. Ман мӯътақидам, ки фақат вай метавонад, ин мушкилро ҳал кунад. Барои ҳамин ба ӯ муроҷиат мекунам. Ҳамчун як давлатмарди бомасъулият, ҳамчун президенти Украина вай бояд интихоботи зудҳангоми президентӣ ва порлумониро эълон кунад. Ман мӯътақидам, ин кор ҳароратро дар ҷомеа пасттар мекунад. Ин роҳе барои баромадан аз бунбаст аст. Ин қарори ҷасурона хоҳад буд. Ҳамзамон ман аз президент даъват мекунам, полиси зиддиошӯб ва нерӯҳои дохилиро аз кӯчаҳо ғундорад.”

Ин дар ҳолест, ки пас аз задухӯрд дар назди бинои порлумон нерӯҳои махсуси "Беркут" ба ин ҷо ирсол ва бо қувваҳои полис пайваст шуданд.

Норозигиҳо аз сиёсатҳои Янукович дар моҳи ноябри соли гузашта, замоне ба тазоҳуроти густарда табдил ёфтанд, ки вай аз имзо кардани созишномаи ҳамгироӣ бо Итиҳоди Аврупо даст кашид ва майли бештар ба Русия нишон дод.

Пархошҳои рӯзи сешанбе чанд рӯз баъд аз он ба амал омаданд, ки норозиён бино бар қонуни афв биноҳои ҳукуматиро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG