Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина миёни Русия ва Ғарб. ВИДЕО


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бори дигар Ғарбро аз дахолат ба бӯҳрони сиёсии Украина ҳушдор дод.

Сергей Лавров, ки рӯзи ҷумъа,14-уми феврал дар конфронси матбуотӣ бо вазири хориҷии Олмон Франк Волтер Штеинмер сӯҳбат мекард гуфт, шаҳрвандони Украина бояд имкон дошта бошанд, ки масъаларо худашон ҳаллу фасл кунанд: “Мавқеи мо хеле рӯшан аст. Мо ҷонибдори онем, ки роҳи берунрафт аз бӯҳронро худи украиниҳо пайдо кунанд. Ин ҷавобгӯи манофеи мардуми Украина аст ва сари ин ҳисоб мекунем, ки шарикони дигари Украина низ аз ҳамин принсип кор бигиранд”

Моҳи ноябри соли гузашта раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ба таври ғайриинтизор ва эҳтимолан бо фишори Русия аз созиши ҳамкории наздик бо Иттиҳоди Аврпуо даст кашид. Ин тасими Янукович мавҷи тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳамкории Украин бо Аврпуоро ба бор овард ва роҳро барои бӯҳрони сиёсии феълӣ ҳамвор кард.

Лавров рӯзи 14-уми феврал дар нашасти матбуотӣ бо вазири хориҷии Омон, ки сафареро дар Русия анҷом медиҳад, гуфт Иттиҳоди Аврупо бо фишори имзои созишнома бар сари Киев аз пайи эҷоди “минтақаи нуфуз” мегардад: “Ман бо Франк Волтер, комилан мувофиқам, ки ҳеҷ гуна минтақаҳои нуфуз бояд вуҷуд надошта бошад. Аммо ба тараф кашидани Украина ва таъкид кардан, ки ё инро бигир ё онро – ё бо Иттиҳоди Аврпуо бош ё бо Русия. Инҳо ҳама возеҳ ҳастанд ва ҳеҷ гуна суханҳои зебо наметавонад онро пӯшонад.”


Ҳаёт дар Евромайдон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00


Намояндаи Аврупо дар умури густариши Иттиҳод Стефат Фюл ҳафтаи равон ба Киев баргашт ва аз ҳарду ҷониб даъват кард, ба ислоҳоти қонуни асосӣ, ки салоҳияти президентро коҳиш, вале ҳуқуқи парлумонро афзоиш медиҳад, розӣ шаванд. Ӯ ҳамчунин мақомотро аз зӯроварӣ алайҳи тазоҳургарон ҳушдор дод.
Дар навбати худ вазири умури хориҷии Олмон Штеинмейер тасдиқ кард, ки дар байни Русия ва Ғарб “як гуна рақобат” вуҷуд дорад. Аммо ӯ ҳамзамон гуфт, ҳузури Украина дар бозиҳои шоҳмоти геополитикӣ барои рушди ояндаи Руссия ва Иттиҳоди Аврпуо созанда нест.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳоле ҷараён гирифтанд, ки рӯзи гузашта нашрияи “Коммерсант” навишт, ки Русия ва Иттиҳоди Аврупо бар сари Украина ба “нуқтаи ҳақиқат расидаанд”. Дар зимн, қарор аст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон бо раҳбарони мухолифини Украина Кличко ва Ятсенюк рӯзи сешанбеи оянда дар Берлин мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG